logo

Хабарҳо

Вохӯрӣ бо роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ

Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои Аврупои Марказию Шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хонум Афшан Хон вохӯрӣ кард.
Ҷонибҳо  оид ба паҳлуҳои гуногуни муносибатҳои тарафайн ибрози ақида намуда, аз вазъи феълии ҳамкориҳои муштарак дар самти ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Зикр гашт, ки яке аз ниҳодҳои фаъол дар таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак мебошад, ки бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, механизми самараноки татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба шумор меравад. Тавассути он фаъолияти мақомоти давлатӣ, маҳаллӣ, шаҳраку деҳот, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва танзими масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд ҳамоҳанг карда мешавад.
Афшан Хон иброз намуд, ки тайи чанд соли охир Тоҷикистон дар ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид ва Хазинаи кӯдакони СММ  барои тавсеаи ҳамкориҳо дар ин самт  ҳавасманд аст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 155
18.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо сафири тозатаъйини Озарбойҷон

Ҷамъомади муҳим дар Кумитаи рушди маҳал

Супурдани эътимоднома ба Президенти Беларус

Самтҳои асосии рушди туризм матраҳ гаштанд

Шиносномаи Тоҷикистон дар сархати 81-уми раддабандии байналмилалӣ

Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд

Президенти Миср: «Баҳори арабӣ» ба «хазон шудан» - и 1,4 миллион нафар сабаб гашт»

YouTube тавассути технологияҳои нав 98 дарсади видеоҳои экстремистиро ошкор сохт

Дар баҳри Миёназамин 1400 муҳоҷир наҷот дода шуд

Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд

Истифодаи партовҳои электронӣ барои ороишоти заргарӣ

16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ

«Тоҷик Эйр» теъдоди парвозҳоро ба Деҳлӣ зиёд мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Кореяи Шимолӣ омода аст ба Кореяи Ҷанубӣ пайвандад

Интиқоди сарвазири Маҷористон аз сиёсати ИА нисбат ба Русия

Чин соли гузашта аз хориҷа 1300 порахӯрро баргардонд

Қирғизистон: зарар аз коррупсия 1, 4 миллиард сом

Консерни Lactalis миллионҳо бонка ғизои кӯдаконаро бозмехонад

«Реал» барои Неймар аз баҳри Роналду мегузарад?

12.01.2018


Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимтарини Паём дар ВМКБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед