logo

иҷтимоиёт

МАРҒЗОР. МАРДУМ АЗ ХАВФИ ДАРЁ ДАР ТАШВИШАНД!

«Мардуми деҳаи Марғзори Ҷамоати деҳоти Эсанбой аз наздик омадани дарёи Кофарниҳон ба боғу роғ ва хонаҳои истиқоматиашон изҳори нигаронӣ доранд. Дарё, ки аз наздикии деҳа мегузарад, маҷрои худро дигар намуда, тайи ду - се соли охир заминҳои полизӣ ва дарахтҳои бешуморро бо решаашон канда бурд. Хавфи шуста бурдани заминҳои соҳил, боғот ва хонаҳои истиқоматӣ зиёд шудааст. Роҷеъ ба ин масъала мардуми деҳот ба Баҳодур Саидов - раиси ҳозираи Ҷамоати деҳоти Эсанбой ва Тоҷинисо Саидова (раиси қаблӣ), муроҷиат намуда буданд. Аммо эшон «то омадани қассоб кунда меосояд» - гӯён хотирҷамъию беэътиноӣ карда гаштаанд, - омадааст дар номаи Рустам Рамазонӣ, сокини ҳамин деҳа, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият».
Хабарнигори рӯзнома барои аз наздик шинос шудан ба сӯйи деҳаи Марғзори Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ раҳсипор шуд. Деҳаи Марғзор аз маркази Ҷамоати деҳоти Эсанбой дар дурии 17 километр дар ҳамвориҳои соҳили чапи дарёи Кофарниҳон ва канори рости роҳи мошингарди Рӯдакӣ - Шаҳритуз ҷойгир аст. Ҳар сол дар моҳҳои апрел - май баъди боришоти пай дар пай чанд маротиба сел омада, ба хоҷагиҳои наздики он зарар мерасонад. Манзилҳои зисти С. Давлатов, М. Расулов, Д. Давлатов ва М. Давлатов дар қисми ғарбии деҳа аз соҳили дарё дар масофаи ҳамагӣ 30 - 50 метр ҷойгиранд. Ҳангоми баланд шудани сатҳи об дарё маҷрои худро иваз намуда, ба заминҳои ёрирасони хоҷагиҳои номбурда таҳдид менамояд.
- Солҳои пеш соҳилмустаҳкамкунӣ хуб ба роҳ монда мешуд ва тахтабетонҳо (кубикҳо) фишори оби дарёро мегардонданд. Агар дар ин маврид ҳоло иқдоме гирифта шавад, ташвиши мо камтар мегардад, - гуфт Маҳмадсафар Давлатов, яке аз сокинони деҳа.
Баҳодур Сафаров, раиси Ҷамоати деҳоти Эсанбой, гуфт, ки соли 2013 аз ҷониби Саридораи геология, собиқ вазоратҳои мелиоратсия ва хоҷагии об, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ комиссияи махсус таъсис ёфта, барои муайян намудани дараҷаи хатарнокӣ ва равандҳои экзогении геологӣ санҷишҳо гузаронда буданд. Комиссия дар натиҷаи санҷишҳо доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба вазъи деҳаҳои Эсанбой, Ишқобод, Карак, Хоҷабулбулон, Марғзор ва Қалъа хулосаи муҳандисию геологӣ пешниҳод намуд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 603 дар Ҷамоати деҳоти Эсанбой 85 гектар замини фонди манзил ҷудо шудааст. Барои бо замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани шахсони эҳтиёҷманд борҳо бо сокинон вохӯриҳо гузарондем. Аз деҳаҳои Ганҷина 6, Қалъа 3 ва Карак 15 хонаводаро ба ҷойи бехавф кӯчондем. Ба сокинони деҳаи Марғзор ҷиҳати соҳилмустаҳкамкунӣ тавсия дода шудааст, ки дар заминҳои наздиҳавлигӣ зиёдтар дарахт шинонанд, зеро ин роҳи пешгирии хавфи селу обхезӣ дар ин макон аст.
Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи сокинон проблема, ҳамчунин, ҳалношуда боқӣ мемонад. Дар ин бора Файзалӣ Мирзоев, собиқ раиси деҳа, гуфт, ки воқеан, мушкилии омадани сел ва шусташавии соҳили дарё чанд сол аст, ки бошандагонро домангир аст. Қаблан барои пеши оби дарёро гирифтан садд вуҷуд дошт.
- Солҳои гузашта канори шохоби дарёро бо сангу шағал банд мекарданд. Алҳол ин амал ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодааст, - гуфтанд сокинони Эсанбой. Ҳамасола баъди боришоти пай дар пай сел омада, сойи назди деҳаро шуста мебарад. Ин мавсим низ дарё сокинонро ба ташвиш овардааст. Ҳалли ин масъала аз масъулон андешидани чораҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2017    №: 145    Мутолиа карданд: 164

22.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Кай Микканен

Баррасии татбиқи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф матраҳ гаштанд

Ҷаласаи XVI Кумитаи ҳамкории гумрукӣ

10 комбайни нав дар шолизор

21.09.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Хосе Гратсиано да Силва

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ

Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ

Дар Хуросон ҳосили хуб ба даст оварданд

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Мексика ба 230 нафар расид

Дар Арабистони Саудӣ ба иди миллӣ бори нахуст занонро даъват намуданд

Насли нави рақамӣ иқтисоди Чинро дигар мекунад

20 миллиони фонди Ди Каприо ба ҳимояи муҳити зист

Дар дунё 40 миллион дар ғуломӣ қарор дорад

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед