logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар вохӯрии яке аз ходимони барҷастаи давлатӣ Низорамоҳ Зарифова бо хонандагону донишҷӯёни пойтахт  баргузор гардид.  Ёдовар мешавем, ки солҳои панҷоҳуми асри ХХ, дар замоне ки занҳо ба озодиву истиқлол тоза ноил шуда буданду аз маҳви бесаводӣ ба сӯи илму дониш мешитофтанд, Мамлакат Наҳангова, Бӯринисо Бердиева ва Низорамоҳ Зарифова барин занҳои қавиирода дар вазифаҳои баланди роҳбарӣ кор карда, қишри муҳими пешбарандаи ҷомеа будани бонувонро собит намуданд.
- Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Низорамоҳро мебоист ҳамчун котиби Созмони ҷавонони шаҳри Кӯлоб мушкилоти ҷавонони ин минтақаро ҳал намояд, ба фронт ёрӣ расонад, на танҳо ҷавонписаронро, балки духтарони болаёқату шуҷоъро ҷисману рӯҳан ба ҷанги зидди фашизм омода кунад, ҷавонони шаҳрро ҳар лаҳза аз вазъи майдонҳои муҳориба огоҳ созад ва дар баробари ин садҳо супоришҳои дигари давлативу ҷамъиятиро ба сомон расонад, - изҳор дошт Латофати Кенҷа.
Ҳамин минвол, Низорамоҳ Зарифова ба вазифаҳои пурмасъулияттар таъйин мешуд. Бино ба гуфтаи қаҳрамони мо, яке аз воқеаҳои таърихии рӯзгори ӯ иштирокаш дар Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав буд. Ин зани дурандеш ҳарчанд қабл аз ин аз минбарҳои баланд сухан гуфта бошад ҳам, ин бор суханронии ӯ тамоман рангӯ бӯи дигар дошт. Зеро Низорамоҳ бояд масъалаи бунёди Неругоҳи  барқи обии Норакро ба миён гузошта, назди намояндагони кишварҳои дигари шӯравӣ аз ҳар ҷиҳат манфиатбахш ва зарур будани ин сохтмони бузургро собит месохт.
Он суханрониро Низорамоҳ чунин ба ёд овард: «Бо тамоми кӯшишу ғайрат ҳаяҷони ботиниву зоҳирии худро пахш карда, бо лаҳни каме сактадори русӣ ҳарф мезадам ва вобаста ба тобиши маъноии ҷумлаҳо баъзе аз онҳоро бо қатъият ва хитобдору гиро мегуфтам, то бовару эътимоди ҳозиронро ба даст оварда бошам. Чун суханам поён ёфт, шурӯъ аз раиси вақти Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ А. Н. Косигин то вакилони халқ ҳамагӣ кафкӯбӣ карда, ҳамовозии худро барои сохтмони НБО Норак баён доштанд».
Солҳои дароз дар корҳои роҳбарӣ будани Низорамоҳ як тараф буду раиси Шӯрои занони ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон буданаш як тараф. Ӯ солҳои ҷанги шаҳрвандӣ азхудгузаштагиҳову ҷонбозиҳо нишон дода, дар пойдории сулҳу амният ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ ҷаҳду талош кард. Аз ҷумла, ба шаҳри Хоруғ парвоз карда, аз он ҷо то ба бунгоҳи Дарвоз омад ва аз дасти силоҳбадастон мошинҳои пурбори ёрии башардӯстонаро раҳо карда, ба Душанбе овард. Ин мардонагии Низорамоҳ Зарифова ҳанӯз вирди забонҳост.
Қиссаҳои ҷолиби рӯзгори ин бонуи барнодилу зарофатгӯ ба ҷавонону наврасони ҷамъомада як ҷаҳон маъниву таассурот эҳдо намуда, бори дигар неъмати бузург будани ваҳдат ва оромишу осоиши кишварро талқин намуд. Ҷамъомадагон аз забони шоҳиди воқеаҳои таърихӣ огоҳ шуданд, ки ин сулҳу амният ва истиқлолият ба осонӣ даст надодааст.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, китоби нави Латофати Кенҷа «Соҳиббиҳишт» ки аз воқеаҳои ибратбахши рӯзгори Низорамоҳ Зарифова нақл мекунад, муаррифӣ гардид.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2017    №: 146    Мутолиа карданд: 90
26.07.2017


ДУШАНБЕ. Афзалият ба саноат

Буриши ғайриқонунии дарахтон кам гардид

Мақсад - боло бурдани сатҳи зиндагӣ

Маҳсули гармхонаҳо афзуд

25.07.2017


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ ва Квон Ён У

Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба матраҳ гашт

Роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қароқум боз шуд

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ. Наздики 900 ҷиноят ошкор шуд

Қарзи истифодабарандагони об ба 95,5 миллион сомонӣ расид

ИСТАРАВШАН. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

РОҒУН. Афзалият ба маориф

Қарзи бонкҳо 34 дарсад коҳиш ёфт

24.07.2017


Ҷоришавии низоми пардохти электронӣ

Иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии махсуси СММ

Баррасии сатҳи хизматрасонӣ

Таъсиси Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА

Парвандаҳои иқтисодӣ нисбат ба соли гузашта зиёд шудаанд

Ш. Орумбекзода: "Дар соҳаи фарҳанг ҳанӯз мушкилот зиёданд"

Нақшаи андоз 102,1 дарсад таъмин гардид

ДМИТ. Теъдоди аълохонон меафзояд

ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ. Бурдҳо ва бохтҳо

10 медали тиллои дастпарварони ДТҶТ

22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед