logo

сафарҳо

Эмомалӣ Раҳмон дар Хорватия

Бегоҳии 3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ба поён расидани сафари пурмаҳсул аз шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баҳри анҷом додани сафари расмӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Хорватия - шаҳри Загреб рафт.
Барномаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Хорватия, ки бо даъвати Президент Стипе Месич амалӣ гашт,  субҳи 4 сентябр бо маросими истиқболи расмӣ оғоз ёфт.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Хорватия Стипе Месич истиқбол гирифт.

Маросими истиқбол тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, эҳтиром овардан ба Парчами давлатии Хорватия, салом додан ба сарбозон ва шиносоии сарони давлатхо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Масоили таҳким ва густариши ҳамкории ду кишвар, ки асосҳои нахустини он зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Хорватия ба Тоҷикистон  моҳи майи соли равон гузошта шуда буд, нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва сипас дар гуфтушунид бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баррасӣ ёфтанд.
Соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, хусусан саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия, сохтмон, илму техника, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва туризм аз самтҳои ояндадори ҳамкории ду кишвар маънидод гардиданд.
Баҳри идомаи босамар ва густариши робитаҳои гуногунҷанба таъсис  додан ва фаъол намудани комиссияи байниҳукуматии ҳамкорӣ  зарур шумурда шуд.
Мубодилаҳои сиёсӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ низ аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду давлат арзёбӣ гаштанд.
Аз рӯйи натичаҳои мулоқоту гуфтушунид ду  санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминагузори рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ мебошанд:  
Зери Эъломияи муштарак дар бораи рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватия сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Стипе Месич имзо гузоштанд.
Созишномаи дуюм ҳамкорӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Хорватияро дар назар дорад.
Мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии сиёсӣ бо изҳороти матбуотии сарони ду давлат -  Эмомалӣ Раҳмон ва Стипе Месич ба поён расид. Роҳбарони ҳар ду давлат аз натиҷаи онҳо изҳори қаноатмандӣ карда, муносибатҳои  Тоҷикистону Хорватияро дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ намуданд.
Тавре ки сарони давлатҳо иттиллоъ доданд, ҳукуматҳои ду кишвар  вазифадор шуданд, ки  оид ба бунёди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон,  аз ҷумла доир ба истеҳсоли трансформаторҳо  ва  техникаи кишоварзӣ ва  ҳамчунин дар самти ба роҳ мондани ҳамкорӣ доир ба  ҷустуҷӯ ва истихроҷи нафту газ дар ҳудуди Тоҷикистон  тадбирҳо андешанд.
Дар шаҳри Загреб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Порлумон ва Сарвазири Хорватия мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ бо Раиси Порлумони Ҷумҳурии Хорватия Лука Бебич масоили таҳкими заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкории ду кишвар ва ба роҳ мондани робитаҳои байнипорлумонӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: «Порлумонҳои ду кишвар метавонанд ба таъмини шароити мусоиди сиёсӣ- ҳуқуқии ташвиқи сармоягузорӣ, танзими беҳтари муносибатҳои иқтисодӣ ва ба афзоиши босуръати тиҷорати дуҷониба мусоидати фаъолу созанда намоянд».
Зарурати таъсиси гурӯҳҳои порлумонии дӯстӣ миёни Тоҷикистону Хорватия таъкид гардид. Баҳрабардорӣ аз имконоти Ассамблеяи порлумонии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди байнипорлумонӣ низ  ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Дар мулоқот  бо Сарвазири Ҷумҳурии Хорватия Ядранка Косор роҳу василаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии ду кишвар баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки миёни ду кишвар имкону захираҳои ҳамкории мутақобилан судманд хеле фароханд, бахусус бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва нақши сиёсии онҳо дар ду минтақаи муҳими қитъаи Авруосиё.
Хонум Ядранка Косор омодагӣ ва ҳавасмандии Ҳукумати Хорватияро доир ба таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодию сармоягузорӣ таъкид намуд, бахусус бо назардошти  барномаю  лоиҳаҳои дорои аҳамияти стратегии минтақавӣ, ки Ҳукумати  Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия амалӣ менамояд.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ  баррасӣ гардиданд.
Зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Хорватия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз шаҳри Пула, ҷазираҳои Бриёнии Калон ва Ванга, ки минтақаи таърихию фарҳангӣ ва туристию фароғатӣ ба шумор мераванд, дидан карда, таҷрибаи бунёди инфрасохтори зарурӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷиро дар ин ҷо мавриди омӯзиш қарор дод.
Қобили таъкид аст, ки зимни боздид аз ин мавзеъҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба нишони эҳтирому самимияти хоса шахсан Президенти Ҷумҳурии Хорватия Стипе Месич ҳамроҳӣ намуд.
Бояд хотиррасон  кард, ки ин ҷазираҳо аз охири солҳои 40 –ум то соли 80-и асри гузашта қароргоҳҳои махсуси роҳбари онвақтаи давлати Югославия Иосиф Броз Тито будаанд ва дар ин ҷо ӯ танҳо меҳмонони воломақому соҳибнуфуз ва шахсан интихобнамудаашро қабул мекардааст.
Чунонки маълум шуд, қароргоҳҳои собиқи маршал Тито ҳоло ба Ҳукумати Хорватия мансубанд, вале имрӯз ҳам ба ин ҷо танҳо меҳмонони хоса ва хеле кам даъват карда мешаванд.
Ба ҷазираҳои Бриёнии Калон ва хосатан Ванга даъват намудан ва шахсан ҳамроҳӣ кардан аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Хорватия Стипе Месич,  албатта,  бозгӯ аз таваҷҷӯҳи зиёд ва эҳтироми баланди ӯ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  аст.
Бо ҳамин барномаи сафари расмии Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба Ҷумҳурии Хорватия, ки зимни он барои таҳким ва густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ миёни ду кишвар асоси воқеӣ гузошта шуд, ба поён расид.
6 сентябр Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Хорватия ба Ватан омад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 653

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед