logo

иқтисод

ВОСЕЪ. НОРАСОИИ ОБИ ТОЗА Ё МУШКИЛЕ, КИ РЕША БА 70 СОЛИ ГУЗАШТА ДОРАД

Деҳаи Оқҷари Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ аз ҷумлаи рустоҳоест, ки сокинонаш чандин сол боз аз оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Ин масъала мардумро водор сохтааст, ки оби тозаро аз маркази ноҳия, бо мушкил дастрас намоянд.

Чанде пеш аз номи сокини ин деҳа Моҳсафар Табарова ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» мактуби шикоятӣ ворид шуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Солҳои дароз аст, ки мо - аҳли деҳа дар масъалаи оби нӯшиданӣ танқисӣ мекашем. Ба мардуми деҳа ҳар дафъа дар ҳамон хати обрав, ки 35-40 сол пеш собиқ раиси хоҷагии ба номи Ленини ноҳия - Миралӣ Маҳмадалиев сохта буд ва кайҳо фарсуда шудааст, об сар медиҳанд. Қариб ҳар моҳ пойгоҳҳои обкашӣ вайрон шуда, мардум бо хару ароба аз роҳҳои дур об мекашанд».
Номаи ин шаҳрванд ба идораи рӯзнома, моро барои омӯзиши масъала ба ноҳияи Восеъ бурд. Баробари ба деҳа ворид шудан, ба мушоҳида гирифтем, ки мардум воқеан ҳам бо хару ароба об мекашанд. Ин худ далели он аст, ки сокинони деҳа, дар ҳақиқат, аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашидаанд. Муҳаррики пойгоҳҳои обкаширо, ки сӣ сол пеш насб шудааст, то ҳанӯз иваз накардаанд. Гузашта аз ин, ин муҳаррикҳо иқтидори ҳамаи кӯчаҳоро бо об таъмин кардан надоранд. Ин дар ҳолест, ки деҳаи Оқҷар аз чоҳҳои амудӣ обёрӣ мешавад.

20 рӯзи беобӣ ва қарздории муаллифи мактуби шикоятӣ

Наврӯз Абдуллоев, сокини деҳа, иброз дошт, ки давоми моҳи июн  ба деҳа 20 рӯз об  наомад ва онҳо оби ошомиданиро аз дигар деҳаҳо ва маркази ноҳия дастрас намуданд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Сафаралӣ Шарифов, корманди пойгоҳи обкашии ҷамоат муҳаррикҳои обкаш муҳлати истифодаашон гузашта, зуд - зуд вайрон мешаванд. «Мувофиқи нақша бояд дар фасли тобистон саҳару бегоҳ 6 - соатӣ ва зимистон 3 - соатӣ об расонем, аммо бинобар фарсуда будани дастгоҳҳо, 2-3 соат имкони обтаъминкунӣ ҳасту халос. Қубурҳо низ пӯсидаанд, ки боиси талаф ёфтани об мегардад».
Набӣ Зарифов, сардори Корхонаи фаръии давлатии обу корези ноҳия, зикр кард, ки сабаби дар моҳи июни соли равон 20 рӯз бе об мондани сокинони деҳаи Оқҷар ин сари вақт пардохт нашудани ҳаққи истифодаи об мебошад. Барои ҳар дафъа таъмир кардани муҳаррикҳои обкаш аз 7 то 10 ҳазор сомонӣ лозим аст. Аммо вақте сокинон маблағи истифодаи обро пардохт намекунанд, корхона аз кадом ҳисоб онро бояд таъмир кунад? Имрӯз қарзи пойгоҳҳои обкашии ноҳия аз ҳаққи истифодаи неруи барқ 84 ҳазор сомонӣ ва қарзи аҳолӣ аз оби ошомиданӣ зиёда аз 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба маълумоти сардори корхона муаллифи мактуби шикоятӣ Моҳсафар Табарова низ аз ҳаққи истифодаи об 180 сомонӣ қарздор аст.

Мушкил танҳо оби нӯшиданист
Тавре мушоҳида кардем, дар Ҷамоати деҳоти Оқҷар ҳавзи калоне мавҷуд аст, ки аз дарёи Сурхоб сарчашма мегирад ва тариқи канал ба деҳа ҷорӣ мешавад. Киштаҳои замини назди ҳавлии Моҳсафар низ аз он гувоҳӣ медод, ки оби корезиашон фаровон аст. Зеро дар замин дарахт, сабзавот ва анвои дигари маҳсулоти кишоварзӣ хуб нашъунамо кардаанд. Ҳарчанд Моҳсафар дар мактубаш аз оби корезӣ низ шикоят кардааст, аммо дар суҳбат бо мо гуфт, ки танҳо аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.
Маҳмадхон Орифов ин далелро тасдиқ карда, зикр сохт, ки Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев дар ноҳия ягона ҷамоатест, ки дар 2701 гектар замини корамаш мушкили оби полизӣ дида намешавад. Камбуди оби нӯшиданӣ низ солҳои наздик ҳалли худро хоҳад ёфт. Зеро дар асоси як лоиҳа, ки онро Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мекунад, бояд охири сол корҳои сохтмонӣ оғоз гарданд. Баъди амалӣ шудани ин лоиҳа имкон пайдо мешавад, ки дар ҳар хона ҷумаки об насб карда шавад.

Аз даъвои шаҳрванд то инкори раис
Моҳсафар Табарова гуфт, ки ҳарчанд дар бораи чанд ҳафта набудани об ба раиси ҷамоат ва ноҳия муроҷиат карда бошем ҳам, шикояти моро нодида гирифтанд. Маҷбур рӯзи шанбе ба қабули раиси ноҳия рафтем. Ба мо гуфтанд, ки «Имрӯз раис ҳеҷ касро қабул намекунад».
Мӯсо Ғафурзода, раиси ноҳияи Восеъ, зимни суҳбат иброз дошт, ки даъвои шаҳрванд Моҳсафар Табарова ягон асос надорад. Номи ӯ ҳатто дар дафтари муроҷиати шаҳрвандон сабт нашудааст. Ба гуфтаи раиси ноҳия норасоии оби ошомиданӣ, дар ҳақиқат, вуҷуд дорад. Ин мушкилот ҳафтод сол боз мавзӯи баҳс мебошад. Дар Деҳаи Оқҷар ҳатто дар давраи шӯравӣ низ ин мушкилот вуҷуд дошт. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ барои пурра таъмин кардани аҳолии ноҳия бо оби ошомиданӣ 16,5 миллион доллари амрикоӣ зарур аст.
Аз суҳбату мушоҳидаҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки мушкили норасоии оби ошомиданӣ дар деҳаи Оқҷари ноҳияи Восеъ танҳо фарсуда шудани муҳаррикҳои обкаш мебошад, ки муҳлати истифодаашон кайҳо гузаштааст. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулони дигар ниҳодҳои дахлдор бояд барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта чораҳои саривақтӣ ва судманд андешанд. Вале аз ҷониби дигар сокинон низ гоҳ – гоҳе аз худ бояд пурсанд, ки шахсан чӣ кори хубе дар ин самт карда метавонанд. Сар карда аз сари вақт супоридани маблағи истифодаи об, албатта.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2017    №: 146    Мутолиа карданд: 237

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед