logo

иқтисод

ФУРӮЗОНАКҲОИ СИМОБДОР БЕЗАРАР ГАРДОНДА МЕШАВАНД

Соли 2011 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» қабул гардид. Аз он замон то инҷониб дар мамлакат беш аз 325 ҳазор фурӯзонаки  симобдор аз ҷониби кормандони КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»  ҷамъоварӣ ва безарар гардонда шудааст. Ин нишондод  назар ба шумораи аслии фурӯзонакҳои истифодашуда ниҳоят кам буда, шаҳодати равшан аст, ки садҳо ҳазор чунин фурӯзонак ба  партовгоҳҳои  пойтахт ва шаҳру навоҳии кишвар партофта шудаанд.
Марҳабо Султонова,  муовини директори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»,  изҳор дошт, ки сари вақт ҷудо нашудани маблағи зарурӣ ҷиҳати ҷамъоварию безараргардонии фурӯзонакҳои симобдор  аз ҷониби мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо яке аз мушкилоти асосӣ дар ин самт мебошад. Барои безараргардонии ҳар як лампа дар партовгоҳҳои шаҳри Душанбе 68 дирам муқаррар гардидааст. Дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ маблағи коркарди фурӯзонакҳои мазкур нархи гарон надорад. Корхона  тасмим гирифт, ки дар асоси таҳияи лоиҳа оид ба безараргардонии чунин лампаҳо  сармояҳои зарурӣ  ҷалб намуда, раванди коркарду безараргардонии фурӯзонакҳои корношоями симобдорро  дар мамлакат беҳбудӣ бахшад. Аз рӯи лоиҳаи мазкур  ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳо дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Хоруғ ва Хуҷанд  ба наздикӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.   
Аҳрор Раҳимов, соҳибкори инфиродӣ, ки чанд сол боз ба коркарди партовҳои электронӣ машғул аст, нигоҳдорию безараргардонии фурӯзонакҳои корношоями симобдорро хеле мураккаб арзёбӣ намуд.
- Барои ташкили системаи безараргардонии лампаҳои  номбурда, пеш аз ҳама, технология  ва инфрасохтори коркарди он  лозим меояд, ки на ҳар корхона ва соҳибкор тавони хариданашро  дорад. Ҳоло дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ба хориҷи кишвар бурда,  коркард намудани ин партов муфидтар аст. Дар акси ҳол шумораи онҳо дар партовгоҳҳои кишвар афзуда, хавфи заҳролудшавии муҳити зист бештар мегардад, - гуфт номбурда.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2017    №: 148    Мутолиа карданд: 167

21.08.2017


Ассотсиатсияи нархгузорӣ таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Полиси Барселона гумонбари асосии амали террористиро ҷустуҷӯ дорад

Русия дар кори расондани ёрии башарӣ аз ҷумлаи пешсафони дунёст

Қирғизистон метавонад худро бо шакар таъмин созад

Инқилоби гази тахтасангӣ дар Чин

ИМА баъди торумори «ДИ» дар Сурия монданӣ нест

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед