logo

сиёсат

ДАСТУРИ ЗИНДАГИСОЗ Ё ҲУҶҶАТИ РАҲНАМОЕ, КИ АЗ ХУБ БА ХУБТАР МЕБАРАД

 Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бори дигар ин амрро собит сохт, ки давлату Ҳукумат дар беҳбудии сатҳи зиндагӣ ва рӯзгори аз имрӯз ҳам шоистатари мардум тадбирҳои иловагию иқдомоти тозаеро роҳандозӣ менамояд.
Ин буд, ки ба манзури рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт ва гиромидошти расму оинҳои воқеан миллӣ Пешвои муаззами миллат бори дигар ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар суханронии хеш зарурати қабулу вижагиҳои қонуни мавриди назарро таҳлил ва амиқан шарҳу тавзеҳ доданд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки “Яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернет дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, расму оинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон торафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд”.
Хушбахтона, қабули ин санади муҳиму зиндагисоз, ки ҳамчун қонуни миллӣ шинохта шуд, барои аз байн бурдани ҳар гуна расму оинҳои хурофотӣ ва нолозиму серхароҷот нақши мусбат гузошт. Зеро он на танҳо ба танзими расму оинҳо мусоидат кард, балки ҳамагонро ба фарҳанги рӯзгордорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва суннатҳои мардумӣ ҳидоят намуд. Тавре аз таҳлилу баррасиҳо, фикру андеша ва таклифу пешниҳодҳои мардум оид ба такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маълум шуд, ин санад, пеш аз ҳама, дар рифоҳи зиндагии мардум таъсири нек гузошт. Аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда зимни баргузории тӯю маъракаҳо ва дигар суннатҳои  мардумӣ барои садҳо нафар навхонадорон манзили истиқоматӣ бунёд ёфта, садҳо нафари дигар ба зиндагии шоиста даст ёфт. Ҳамзамон, имкон фароҳам омад, ки дар оилаҳо барои таҳсили фарзандон пасандоз ҷамъоварӣ  ва барои тадриси онҳо равона шавад. Ин ҳақиқатро мо - омӯзгорон беш аз дигарон мушоҳида намуда, бо тамоми ҳастӣ барои татбиқи муқаррароти қонун иқдом карда, талошҳои маънавиасоси роҳбарияти олии кишварро ҷиҳати боз ҳам такмилу тавсеаи ин санади миллӣ ҷонибдорӣ менамоем.
Сарвари давлат дар мулоқот ба муносибати 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, телевизион ва радио, ҳамчунин, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои қонуни мазкур китоб ва дигар маводи фарогири панду андарзҳоро оид ба сарфаю сариштакорӣ таҳия ва ба табъ расонда, манзури сокинони кишвар гардонанд. Мутмаинем, ки ин дастури созанда дар таҳкими зиндагии боз ҳам шоистатари мардум ва татбиқи босамари риояи муқаррароти қонуни миллӣ заминаҳои нав фароҳам месозад.
Бобо МИРЗОЕВ,
мудири кафедраи иқтисодиёти
комплекси агросаноатии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, номзади илми иқтисодӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2017    №: 147    Мутолиа карданд: 228

22.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Кай Микканен

Баррасии татбиқи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф матраҳ гаштанд

Ҷаласаи XVI Кумитаи ҳамкории гумрукӣ

10 комбайни нав дар шолизор

21.09.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Хосе Гратсиано да Силва

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ

Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ

Дар Хуросон ҳосили хуб ба даст оварданд

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Мексика ба 230 нафар расид

Дар Арабистони Саудӣ ба иди миллӣ бори нахуст занонро даъват намуданд

Насли нави рақамӣ иқтисоди Чинро дигар мекунад

20 миллиони фонди Ди Каприо ба ҳимояи муҳити зист

Дар дунё 40 миллион дар ғуломӣ қарор дорад

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед