logo

иқтисод

КИШОВАРЗӢ ЗАРУРАТИ ПЕШРАВӢ ВА РАҚОБАТПАЗИРӢ

Барои рушди иқтисодиёти деҳот пайдо кардани роҳи муносиб барои афзоиши истеҳсолоти ивазкунандаи молҳои воридотии озуқаворӣ зарур аст. Ин роҳи гузариш аз ғизотаъминкуниҳои бесарусомон ба маҳсулоти кишоварзии худӣ мебошад.
Аз ҳад зиёд пур намудани бозори дохилӣ бо маводи озуқаи воридшуда, ки сифати он низ шубҳаангез аст, барои истеҳсоли aграрии ватанӣ низ таъсири манфӣ мерасонад.
Барои боло бурдани ҳаҷми истеҳсоли молҳои содиротӣ ва воридотивазкунанда, қабл аз ҳама, бояд робитаҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва шарикони тиҷоратию иқтисодӣ  бо мақсади мавқеъ пайдо кардан дар бозор хуб роҳандозӣ шаванд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бобат имкониятҳои хуб дорад. Узвияти мамлакат дар созмонҳои асосии  иқтисодию тиҷоратии байналмилалӣ ва  минтақавӣ (ИДМ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони ҷаҳонии савдо, ин имкониятро  боз ҳам фарохтар месозанд.
Барои ҳавасмандсозии истеҳсол-гарони ватанӣ низ воситаҳои зиёд мавҷуданд. Танзими бозор, пардохти товони зарар, таъмини босуботи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ёрӣ дар фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, меъёрбандӣ бо квота, дастгирӣ барои "беҳтарин" нархҳо, қарзҳои имтиёзнок, имтиёз дар андозбандӣ ва субсидияҳо аз ин ҷумлаанд.
Истеҳсол, харид, нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯши ашёи хом ва озуқаворӣ, содироти онҳо бояд дар асоси барномаҳои минтақавӣ ҷараён гиранд. Барномаҳо бояд вазифаҳои зеринро дар бар гиранд:  барқарор намудани таҷҳизоти техникии корхонаҳои кишоварзӣ, фароҳам овардани шароит барои худкифоии молиявӣ, муайян намудани сатҳи минтақавии талабот ба истеҳсолот, истеҳсоли маҳаллӣ, содирот ва воридоти он,  таъмини ҳавасмандиҳо ба истеҳсолот,  таъсис додани бозори саноатии танзимшаванда, ки дар он танзими давлатӣ барои истеҳсоли техника, нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ, хӯрока ва ғайра бояд мувофиқи квота бошад.
Фаррух АБДУВОСИЕВ,
номзади илмҳои кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2017    №: 148    Мутолиа карданд: 603
09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед