logo

иҷтимоиёт

ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. ЛАГЕРҲОИ ИСТИРОҲАТӢ ТАҲТИ НАЗОРАТАНД!

Дар асоси  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5 июли соли 2017 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2017» бо мақсади тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ  ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ситоди «Тобистон - 2017» таъсис дода шудааст.
Аз маркази матбуоти Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ (СХДО ВКД)  хабар доданд, ки ин ситод фаъолияти лагерҳои истироҳатиро дар мавсими таътили тобистона таҳти назорати қатъӣ гирифта, барои боз ҳам беҳтар ва бехатар гузарондани истироҳати кӯдакону наврасон мусоидат мекунад. Дар ин замина тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар фароғатгоҳу лагерҳои истироҳатии беруназшаҳрии мактаббачагон ва майдончаҳои истироҳатии наздимактабӣ мутахассисони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он силсилачорабиниҳои зиддисӯхторӣ гузаронданд. Дар иншооти зикршуда баҳри сари вақт ошкору бартараф намудани омилу сабабҳои сар задани сӯхтор чорабиниҳои профилактикӣ - оташнишонӣ, ташвиқу тарғиби  риояи ҳатмии талаботи меъёр ва қонуну қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро пайваста баргузор менамоянд.
Бино ба иттилои  Толиб Ҳаётов, корманди маркази матбуоти хадамоти мазкур чорабиниҳои зиддисӯхторӣ ба он мақсад роҳандозӣ мешаванд, ки хонандагон дар шароити бехавф таътили тобистонаи худро  гузаронда, бо неруи тоза ва табъи болида ба соли хониши нав омодагӣ гиранд.
- Барои боз ҳам дар сатҳи баланд ба роҳ мондани истироҳат ва фароғати кӯдакону наврасон, пешгирии сӯхтор ба роҳбарият ва шахсони масъули лагерҳои тобистона дастуру пешниҳодҳои зарурии  зиддисӯхторӣ дода шуданд. Дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи мутахассисони СХДО ВКД ва ҷузъу томҳои он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома доранд, - иброз дошт Толиб Ҳаётов.
Сафаргул  АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2017    №: 151    Мутолиа карданд: 176

21.08.2017


Ассотсиатсияи нархгузорӣ таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Полиси Барселона гумонбари асосии амали террористиро ҷустуҷӯ дорад

Русия дар кори расондани ёрии башарӣ аз ҷумлаи пешсафони дунёст

Қирғизистон метавонад худро бо шакар таъмин созад

Инқилоби гази тахтасангӣ дар Чин

ИМА баъди торумори «ДИ» дар Сурия монданӣ нест

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед