logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲО

14 июли соли равон миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба муносибати 25 - умин солгарди барқарор намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷалолатмаоб!
Бо камоли масаррат Шуморо ба муносибати санаи мубораки таърихӣ – 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон самимона табрик менамоям.
Мо аз он қаноатмандем, ки тӯли ин солҳо муносибатҳои анъанавии дӯстонаи мо асоси боэътимоди қарордодиву ҳуқуқӣ пайдо карда, бо талоши фаъолу созандаи ҳар ду ҷониб пайгирона густаришу тавсеа ёфтанд, ки ин ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ ва ормонҳои мардумони ду кишвари дӯст мебошад.
Бо истифода аз ин фурсат изҳори итминон менамоям, ки равобити неки ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн, ки дар сархати стратегияи минтақавии Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд, дар оянда низ рушди матлуб хоҳанд ёфт.
Ба Ҷалолатмаоб сиҳатмандиву комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Афғонистон сулҳу амният ва саодату пешрафт таманно дорам».

Дар барқияи табрикии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ниҳоят хушҳолам маротиби беҳтарин таманниёти неки хеш ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба муносибати 25-умин солгарди эҷоди равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷаноби Олӣ иброз намоям.
25 соли равобити дипломатии ду кишвари мустақил ва озод баёнгари иродаи сиёсии устуворест, ки реша дар умқҳои таърих, фарҳанг ва тамаддуни муштаракамон дорад. Бо такя ва таъкид бар ин ҳақиқати халалнопазир мо метавонем ба пайгирии манфиатҳои миллӣ минтақаи муттаҳидеро эҷод кунем, ки роҳоварди он амният, субот ва инкишофи пойдор дар минтақа аст.
Бар асари саъю талоши Ҷаноби Олӣ мардуми кишвари дӯст ва бародар ба сӯи хушбахтӣ, некуаҳволӣ, озодӣ, сулҳ ва субот дар ҳаракатанд, ки мо ба унвони дӯст ва ҳамсоя бо он меболем.
Бо истифода аз фурсат як бори дигар ин рӯзи таърихиро муборакбод гуфта, сиҳат ва муваффақияти Ҷалолатмаоби Шумо, саодат ва тараққии миллати бародари Тоҷикистонро орзу медорам».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2017    №: 148    Мутолиа карданд: 1550
18.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо сафири тозатаъйини Озарбойҷон

Ҷамъомади муҳим дар Кумитаи рушди маҳал

Супурдани эътимоднома ба Президенти Беларус

Самтҳои асосии рушди туризм матраҳ гаштанд

Шиносномаи Тоҷикистон дар сархати 81-уми раддабандии байналмилалӣ

Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд

Президенти Миср: «Баҳори арабӣ» ба «хазон шудан» - и 1,4 миллион нафар сабаб гашт»

YouTube тавассути технологияҳои нав 98 дарсади видеоҳои экстремистиро ошкор сохт

Дар баҳри Миёназамин 1400 муҳоҷир наҷот дода шуд

Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд

Истифодаи партовҳои электронӣ барои ороишоти заргарӣ

16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ

«Тоҷик Эйр» теъдоди парвозҳоро ба Деҳлӣ зиёд мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Кореяи Шимолӣ омода аст ба Кореяи Ҷанубӣ пайвандад

Интиқоди сарвазири Маҷористон аз сиёсати ИА нисбат ба Русия

Чин соли гузашта аз хориҷа 1300 порахӯрро баргардонд

Қирғизистон: зарар аз коррупсия 1, 4 миллиард сом

Консерни Lactalis миллионҳо бонка ғизои кӯдаконаро бозмехонад

«Реал» барои Неймар аз баҳри Роналду мегузарад?

12.01.2018


Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимтарини Паём дар ВМКБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед