logo

иқтисод

САМАРИ ЯК ТАҶРИБА

Дар қитъаҳои таҷрибавии Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили навъҳои нав шурӯъ шуд. Селексионерон аз ҳар гектар  гандуми навъҳои «Ормон», «Алекс», « ИЗ - 80», «Фарҳодӣ» ба ҳисоби миёна  зиёда аз 50 – сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Ин навъҳо тайи солҳои охир ба зироаткорони кишвар  барои кишт тавсия шудаанд.
Олимону селексионерон баробари санҷиши навъҳои қаблан ба вуҷуд овардаи ҷуворимакка барои дон - « Шуҳрат»-у «Дилшод» навъҳои «Аскар», «Зарафшон» ва «Ҳосилот»-ро аз санҷиш мегузаронанд. Нашъунамои ниҳолҳо нағз буда, ба касалиҳо ва шароити маҳал мутобиқ шудаанд.
- Бо қарори комиссияи ҷумҳуриявӣ 84 навъу дурагаи зироатҳо дар даҳ соли охир минтақабоб  дониста шудаанд. Аз ҷумла 31 навъи пахта, 18 гандум, 3 ҷав, 2 тритикале, 3 наск, 5 ҷуворимакка барои дон, 1 кунҷид, 1 зағир, 2 юнучқа ва дигар зироатҳо барои кишт тавсия дода шудаанд. Кормандони институт  дар самти селексия соҳиби 84 патент ва 300 шаҳодатномаи муаллифӣ гаштанд. Бо қарори комиссияи мазкур пахтаҳои миёнанахи гурӯҳи тезпази «Яҳё - 110», «Бӯстон», «Амирхон», ҷуворимаккаҳо барои дони «Сайҳун» «Тезрас», шолии «Панҷрӯд», зотҳои кирмаки абрешими «Хуҷанд - 1», «Хуҷанд – 2», дурагаҳои дарахтони тути «Суғдиён -1» ва «Суғдиён – 2» ба санҷиши давлатӣ расмӣ қабул карда шуданд, - мегӯяд Саидзода Фатҳулло Раҳмон, директори институт.
Олимону мутахассисони ин ҷо тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба чорабиниҳо дар бораи истифодабарии конҳои фосфоритӣ бо мақсади ба кор бурдани онҳо дар хоҷагии халқ» имконпазирии истифодабарии фосфорити маҳаллии мавзеъҳои Қаротоғ, Хоҷачилдиёр, Зиддеҳ, Панҷакентро илман асоснок карданд. Ҳамчунин,  доир ба кор карда баромадани технологияи парвариши зироатҳои пахта, гандум, ҷав, ҷуворимакка, нахӯд, юнучқа тадқиқот гузаронда, барои навъҳои минтақабобшудаю ояндадор меъёрҳои муътадили нуриҳои маъданӣ ва меъёри мусоиди обёриро муқаррар намуданд. Ин тавсияҳо барои рӯёндани ҳосили фаровони зироатҳо мусоидат карданд. Самараи ҷаҳди зиёди селексионерон аст, ки гандуми тирамоҳии навъи «Алекс» аз ҳар гектар зиёда аз 50 ва ҷуворимакка барои дон дар кишти такрорӣ 60 - сентнерӣ ҳосил медиҳад.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2017    №: 145    Мутолиа карданд: 106
26.07.2017


ДУШАНБЕ. Афзалият ба саноат

Буриши ғайриқонунии дарахтон кам гардид

Мақсад - боло бурдани сатҳи зиндагӣ

Маҳсули гармхонаҳо афзуд

25.07.2017


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ ва Квон Ён У

Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба матраҳ гашт

Роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қароқум боз шуд

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ. Наздики 900 ҷиноят ошкор шуд

Қарзи истифодабарандагони об ба 95,5 миллион сомонӣ расид

ИСТАРАВШАН. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

РОҒУН. Афзалият ба маориф

Қарзи бонкҳо 34 дарсад коҳиш ёфт

24.07.2017


Ҷоришавии низоми пардохти электронӣ

Иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии махсуси СММ

Баррасии сатҳи хизматрасонӣ

Таъсиси Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА

Парвандаҳои иқтисодӣ нисбат ба соли гузашта зиёд шудаанд

Ш. Орумбекзода: "Дар соҳаи фарҳанг ҳанӯз мушкилот зиёданд"

Нақшаи андоз 102,1 дарсад таъмин гардид

ДМИТ. Теъдоди аълохонон меафзояд

ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ. Бурдҳо ва бохтҳо

10 медали тиллои дастпарварони ДТҶТ

22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед