logo

иҷтимоиёт

ПАНҶАКЕНТ. МАРҲАЛАИ НАВИ СОЗАНДАГӢ ВА ШУКУФОӢ

Пас аз касби Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу субот дар кишвар симои шаҳри бостонии Панҷакент ба куллӣ дигаргун шуд. Дар хиёбони Рӯдакӣ ва дигар кӯчаҳои шаҳр биноҳои баландошёнаи маъмурӣ, фарҳангӣ, истиқоматӣ, боғҳо ва гулгаштҳои зебою назаррабо сол ба сол зиёд мешаванд.
Дар партави сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат айни ҳол дар шаҳр бунёди 14 иншооти муҳими таъйиноти иҷтимоӣ, маишӣ ва фарҳангӣ идома дорад, ки ба зудӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият, ҳалли мушкилоти ташкилотҳои сохтмонӣ ва суръат бахшидани корҳо таҳти роҳбарии раиси шаҳр Ислом Зиёзода ситоди доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолият мекунад.
Имрӯзҳо дар шафати бинои мавҷудаи таваллудхонаи шаҳр сохтмони бинои  иловагии табобатгоҳ аз  ҳисоби буҷети шаҳр босуръат идома дорад. Он аз таҳхона ва се ошёна иборат хоҳад буд. Дар таҳхона насби таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ва кушодани ташхисгоҳи муосир дар назар аст. Дар  ҳуҷраҳои табобатии ин бино 80 кат ҷой дода хоҳад шуд. Ислом Зиёзода зимни мулоқот бо сохтмончиён изҳор дошт, ки дар таъмини маблағ барои  бунёди  иншоот  мушкилӣ пеш намеояд. Биноро ташкилоти сохтмонии ҶСК «Асл» месозад. Ҳоло дар ин ҷо 30 нафар дар ду баст кор мекунад.
Дар канори рости майдони Деваштичи шаҳр  соҳибкор Нурулло Суюшев тӯйхона бунёд менамояд. Дар  ошёнаи якуми бино нуқтаҳои тиҷоратӣ фаъолият хоҳанд кард. Гузашта аз ин, қарор аст, дар назди даромадгоҳи асосӣ фаввора гузошта шуда, майдончаи назди он гулкорӣ шавад. 
Соҳибкори муваффақ Исломиддин Бобоев дар паҳлуи боғи истироҳатии назди Осорхонаи ҷумҳуриявӣ бинои 5-ошёнаи истиқоматӣ ва тиҷоратию маишӣ месозад. Мавсуф зикр кард, ки  се ошёнаи боло аз шаш хонаи сеҳуҷрагӣ иборат аст. Дар ошёнаҳои якуму дуюм маркази тиҷоратӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият хоҳанд кард.
Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент низ имрӯзҳо бозсозӣ мегардад. Он соли 2008 ба муносибати ҷашни 1150-солагии устод Рӯдакӣ навсозӣ шуда буд. Пас аз бозсозии навбатии қисматҳои ғарбию шимолӣ, варзишгоҳ дорои 6000 ҷойи нишаст хоҳад шуд. Фармоишгари сохтмон идораи сохтмони асосии вилоят буда, корҳои бозсозиро ҶДММ «ПМК- 278» ба уҳда гирифтааст.
Ба муносибати Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, аз ҳисоби буҷет ба маблағи 7 миллион сомонӣ, дар хиёбони Рӯдакӣ бинои боҳашамати Маркази ҷавонон қомат меафрозад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент тасмим гирифтаанд, ки дар назди ин бинои бошукӯҳ муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералиро гузоранд. Дар асоси  маслиҳату машварат бо гурӯҳи коршиносону фарҳангиён пайкараи собиқи Лоиқ Шералӣ дар ҷои зебоманзари зодгоҳи устод-деҳаи Мазори Шариф, дар пасманзари кӯҳҳои Чилмеҳробу Лайлӣ  ва арчазори ҳамешасабз, ки манбаи илҳоми саршори устоди барҷастаи шеъри навини тоҷик буд, гузошта хоҳад шуд, ки ин ҳама созандагиҳо ҳусни шаҳри бостонии Панҷакентро боз ҳам бештар менамояд.
Додоҷон  РӮЗИЕВ,
Луқмонҷон  ҚУРБОНОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2017    №: 146    Мутолиа карданд: 208

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед