logo

фарҳанг

ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН. АЗ ЧОРАБИНИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТО ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ ЭЛЕКТРОНӢ

Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ аз фаъолияти нимсолааш натиҷагирӣ намуд. Таъкид гардид, ки композиторон бо офаридани асарҳои баландпоя дар рушди маънавиёти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
«Айни ҳол, иттифоқ 58 нафар композитору мусиқишиносро ҷамъ овардааст, ки неруи бузурги эҷодиро ташкил медиҳад. Аъзоёни он дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, тайи ним соли сипаришуда 89 суруду оҳанг ва асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ эҷод намудаанд. Ҳамзамон, мусиқишиносони кишвар 17 монография, китобу мақолаҳо таълиф намуданд, ки ғояи асосии онҳоро тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон, анъанаҳои гаронарзиши миллӣ, ифтихор аз Тоҷикистони азиз ва мероси пурғановати ниёгонамон ташкил медиҳанд», - иброз дошт Хуршед Низомов, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон.
Бино ба гуфтаи Х. Низомов бо ташаббуси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар заминаи коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, мактаб – интернати миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ ва мактаб – интернати миёнаи махсуси ҷумҳуриявии санъати ба номи М. Атоев студияи композиторони наврас таъсис дода шудааст. Вазъи кунунии студия ва тавсеаи фаъолияти минбаъдаи он низ дар ҷаласа мавриди таҳлил ва баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Фаъолияти намояндагиҳои иттифоқ дар вилоятҳои Суғду Хатлон қаноатбахш арзёбӣ гардида бошад ҳам, баҳри беҳтар намудани фаъолияташон тадбирҳои иловагӣ андешида шуданд.
Яке аз самтҳои фаъолияти Иттифоқи композиторон гирдоварӣ, сабт, таҳлил, коркард, нигоҳдорӣ ва тарғиби дастовардҳои эҷодии соҳаи мусиқӣ мебошад. Маъхазҳои он дар хазинаи фонди мусиқии иттифоқ гирд оварда шудаанд. Фонди мусиқӣ инъикосгари таърихи 80 соли охири мусиқии касбии тоҷик мебошад. Айни ҳол, тибқи ҷадвали таснифотии китобдорӣ - библиографӣ тамоми осори чопии композиторон ва мусиқишиносони тоҷик аз нав гурӯҳбандӣ шуда, корҳо ҷиҳати ба феҳристи ягонаи электронии фонди мусиқии Иттифоқи композиторон дохил намудани бойгонии он идома доранд.
Таъкид гардид, ки Иттифоқи композиторони Тоҷикистон минбаъд низ баҳри ташаккули раванди эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарӣ, рушди санъати мусиқии касбии миллӣ ва ҷаҳонӣ, ғанӣ гардондан ва фаъол намудани тафаккури бадеии насли наврас, тавсеаи фаъолияти аъзои иттифоқ, эҷоди асарҳои мусиқии баландпояи замонавӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2017    №: 149    Мутолиа карданд: 613
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед