logo

фарҳанг

ПОСДОРИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ БОШЕМ!

Дар масири таърих миллати тоҷик сарнавишти муассире аз сар гузаронда, пурбаҳотарин сарвати маънавӣ-забони модарияшро чун гавҳараки чашм ба пасовандон ёдгор гузоштааст.

Аҳди Сомон дар ҳифзу густариш ва рушди забон бо осори безавол давраи носутурданиву баркамол дар таърихи куҳани мост. Маҳз дар ин марҳилаи давлатдории тоҷикон забону фарҳанг ва арзишҳои воло шаклу мазмуни тозае касб менамояд. Нуфузу эътибори забони тоҷикӣ аз марказҳои марбутаи Мовароуннаҳру Хуросон тадриҷан берун рафта, ба манотиқи дурдасти сайёра доман паҳн кардааст.
Мардуми тоҷик боиси маҳв нашудани муқаддасоташ алайҳи ҳар гуна муқовимат ва ташаннуҷи таҳмилӣ дар ҳассостарин лаҳзаҳо ҷон дар кафи даст гирифта, забони модарияшро эътиқодмандона ҳифз мекунад. Зеро наҷотбахши ҳастии миллат бе ҳеҷ шаку тардид забони ӯст. Бониёнаш бо шоҳчароғи дониш роҳи дигаронро тобон дошта, хирвори панду ҳикмат меороянд. Қофиласолори шеъру адаби форсии тоҷикӣ устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ башариятро бо ин забони шевою мусалсал ово дода буд:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор, 
Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Нуктаи бебаҳси «То ба санг андар ҳаме бингоштанд»-и султони шоирон далолат бар он аст, ки то расмулхати бобоӣ, яъне эҳёи алифбои муайян, одамон орзуву омолашонро дар сангҳо менигоштанд. Маҳфуз мондани пораҳои хати мехӣ ё паҳлавӣ дар бойгониҳо, осори гаронбаҳои «Дарахти Асурик» ва «Ёдгори Зарирон» аз тамаддуни бостони ниёкони мо башорат медиҳанд. Ба қавли муҳаққиқон, китоби муқаддаси «Авасто»-ро тахмин дар пӯсти 250 ё 500 говмеш навиштаанд. Ин таълифотро шоҳкори беназиртарин дар кохи адабиёту фарҳанги ҷаҳон метавон унвон кард.
Баъд аз ҳазор сол, дар замони ноором ва пурошӯби сиёсӣ фарзандони сарсупурдаи миллат аз нестшавии ин забони гуҳарбор бонги хатар дардода, бо шуҷоати тамом ба дифоъ бархостанд. Устод Садриддин Айнии бузургвор дар як рисолаи арзишманди худ бо зерунвони «Маънои калимаи тоҷик» аз остон то бостон сайри таърихии вожаи фавқ ва рушди забони адабии тоҷикро бо риояи имло, луғат ва ҷанбаи илмӣ доштанаш дақиқназарона пажӯҳиш намуда, таҳиягарони феҳристҳои ҳиндуву туркгароро зери тозиёнаи танқид мегирад. Мутафаккири барҷаста  ба ҷаҳониён ҳушдор медиҳад, ки тоҷик на он арабзодаи дар Аҷам бузург шуда, ло-бал миллати сарболову тоҷдорест, ки аз аҳди қадим рӯида.
Хидмати таърихии устод Садриддин Айнӣ дар табдили хат, ҳифозат ва бузургдошти забони модарии мо он қадар бузург аст, ки дар гуфтан намеояд. Ин пири хирадманд ҷуз таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик»  дар зимни омӯзиши луғатҳои «Ғиёс-ул-луғот», «Бурҳони қотеъ» ва китобҳои классикии форсу тоҷик «Луғати нимтафсилии забони адабии тоҷик» иборат аз 11.400 калимаро дар 629 саҳифа ҷой дода, амали хайреро барои ҳазорсолаҳо анҷом бахшидааст. Устод Айнӣ таъкид мекунад, ки дар китоб луғатҳоеро фароҳам овардааст, ки онҳо барои фоида бурдан аз адабиёти классикӣ ёрӣ медиҳанд ва қисмеро даровардаст, ки онҳо барои фаҳмида хондани адабиёти нафисаи имрӯза заруранд ва боз луғатҳоеро гирд овардааст, ки  то ҳол дар навиштаҷоте кор фармуда нашудаанд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ ба ҳимояи забони давлатӣ муносибати хоса зоҳир мекунад. Аз ин лиҳоз, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ мақоми давлатиро сазовор донистаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишонаи ҳамин қадрмандӣ буда, ҳар сол дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ мулоқоту боздидҳои судманд доир мегарданд.  
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъйид медоранд, ки: «Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддамоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд». Бо ҳамин ният Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро асос гузошта, ба масъулони ниҳод бобати ба асли пешин баргардондани номҳои шаҳру навоҳӣ, тағйири исму насаби шаҳрвандон ва соир масоили ҳалталаби забони давлатӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.  
Бо ибтикори бевоситаи Сардори давлатамон соли 2008 «Соли забони тоҷикӣ» эълон гардида буд. Олимон, суханшиносон, кормандони умури фарҳанг ва ноширон ҳамасола дар ин бахш китобҳои диданиву  хонданиро ба чоп мерасонанд, ки саршори рӯҳияи хештаншиносиянд. Аз ҳамин дидгоҳ дар таълимгоҳ ва донишкадаҳои мамлакатамон конфронсҳои илмӣ ва озмуну чорабиниҳои идона баргузор шуда, аз ашъори нобиғаҳои адабиёти классик ва муосир дар ситоиши забони тоҷикӣ байтбараку шеърхонӣ садо медиҳанд.
Салтанати подшоҳони дурандеш ва адолатпешаи ҳар давру замон зиннати таърих мемонад, чунончи сиёсати омӯзанда ва зиндагисози Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин зовия об мехӯрад. Мушкилоти ба сари миллат омадаро нахуст ӯ чорасоз мешавад, сӯи ояндаи дурахшон гомҳои устувор мегузорад. Ба рамзи садоқатмандӣ ба фарҳангу тамаддуни тоҷикон дар китоби хеш «Забони миллат-ҳастии миллат»  андешаҳои муъҷазу бикр пеш оварда, забону миллату давлатамонро дар арсаи байналмилал муаррифӣ кардаанд. 
Фалсафаи давлатсозиву давлатдории Пешвои муаззами миллати мо Эмомалӣ Раҳмон бо худогоҳиву ватандорӣ ҳар як тоҷику тоҷикистониро муваззаф гардондааст, ки дар полудасозии забони модарӣ арҷгузор бошад. Аз ин, рӯ нагузорем, ки бехабаре ба кохи шукӯҳманди забони тоҷикӣ муғризона сар бизанад. Агар нигини хештаншиносӣ-забони қудсиямонро бо худфарсоиву ҳамбастагӣ ҷовидона пос бидорем, ҷаҳониён ба биҳиштосо сарзамине саҷда меоранд, ки исмаш Тоҷикистон аст!               
Сипеҳри Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД,
нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2017    №: 146    Мутолиа карданд: 236

22.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Владимир Воронков

Баргузории ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии ИДМ

Боздиди ҳайати кормандони Сафорати Тоҷикистон аз шаҳраки саноатӣ

Ҳамлаи хунин ба меҳмонхонаи Intercontinental дар Кобул

Хазинаи байналмилалии асъор: «Иқтисоди Русия рӯ ба болоравист»

«Ҷабҳат ан – Нусра» дар Идлиб ба муҳосира гирифта шуд

Ба ҳадди рекордӣ расидани пасандози русиягиҳо

Дар Шведсия бокси ҳирфаиро эҳтимол манъ созанд

18.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо сафири тозатаъйини Озарбойҷон

Ҷамъомади муҳим дар Кумитаи рушди маҳал

Супурдани эътимоднома ба Президенти Беларус

Самтҳои асосии рушди туризм матраҳ гаштанд

Шиносномаи Тоҷикистон дар сархати 81-уми раддабандии байналмилалӣ

Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд

Президенти Миср: «Баҳори арабӣ» ба «хазон шудан» - и 1,4 миллион нафар сабаб гашт»

YouTube тавассути технологияҳои нав 98 дарсади видеоҳои экстремистиро ошкор сохт

Дар баҳри Миёназамин 1400 муҳоҷир наҷот дода шуд

Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд

Истифодаи партовҳои электронӣ барои ороишоти заргарӣ

16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед