logo

Хабарҳо

Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва сохтмони роҳ

Дирӯз тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Дарвоз бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд.
Зимни ошноӣ иттилоъ доданд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар деҳаҳои Ширговад ва Хостави ноҳияи Дарвоз 27 манзили истиқоматӣ зарар дидааст ва аз лаҳзаҳои рух додани ин ҳодиса аҳолии зарардида ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, бо хайма ва маводи ғизоӣ таъмин гардиданд.
Таъкид гардид, ки бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба аҳолии зарардида замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуда, масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда мешавад.
Барои ҳар чи зудтар барқарор кардани қитъаҳои алоҳидаи километрҳои  318 ва 348-уми роҳи мошингарди Душанабе – Кӯлоб – Хоруғ – Кулма, воқеъ дар ноҳияи Дарвоз, ки бар асари офати табиӣ хароб гардида буд, ба роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва дигар сохторҳои  дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд.
***
Ҳамчунин, дирӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб, қитъаи Шамсиддини Шоҳин – Шоҳон шинос шуд.
Тавре таъкид гардид, то имрӯз дар ин масир корҳои асфалтпӯшсозии қабати дуюм дар масофаи 15 километр боқӣ мондааст ва ширкатҳои роҳсозӣ талош бар он доранд, ки дар муҳлати муайяншуда роҳро ба истифода диҳанд.
Насби аломатҳо ва бунёди деворҳои ҳимоявӣ низ дар асоси лоиҳа идома доранд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 96
26.07.2017


ДУШАНБЕ. Афзалият ба саноат

Буриши ғайриқонунии дарахтон кам гардид

Мақсад - боло бурдани сатҳи зиндагӣ

Маҳсули гармхонаҳо афзуд

25.07.2017


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ ва Квон Ён У

Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба матраҳ гашт

Роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қароқум боз шуд

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ. Наздики 900 ҷиноят ошкор шуд

Қарзи истифодабарандагони об ба 95,5 миллион сомонӣ расид

ИСТАРАВШАН. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

РОҒУН. Афзалият ба маориф

Қарзи бонкҳо 34 дарсад коҳиш ёфт

24.07.2017


Ҷоришавии низоми пардохти электронӣ

Иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии махсуси СММ

Баррасии сатҳи хизматрасонӣ

Таъсиси Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА

Парвандаҳои иқтисодӣ нисбат ба соли гузашта зиёд шудаанд

Ш. Орумбекзода: "Дар соҳаи фарҳанг ҳанӯз мушкилот зиёданд"

Нақшаи андоз 102,1 дарсад таъмин гардид

ДМИТ. Теъдоди аълохонон меафзояд

ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ. Бурдҳо ва бохтҳо

10 медали тиллои дастпарварони ДТҶТ

22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед