logo

сиёсат

ҚОНУНИ ТАНЗИМ. АЗ ИҶРОИ РИСОЛАТИ ТАЪРИХӢ ТО ДУРНАМОИ МАНФИАТҲОИ ИҚТИСОДӢ

Мусаллам аст, ки расму оин ва ҷашну маросимҳо ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ марҳалаҳои гуногуни имтиҳони таърихӣ - иҷтимоиро гузашта, то ба даврони истиқлолият расиданд, ки «нигоҳдориву арҷгузорӣ ба ин ганҷинаи бебаҳо вазифаи ҳар як фарди соҳибватан мебошад».
Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастовардҳои муҳими марҳалаи сипаришуда - ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, танзими суннатҳои диниву мардумӣ, табақабандии муваффақонаи анъана ва ҷашну маросимҳои миллию мазҳабӣ, пешгирии хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ, исрофкориву зиёдаравӣ ва эҷоди низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ баҳогузорӣ гардид. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, санади мазкур рисолати  таърихии худро ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии мардум  собит сохт ва барои якнаво кардани расму оинҳои маҳалҳои гуногуни кишвар заминаҳои устувор омода гардид. Коҳиш додани хароҷоти нолозим сатҳи камбизоатиро дар байни 10 сол аз 53 дарсад то 30 дарсад кам кард.
Ба шарофати амали ҳамин қонун гузариш ва гардиши сифатан нав «аз татбиқи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба татбиқи стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ имконпазир гардида, ҳоло нақшаи то 50 дарсад расондани табақаи миёнаи аҳолӣ амалӣ шуда истодааст». Ин ҷиҳати мусбати масъала фаъолнокии иҷтимоии шаҳрвандонро бамаротиб афзун гардонд ва дар байни онҳо тафаккури андӯхти сармояи худиро ташаккул дод. Яъне, ҳар шахсе, ки машғулияте дорад, ба масъалаҳои худнамоӣ дар баргузории ҷашну маросимҳо, вақти худро барои шунидани ақидаҳои ифротӣ сарф кардан ва пойбанди масҷиду меҳроб будан аслан таваҷҷуҳ зоҳир намекунад.
Тавассути амали қонун дар байни мардум таҷдиди назар ба арзишҳои фарҳанги миллӣ, маданияти гузарондани маъракаҳо ва мудирияти дақиқи чорабиниҳо ба вуқӯъ пайваст, муносибати мардум доир ба осон гирифтани баргузории маросиму маъракаҳо боло гирифт. Дар натиҷа сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросимҳо ба беш аз 18 миллиард сомонӣ баробар шуда, афзоиши даромади буҷети оилаҳо ба мушоҳида расидааст.
Дар марҳалаи сипаришуда фаъолияти эҳсонкорӣ ва баргузории маъракаҳои хайриявӣ ба ҳукми анъана даромад, дастгирии оилаҳои камбизоат ва ятимону муҳтоҷон, гузарондани маросиму маъракаҳои дастаҷамъона зиёд гардид. Фаъолияти башардӯстонаи ашхоси сарватманд ба ҷанбаҳои миллию мазҳабии фарҳанги тоҷикон дурахши тоза зам намуд. Мафҳуми садақаи ҷория татбиқи маънои васеи худро дар ҷомеаи шаҳрвандии кишвар пайдо кард. Вале ҳанӯз ҳам, ҷой доштани ҳолатҳои пурдабдаба дар гузарондани тӯю маъракаҳо ва хароҷоти бемаврид ҳамчун воситаи худнамоиву шуҳратпарастӣ ва риёкорӣ аз масоили ташвишовар арзёбӣ мешаванд. Баъзан аз ҷониби мансабдорон ва шахсони масъули соҳа қонуншиканӣ иттифоқ афтодааст, ки боиси коста шудани обрӯи муассиса ва хизматчии давлатӣ  дар ҷомеа мегардад.
Бо назардошти ин, дар ҷамъбасти суханронӣ Пешвои муаззами миллат зикр намуданд, ки «Вобаста ба рушди ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон зарурати такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба миён омадааст». Ниҳодҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки дар асоси хоҳишу дархостҳои сершумори аҳолии кишвар тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳоро таҳия намоянд. Бовар дорем, ки бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин қонуни миллӣ ва риояи бечунучарои муқаррароти он мо соҳиби зиндагии аз имрӯза шоиставу беҳтар мегардем.
Файзулло БАРОТЗОДА,
директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2017    №: 149    Мутолиа карданд: 322

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя

Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ

«Шоми мақом»

Варзиш

Меркел ба зарбазании Сурия ҳамроҳ шудан нахост


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед