logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ПУШАЙМОНӢ
Хуршед бо вуҷуди қобилу оромтабиат будан, қариб ҳар рӯз ба дарс дер мекард. Чун аз дари синфхона медаромад, омӯзгор наздаш мехонд ва сабаб мепурсид. Хуршед сукут ихтиёр мекард. Омӯзгор чун ҳарвақта дастони кӯчаки ӯро рӯи миз гузошта, бо химча мезад. Ҳар бор дар чашмакони бегуноҳаш ашк ҳалқа занад ҳам, бо хомӯшӣ рафта ба ҷояш менишаст.
Рӯзе омӯзгор аз кӯчае гузар дошт, ки аввал писараки ношиносе сарулибоси мактабӣ дар бар ва аз паси ӯ Хуршед давида ба ҳавлие даромаданд. Ба гумони он ки назди падару модари Хуршед аз ӯ шикоят барад, оҳиста ба дарвоза наздик шуд, вале ногоҳ чашмаш ба манзараи аҷибе афтод: катбонуи фариштанамое, ки яқин модари шогирди ӯ буд, аз китфи писарак ҷузвдонашро гирифт, баъдан куртаашро бароварда, ба тани Хуршед пӯшонд. Китобҳои писари калониашро аз ҷузвдон гирифта, ба ҷои он дафтару қалами Хуршедро гузошт…
Муаллим ҳамоно аз назди дарвоза дур рафт. Ба дарёи андешаҳои сардаргум ғӯта зада, ба синфхона даромад. Даромаду аз пасаш Хуршед ҳам вориди синфхона шуд. Чун одати омӯзгораш ба ӯ маълум буд, бо сари хам ба ӯ наздик омада, дастакони кӯчакашро рӯи миз гузошт, аммо ин дафъа муаллим назад. Оҳиста дузону ба фарш нишаст ва панҷаҳои хурди шогирдашро, ки ҳанӯз аз зарбаи дирӯза сиёҳ шуда буд, бӯсид ва ноаён ашк рехт.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ПАРАНДАИ СОЛ
Ҳар сол олимону набототшиносони кишвар парандаи солро интихоб менамоянд. Мурғи ҳилоли тибетӣ парандаи соли 2017 эълон гардидааст.
Он парандаи муқимии баландкӯҳҳои Помири Шарқӣ буда, дар қаторкӯҳҳои Вахон, Сарикӯл ва Аличури Ҷанубӣ паҳн гардидааст. Ин паранда намояндаи калонҷуссаи тазарвҳо буда, вазни он аз 2 то 3 килограммро ташкил медиҳад.
Муҳити сукунати мурғи ҳилолро минтақаҳои баландкӯҳи дорои нишебиҳои серхарсангу марғзорҳои алпӣ ташкил медиҳад, ки дар баландиҳои 3600 - 5200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Мавҷудияти чашмаҳо яке аз шартҳои асосии сукунати ин паранда дар ин минтақа мебошад. Ғизои мурғи ҳилол рустаниҳо ва ҳашароти хурд аст. Он парандаи сернасл буда, аз 6 то 15 тухм мегузорад. Саршумори умумии он дар Помири Шарқӣ тақрибан 400 ададро ташкил медиҳад.
Мурғи ҳилоли тибетӣ, ки рамзи кӯҳсори Тоҷикистон аст, ҳамчун парандаи нодир ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шомил гардидааст.
Маҷид САЛИМ


ДУНЁИ МАН ТУӢ!
- Маро дӯст медорӣ?
- Бале.
- Ин тавр бошад, фарёд бизану инро баланд бигӯ, то дунё шунавад.
Ҷавон ба гӯши духтар оҳиста гуфт:
- Ман туро дӯст медорам.
- Чаро оҳиста ва ба гӯшам гуфтӣ?
- Азизам, дунёи ман туӣ!
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


ХУДАМРО МЕСАНҶАМ!
Бемор:
- Сардухтур, мехоҳам донам, ки маро шахсан худатон ҷарроҳӣ мекунед? Ин бароям бисёр муҳим аст.
- Албатта. Медонед чӣ, ақаллан дар як сол як бор ман бояд худамро санҷам, ки ягон чӣ дар ёдам мондааст ё не.
Таҳияи  Л. РИЗОЕВА


ДАЛЕЛИ ОФТОБ
Маънии луғавии «Офтоб» - ро  аз «оф» - ҷирм ва «тоб» - тобанда, тобон донистаанд ва дар ин хусус навиштаанд. Ба ҷуз ин, онро ситораи нурдиҳанда, маркази низоми шамсӣ, ки равшаниву ҳарорати  замин низ аз он ҷост, хондаанд.
Чун телескоп ихтироъ шуд, мушоҳидаи он  хусусияти илмӣ ба худ касб кард. Дар натиҷа дар офтоб «доғҳо» ҳам пайдо намуданд.
Дар баҳру бар истифода аз нуру гармии офтоб, тибқи маълумоти олимони соҳа, 99 дарсадро ташкил медиҳад. Аз ихтирооти одамӣ дар ин маврид 1 дарсад истифода мешавад ва ин як фоиз ҳам холӣ аз он сад фоизи нуру гармии офтоб нест.
Бархе аз олимон дар асри рафта бар ин ақида буданд, ки нурҳои офтоб бо даргузашти вақт ё худ садсолаҳо ба тадриҷ кам мегардад. Аслан ин масъала ба чандин садсола пештар барои орифону шоирони мо  бовар нокарданӣ буд ва ба он посухе сазовор додаанд.
Аз ҷумла, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар асари «Маснавии маънавӣ» - аш меорад:
Чун ту хаффошон басе бинанд хоб,
К – ин ҷаҳон монад ятим аз офтоб.
Ба гуфти Шайх Саъдии Шерозӣ шабпара васли офтобро  намехоҳад, аммо равнақи бозори он андаке ҳам намекоҳад.
Офтобро ошиқе низ тасвир намудаанд, ки рухи зард дораду чун мотамзадагон ҳамеша ҷомаи кабуд ба бар.
Ба ҳангоми ғуруб гӯиё онро куштаанд, ки домани пурхун дорад.
Бо вуҷуди ин ҳама, офтоб офтоб аст ва ба ҳеҷ чиз монанд нест.
Офтоб омад далели офтоб,
Гар далелат бояд, аз вай рӯ матоб.
Беш тобидану нуру гармӣ додани он дар ҳеҷ сурат ба манфиати мо нест. Агар беш битобад, чӣ хоҳад шуд? Ба ин пурсиш Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ посух гуфтааст:
Офтобе, к - аз вай ин олам фурӯхт,
Андаке гар беш тобад, ҷумла сӯхт.
Абдулқодири РАҲИМ


ЧӢ ТАВР МИЛЛИАРДЕР МЕШАВАНД? ЧАНД ПЕШНИҲОДИ ҶОЛИБ:
Барои тиҷорат ҳар доллар ва ҳатто ҳар 10 сент муҳим аст. Шумо инро майдабозӣ меномед? Ман бошам, новобаста аз он ки чӣ харидан мехоҳам – мошин ё чуткаи дандошӯй, ҳамеша барои муқоисаи нархҳо вақт ҷудо мекунам. 

Ҳеҷ вақт рухсатӣ негиред. Он ба шумо чи лозим? Агар кор хушнудӣ набахшад, пас  шумо дар ҷойи лозимӣ кор намекунед. Ман масалан, ҳатто ҳангоми бозӣ ба голф, тиҷоратамро давом медиҳам.

Барои гузарондани зиндагӣ ҳаргиз қарз нагиред. Қарзҳоро танҳо барои маблағгузории лоиҳаҳои корие равон кардан лозим аст, ки ба шумо фоида меоранд.

Барои муваффақ шудан, бояд худро аз 98 дарсади одамони сайёра канор гирифт. Агар шумо хоҳед, ки ба 2 дарсади интихобшудагон ворид шавед, ба шумо лозим меояд, ки мушкилоти дар назари аввал ҳалнашавандаро зуд бартараф намоед.

Шумо худатон ба одамон он андешаеро, ки бояд дар бораатон  дошта бошанд, талқин мекунед. Чунон рафтор кунед, ки ҳама фаҳманд: шумо арзиши гарон доред.  Он гоҳ мардум ба шумо ҳамин гуна баҳо медиҳанд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


ГУРБА ҲАММУАЛЛИФИ ПРОФЕССОР
Вақте ба профессор, физики машҳур Ҷейк Хезерингтон хабар доданд, ки, бинобар дар кори илмияш истифода шудани ҷонишинҳои «мо» ва «аз мо», муаллифи ягона буда наметавонад, ӯ аз сар навиштани рисолаашро нозарур шумурда, дар охир лақаби гурбаашро ҳамчун ҳаммуаллиф илова мекунад.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


550 ГЕКТАР ҶАНГАЛИ ҶОДАВ ПАЙЕНГ
Ҷодав Пайенг, як навраси ҳиндустонӣ, баъди обхезӣ дар тунукоби регзор як тӯда морҳои мурдаро дид. Ӯ қарор дод, ки ин бо сабаби барои зиндагӣ маконе надоштани хазандагон рух додааст. Он ҷо ягон дарахт набуд, ки морҳо тавонанд аз гармо пинҳон шаванд.
Ҷодав ба шинондани дарахтҳо сар кард. Ба ӯ мегуфтанд, ки дар регзор чизе, ғайр аз бамбук намерӯяд. Аммо ин писарро аз раъйяш боз надошт. Тухми рустаниҳои гуногунро оварда мекишт. Пайенг ҳатто мӯрчаҳоро меовард, ки ба ин ҷо одат карда, барои экосистемаи табииро барқарор кардан кумак намоянд. Имрӯз масоҳати ҷангали парваридаи Пайенг 550 гектарро ташкил медиҳад. Анбӯҳи дарахтон барои ҳайвонот манзили зисти хубе гаштааст.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ


ОДАМОН АЗ ЗАМИН КӮЧ МЕБАНДАНД
Олими англис Стивен Хокинг дар Фестивали байналмилалии илм ва ҳунари Starmus IV эълом дошт, ки инсоният дар 30 соли оянда мигратсияи одамон аз Замин шурӯъ хоҳад шуд.
Ба андешаи олим ин муддат  басанда аст, ки инсоният дар Моҳ ва дар тӯли 50 соли минбаъда дар Миррих низ базаҳои худро сохта мавриди истифода қарор диҳад.  Хокинг ҳадс мезанад, ки намунаҳои олами рустаниҳо ва ҳайвоноти ба ин сайёраҳо интиқолшаванда зуд ба муҳити он унс гирифта, инкишоф хоҳад ёфт. 
«Одамон маҷбур мешаванд, ки Заминро тарк намоянд. Он, хоҳу нохоҳ, барои одамон тангӣ мекунад, захираҳояш низ ба охир расида истодаанд», - иброз дошт физики машҳур. Хокинг, ҳамчунин, таъкид менамояд, ки мигратсия мушкилоти зиёдшавии аҳолиро низ рафъ менамояд. «Амали мазкур хатари ба Замин бархӯрдани астероид ва гармшавии иқлимро ҳам бартараф месозад», - илова менамояд ӯ.  Азхудкунии коинотро физик монанд ба кашфи Амрико аз ҷониби  Христофор Колумб медонад. Ба андешаи ӯ ин як амали одӣ ва зинаи навбатӣ дар рушди инсоният ба ҳисоб меравад.
Таъкид менамоем, ин бори нахуст нест, ки физик колонизатсияи сайёраҳои дигарро пешниҳод намояд. Ин андешаро ӯ аз соли 1988 талқин менамояд. «Айни ҳол зарурати анҷом додани ин амал бештар аён гардида истодааст», - гуфтааст Стивен Хокинг дар Starmus IV.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


АФРИҚОИҲО ДАР ДАВИДАН, АВРУПОИҲО ДАР ШИНОВАРӢ
Тадқиқотгарони амрикоӣ возеҳ намуданд, ки одами нажоди муайян метавонад истеъдоди модарзодиро дар намуди мушаххаси варзиш дошта бошад. Олимон ошкор намуданд, ки чаро намояндагони нажоди сиёҳпӯст дар пайроҳакҳои давидан ҳокимият доранду намояндагони сафедпӯстон дар ҳавзҳои шиноварӣ. Сирри он дар мавқеи ҷойгиршавии ноф дар тани варзишгар аст. Зеро ноф ҷозибаи (гравитатсияи) марказии тан маҳсуб мегардад.
Профессор Андре Биджан аз донишгоҳи Дюкс чунин шарҳ медиҳад: «Барои муқоиса ду давандаи ҳамқад ва шиноварро бигиред. Якеи онҳо африқоӣ ва дигаре аврупоӣ. Чунин шудааст, ки дар бунёди тани давандаҳои африқоӣ ин маркази ҷозиба анча болотар нисбат ба давандаҳои аврупоӣ мустақар гардидааст ва ин дар давиши спринтӣ ба онҳо бартарӣ медиҳад. Алалхусус, ин мансуб аст ба давандаҳо аз Африқои Ғарбӣ. Пойҳои варзишгарон – атлетҳои Африқои Ғарбӣ нисбат ба давандаҳои аврупоӣ дарозтаранд, яъне ин мафҳуми онро дорад, ки нофи онҳо нисбат ба сафедпӯстон тахминан се сантиметр болотар мебошад» - тасдиқ мекунад Биджан. Варзишгарони сиёҳпӯст 3 дарсад нисбат ба сафедпӯстон баландтаранд ва ин ба онҳо имкон медиҳад, ки суръаташонро биафзоянд.
Аммо дар шиноварӣ варзишгарони сафедпӯст пешсафанд. Сафедпӯстон тани дарозтар доранд ва нофашон нисбат ба варзишгарони африқоӣ пойинтар ҷойгир шудааст. «Шиноварӣ – ин худ гӯё ҳаракатест дар рӯйи мавҷҳо, ки аз тарафи шиновар ба вуҷуд оварда мешавад. Шиновар мавҷи калонро ба вуҷуд оварда, зудтар шино мекунад ва бадани дарозаш имкон медиҳад мавҷҳои бузург пайдо шаванд», - мегӯяд Биджан.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ЛИОН. ТОҶИ АРЗИШАШ 1 МИЛЛИОН ЕВРО ДУЗДИДА ШУД
Тоҷи дуздидашуда ба асри 19 тааллуқ ва дар осорхонаи Лион нигоҳ дошта мешуд, - хабар додааст нашрияи 5-tv.ru.
Он бо 1800 адад сангҳои қиматбаҳо ва марворидҳо зеб дода шудааст. Ба ғайр аз тоҷ ангуштарин ва кубоки дар низоми доимии намоишбуда ҳам ба яғмо рафтаанд. Мувофиқи маълумоти кормандони полис дуздӣ дар асоси нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда амалӣ шудааст. Яғмогарон нисфи шаб ба воситаи хомӯш намудани сигнализатсия ба бино ворид шудаанд. Бо вуҷуди фавран ба ҷои воқеа ҳозир гардидани кормандони хадамоти зудамали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкони сари вақт фош кардани ҷиноят ба онҳо даст надод.
Таҳияи М. БЕРДИЁРОВ


Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд
УСТУРАИ ДОГОНҲО
Дар соли 1950 этнографҳои фарангӣ Марсел Гриол ва Жермена Дитерлен мақолае нашр карданд дар бораи догонҳо - халқияти камшумори африқоие, ки ҳоло дар ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Малӣ ба сар мебаранд. Устураи (мифологияи) догонҳо шаҳодат медодаанд, ки ин халқ дар давраҳои қадим дар бораи галактикаи спиралӣ, хосиятҳо ва маҳруки (траекторияи) парвози ба чашм ноаёни радифи Сириус, дар бораи чор радифи бузургҳаҷми Юпитер ва дигар воқеаҳои кайҳонӣ, ки акнун ба илми замони муосир маълум гаштанд, маълумот доштаанд. Устураҳои догонӣ дар бораи бо «киштии даврзананда» ба Замин фаромадани махлуқоти бо шабакаи ситораҳои Сириус алоқадошта ривоят мекунанд. Иттилои аз пирони догонҳо гирифтаашонро Гриол ва Дитерлен чоп карда, иброз доштаанд, ки дар назди худ мақсад нагузоштанд, то бифаҳманд, ки ин мардуми аз илми муосир бехабар ва бе ягон асбоби кайҳоншиносӣ чӣ тавр дар бораи ҳаракати ситораву сайёраҳо маълумот ғун намудаанд. Танҳо ривоятҳои онҳоро дар хусуси коинот ҷамъ овардаанд. 
Баъди чопи «Асрори Сириус» - китобҳои Эрик Гере ва Роберт Темпл дар солҳои 1975 ва 1976, устураҳои догонҳо ба далелҳои асосӣ дар хусуси робита доштани намояндагони сайёраҳои дигар бо аҳолии Замин табдил ёфтанд.  Оид ба устураҳои догонҳо дар нашрияҳои илмӣ баҳсу мунозираҳо авҷ гирифтанд. Марсел Гриол ҳангоми омӯхтани фарҳангу маданияти догонҳо аз рӯи усули «чизе, ки шунидӣ, ҳамонро навис» амал намуда буд. Ҳатто зикр карда буд, ки догонҳо телескопи даврашакли оинааш фурӯхамида ҳам доштаанд. Догонҳо медонистаанд, ки дар атрофи Сириуси «асосӣ» (Сириуси А) радифи ба чашм ноаёне – паканаи майдаяки гаронвазни сафедаки Сириуси В чарх мезанад. Хайр, фарз кардем, ки догонҳо ба воситаи «телескоп» ситорачаи заифакеро дар бари Сириуси А дидаанд, аммо чӣ тавр онҳо ба хулосае омаданд, ки ин «ситорача аз ҳама ситораҳои мавҷуда гаронвазн аст». Массаи Сириуси В-ро астрономҳо дар асри ХIХ ва ҳаҷмашро дар асри ХХ аниқ карданд ва гуфтанд, ки он аз ҷинси фавқулода зич таркиб ёфтааст, аз ин рӯ, хурд бошад ҳам, гаронвазн аст. Пас, пурсида мешавад, ки чӣ тавр догонҳо дар асрҳои қадим ба ин амал даст ёфтанд?    
Догонҳо медонистаанд, ки Сириуси В дар атрофи меҳвари худ чарх мезанад ва боз Сириуси сабуки С ҳаст ва Роҳи Каҳкашон шабакаи спиралии ситораҳост. Албатта, бо телескоп ситораҳоро дидан мумкин, вале барои ҳисобҳои дақиқ вай кофӣ нест. Пас, онҳо аз кӣ дониш омӯхтаанд? Шояд аз онҳое, ки аз дигар сайёраҳо омада буданд? Эҳтимол догонҳо авлоди меҳмонон аз сайёраи ғайр бошанд? Ҷустуҷӯи Сириуси С аз соли 1920 оғоз гашт. Агар кашф гардад, ҳангомае дар илм хоҳад шуд. Ба ҳар ҳол устураи донгонҳо дар ниҳоди худ сирри зиёдеро ниҳон дорад, ки шояд рӯзе ифшо шавад.  
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


КАМ - КАМ АЗ ҲАР СӮ
Агар аҳолии Чин  қадам зада аз назди шумо гузаштанро оғоз намояд, ин қадамзанӣ ҳеҷ гоҳ ба охир намерасад, зеро ба ҳангоми аз наздатон гузаштани як чинӣ, дуи дигар ба дунё меояд.
***
Дар Ҷопон истгоҳи роҳи оҳане мавҷуд аст, ки  онро танҳо ба хотири як мусофир нигоҳ медоранд. Духтарчаи  хурде аз он ба қатора нишаста, ҳар субҳ ба мактаб мераваду нисфирӯзӣ бармегардад. 
***
Гавҳараки чашмони мо аз замони ба дунё омадан то ба охири умр андозаи худро дигар намекунад. Аммо гӯшу бинӣ ҳеҷ гоҳ аз инкишоф намемонанд.
***
Соҳибхонаҳо ба ҳангоми анҷом додани кори хона ба ҳисоби миёна дар як рӯз 11 километр роҳро тай менамоянд.
***
Хадамоти ҷосусии кишварҳои мухталиф дар кори худ аз «хизмат» - и  ҷонварон низ «ба таври васеъ» истифода мебарад. Барои мисол, соли  2007 кормандони артиши Эрон 14 санҷоби ҷосусро  дастгир намуданд, ки ин дар таърихи хадамот воқеаи нодир ба ҳисоб меравад.
Таҳияи Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ


9 ЗАН ИРОДАИ ҚАВӢ
(Идома аз "Шоми шанбе" - и гузашта)
Ин бор сухан аз заноне меравад, ки бо иродаи қавӣ тавонистанд ҳаёти худро тағйир дода, бо саъю кӯшишҳои пайваста қуллаҳои баландро тасхир кунанд.
Грейс Ҳоппер
Дар соҳаи математика аввалин зане мебошад, ки унвони доктори илмҳоро соҳиб шудааст.   Дар 37 - солагӣ  ихтиёран ба сафи Неруҳои ҳарбии баҳрӣ пайваст. Ба номи ӯ яке аз киштиҳои ҳарбӣ гузошта шуд. Инчунин, ба номи ӯ ҷоизае таъсис ёфт, ки ҳар сол ба барномасозони ҷавон тақдим мегардад.

Билли Ҷин Кинг
Теннисбози машҳури ҷаҳон, ки тӯли ҳунарнамоии варзишиаш бар мардон низ ғолиб омадааст.
Ӯ варзишгарзанест, ки дар тамоми мусобиқаҳои «Тоскулоҳи бузург» оид ба теннис пирӯз гашта, миёни занон дар мусобиқаи Уимблдон беш аз ҳама ғолибият ба даст овардааст. Дар баробари ин, бо ташаббуси ӯ Ассотсиатсияи ҷаҳонии тенниси занона бунёд ёфтааст.
Таҳияи Лола РИЗОЕВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2017    №: 147    Мутолиа карданд: 247

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед