logo

иҷтимоиёт

ОСЕБДИДАГОНИ ЛАХШ: "АЗ ҒАМХОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ СИПОСГУЗОРЕМ"

22 апрел бар асари омадани сел дар деҳаи Шилбилӣ  5 манзили истиқоматӣ ва дар натиҷаи зилзилаи шадид дар ноҳия 3 -  5 майи соли равон 28 манзили истиқоматӣ  қисман ва 9 манзил пурра хароб гаштанд.  Ҳанӯз аз рух додани офатҳои табиӣ ва  хисороти  расида  дере нагузашта  бо дастури Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осебдидагони офати табиӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтанд.
-  Имрӯзҳо ба зарардидагон аз ҷониби Ҳукумати кишвар кумакҳои моддӣ  аз  қабили хӯрокворӣ – орд, равған, шакар, биринҷу маҳсулоти дигари ғизоӣ,  масолеҳи сохтмонӣ -  230 тонна семент,  253  метри мукааб  тахта,  арматура, дару тиреза  ва  масолеҳи чӯбӣ    барои сохтмони манзилҳои нави  зист ба зарардидагон  дастрас   шуд. Аллакай бисёре аз осебдидагони офати табиӣ дар ноҳия таҳкурсии хонаҳои худро сохтаанд ва бунёди қисматҳои дигари манзилҳо бо маром идома дорад.  Мардуми ноҳияи Лахш аз  дастгириҳои саривақтию ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузоранд ва шукронаи онро доранд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар чунин рӯзҳои вазнин дар паҳлуи онҳо буд, - изҳор дошт Қутбиддин Муродов, сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия. 
Оқибатҳои  офати табиӣ  бо саъю талоши роҳбарияти ноҳия сари вақт бартараф гардида, бунёди роҳу кӯпрукҳо ва муассисаҳои таълимии харобгашта аз ҷониби масъулон пешбинӣ гардидааст. Бошандагони ноҳия  кумакҳои давлату Ҳукумати мамлакатро ба осебдидагон  нишони сиёсати хирадмандона   арзёбӣ  намуда, барои амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободонии Ватани хеш саъю талоши бештар менамоянд.  Онҳо бовар доранд, ки бо меҳнати софдилона дар фурсати кӯтоҳ  манзилҳои нави ободу зебо ҷойи иншооти харобгаштаро мегиранд. «Аз чунин ғамхориҳои Пешвои миллат сипосгузорем», - мегӯянд осебдидагони Лахш.  
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2017    №: 145    Мутолиа карданд: 108
26.07.2017


ДУШАНБЕ. Афзалият ба саноат

Буриши ғайриқонунии дарахтон кам гардид

Мақсад - боло бурдани сатҳи зиндагӣ

Маҳсули гармхонаҳо афзуд

25.07.2017


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ ва Квон Ён У

Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба матраҳ гашт

Роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қароқум боз шуд

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ. Наздики 900 ҷиноят ошкор шуд

Қарзи истифодабарандагони об ба 95,5 миллион сомонӣ расид

ИСТАРАВШАН. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

РОҒУН. Афзалият ба маориф

Қарзи бонкҳо 34 дарсад коҳиш ёфт

24.07.2017


Ҷоришавии низоми пардохти электронӣ

Иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии махсуси СММ

Баррасии сатҳи хизматрасонӣ

Таъсиси Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА

Парвандаҳои иқтисодӣ нисбат ба соли гузашта зиёд шудаанд

Ш. Орумбекзода: "Дар соҳаи фарҳанг ҳанӯз мушкилот зиёданд"

Нақшаи андоз 102,1 дарсад таъмин гардид

ДМИТ. Теъдоди аълохонон меафзояд

ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ. Бурдҳо ва бохтҳо

10 медали тиллои дастпарварони ДТҶТ

22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед