logo

иқтисод

ЭКСПО – 2017: "ЭНЕРГИЯИ ОЯНДА". САРВАТҲОИ ОБИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ҶАҲОНИЁН

Аз ифтитоҳи павилйони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтисосии  Остона – ЭКСПО – 2017: «Энергияи оянда», ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, як моҳ сипарӣ шуд. Тайи ин муддат намоишгоҳи (павилйони) Тоҷикистонро қариб 100 ҳазор нафар арбобони сиёсат, ҳайатҳои ҳукуматӣ, соҳибкорон, сайёҳон, роҳбарону намояндагони ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, сармоягузорон аз ҳамаи қораҳои олам тамошо карданд.
Тавре аз Палатаи савдою саноат ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, Тоҷикистон дар ЭКСПО – 2017: «Энергияи оянда» пиряхҳои азим, кӯлу дарёҳои зебою обашон ширин, манзараҳои дилкаши табиат, кӯҳсорони боҳашамати барфпӯш, чашмаҳои шифобахш, водиҳои ҳосилхез – табиати нотакрори кишварро манзури тамошобинон  намудааст.
Тамошобин баробари ворид шудан ба павилйон дармеёбад, ки Тоҷикистон яке аз минтақаҳои нодири ҷаҳон  аст, ки захираҳои азими энергетикӣ ва сайёҳиро дорост. Маълумотнома бо забонҳои англисӣ, русӣ ва қазоқӣ дар бораи  имконоту захираҳои энергетикии Тоҷикистон  маълумоти фаровон медиҳад. 60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ аз ҳудуди Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Ҳаҷми захираҳои энергетикии кишвар бештар аз 527 миллиард кВт – соатро ташкил медиҳад ва он саросар энергияи барқароршавандаи ба истилоҳи ҳозира «сабз», яъне аз нигоҳи экологӣ тозаю безарар ва арзону  дастрас мебошад, ки ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ сӯи он роҳ пеш гирифтааст. Имконоти Тоҷикистон ба се талаботи асосӣ аз энергияи оянда - тозагии экологӣ, арзонию дастрасӣ ва безарар будани он ба муҳити зист комилан ҷавобгӯст.
Тарҳҳои зебо нигоридаи обанбор ва сарбанди Неругоҳи барқи обии Норак, ки усули  бунёдаш дар ҷаҳон камназир аст ва на аз оҳану бетон, балки аз масолеҳи табиӣ сохта шуда, ба зилзила бештар аз дарғотҳои сунъӣ тобовар мебошад, захираю имконоти бесобиқаи истеҳсоли энергияи барқароршаванда («сабз»), лоиҳаи интиқоли барқ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (дар марҳилаи аввал Тоҷикистону Қирғизистон) ба Осиёи Ҷанубӣ (барномаи CASA – 1000) диққати тамошобинонро зиёд ҷалб мекунанд ва якҷо бо манзараҳои марғуби сайёҳӣ ҳар бинандаро мафтун месозанд. Беҳуда нест, ки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш  баъди боздид Тоҷикистонро  кишвари зеботарини дунё ном бурд.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, хусусан нашрияҳои Қазоқистон, «Тоҷикистон тавонист дар ЭКСПО – 2017 арзишҳои табиии кишварро бо камоли ҳунармандӣ ва зебоӣ ба намоиш гузорад». Имрӯз Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари пешоҳангу ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об эътироф шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  узви Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - сиёсатмадори барҷастаи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои арзишманди худ яке аз роҳбарони фаъоли сайёра дар  ҳалли масъалаҳои глобалии истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳамкориҳо дар бахши мудирияти об ва шароит фароҳам овардан барои дастрасии ҳар сокини сайёра ба оби тоза маъруфият пайдо намудааст. Маҳз бо ташаббуси Сарвари Тоҷикистон Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории қариб тамоми (193 давлат) аъзо солҳои 2018 – 2028 – ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълом кард. Дар бораи ин ва ташаббусҳои дигари ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об дар навори видеоӣ бо тавзеҳот маълумоти кофӣ пешниҳод шудааст.
Павилйон, ҳамчунин, дар бораи фарҳангу ҷашнҳо (Наврӯз, Сада, Меҳргон), ҳунарҳои мардумӣ, таърихи давлатдорӣ ва миллати тамаддунофари тоҷик, шаҳрсозӣ, сарватҳои ғании зеризаминӣ ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии кишвар маълумоти муфассал медиҳад ва шавқу рағбатро барои рушди ҳамкорӣ ва тамошои Тоҷикистони биҳиштосо бармеангезад.
Даъват ба масъулияту ҳамкорӣ, рушди «энергияи сабз», ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва нигоҳдории онҳо барои наслҳои оянда ҳадафҳои асосии Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО – 2017: «Энергияи оянда» эълом шудаанд. Ҳадафҳои  хосаи Тоҷикистон дар ин чорабинии сатҳи баланд муаррифии имконоту захираҳои азими энергетикию сайёҳӣ, боло бурдани эътибору маъруфияти кишвар, пайдо намудани шарикони нави иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя барои татбиқи барномаҳои фарохдомани иқтисодию иҷтимоии рушди мамлакат мебошад.
Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО – 2017: «Энергияи оянда», ки 10 июни соли равон дар шаҳри Остона – пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ифтитоҳ ёфт, се моҳ – то 10 сентябр идома меёбад.
Ҷумҳурии Қазоқистон барои дар шаҳри Остона баргузор намудани  намоишгоҳи махсусгардонидаи  байналмилалӣ соли 2011 ба Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо дархост пешниҳод намуда буд. Дар  ҷамъбасти даври ниҳоии озмун Остона бар ҳарифи асосии худ шаҳри Лйежи Шоҳигарии Белгия ғолиб омад. Айни замон дар намоишгоҳи байналмилалии Остона 110 кишвари ҷаҳон  ва беш аз 70 ширкати маъруфу  созмонҳои байналмилалӣ иштирок доранд. Намоишгоҳи ояндаи умумиҷаҳонӣ соли 2020 дар  шаҳри Дубай – пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад ва то он замон, бовар ҳаст, Тоҷикистон дар ҷаҳон бо рушди "энергияи сабз" ва сайёҳӣ маҳбубияту эътибори хоса касб мекунад.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2017    №: 147    Мутолиа карданд: 750
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед