logo

Хабарҳо

Як нишасти муҳим

Бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон дар Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ оид ба мавзӯи «Муаррифии таҳлили вазъи таҳсилоти олӣ ва масъалаҳои сифату бехатарӣ дар раванди истеҳсол ва коркарди маҳсулоти озуқаворӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.

Ҳадафи чорабинӣ омодагӣ барои ҷорӣ намудани низом ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ аз рӯи стандартҳои ҷаҳонии HACCP ва Global GAP дар нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки лоиҳаи «Маълумоти олӣ барои система ва стандартҳои коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон» (HECAFS) моҳи октябри соли гузашта бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо оғоз ёфтааст. Он дар  ду донишгоҳ аз Тоҷикистону Қирғизистон, 3 донишгоҳи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон, Ассотсиатсияи корхонаҳои меваю сабзавоти Қирғизистон ва ташкилоти Hilfswerk Austria International татбиқ карда мешавад.
Лоиҳа имкон медиҳад, ки корхонаҳои хурду миёна коркарди маҳсулоти минтақаро барои қонеъ намудани талаботи бозорҳои хориҷӣ бо таъмини бехатарии озуқаворӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот анҷом диҳанд. Низоми таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таҳия ва татбиқи модулҳои омӯзишии ин барнома дар донишгоҳҳо мукаммал мегардад.
Масъалаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқа яке аз самтҳои  ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат ва рушди истеҳсолоти ватанӣ  маҳсуб меёбад. Ин масъала чанде пеш дар ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ низ баррасӣ гардида буд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 70
26.07.2017


ДУШАНБЕ. Афзалият ба саноат

Буриши ғайриқонунии дарахтон кам гардид

Мақсад - боло бурдани сатҳи зиндагӣ

Маҳсули гармхонаҳо афзуд

25.07.2017


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ ва Квон Ён У

Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба матраҳ гашт

Роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қароқум боз шуд

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ. Наздики 900 ҷиноят ошкор шуд

Қарзи истифодабарандагони об ба 95,5 миллион сомонӣ расид

ИСТАРАВШАН. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

РОҒУН. Афзалият ба маориф

Қарзи бонкҳо 34 дарсад коҳиш ёфт

24.07.2017


Ҷоришавии низоми пардохти электронӣ

Иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии махсуси СММ

Баррасии сатҳи хизматрасонӣ

Таъсиси Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА

Парвандаҳои иқтисодӣ нисбат ба соли гузашта зиёд шудаанд

Ш. Орумбекзода: "Дар соҳаи фарҳанг ҳанӯз мушкилот зиёданд"

Нақшаи андоз 102,1 дарсад таъмин гардид

ДМИТ. Теъдоди аълохонон меафзояд

ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ. Бурдҳо ва бохтҳо

10 медали тиллои дастпарварони ДТҶТ

22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед