logo

иқтисод

ПИЛЛА. МАВСИМИ ҶАМЪОВАРӢ ҶАРАЁН ДОРАД

Тибқи дурнамо, имсол  истеҳсоли 1256,1 тонна пилла пешбинӣ шудааст. Кирмакпарварони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то имрӯз 927,7 тонна (73,8 дарсади нақша) пилла истеҳсол намудаанд. Истеҳсоли пилла дар баъзе ноҳияҳои кишвар идома дорад. 

Бино ба иттилои Ҷамшед Хоҷаев, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик», ҷиҳати иҷрои нақша  корхона  дар мувофиқа бо сармоягузорон 24200 қуттӣ тухми кирмак ворид намуд.       Кирмакпарварони вилояти Хатлон имсол аз 10383 қуттӣ 431,8 тонна (91,1 дарсад) пиллаи навъҳои омехта ва сақат истеҳсол намуданд. Ҳосили миёна аз ҳар қуттӣ 41,6 килограммро ташкил намуд. Шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритуз, Хуросон, Фархор, Бохтар, Қубодиён ва Дӯстӣ иҷрои нақшаро сари вақт таъмин намуданд.
Кирмакпарварони вилояти Суғд аз 13160 қуттӣ тухми кирмак 400,8 тонна (60,9 дарсад) пилла ба даст оварданд. Ҳосили миёна аз ҳар қуттӣ тухми кирмак ба 30,4 кг баробар шуд. Дар вилоят, ғайр аз ноҳияи Деваштич, ноҳияҳои дигар аз уҳдаи иҷрои нақша баромада натавонистанд. Пиллапарварони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳамагӣ 95,1 тонна (76,6 дарсад) пилла истеҳсол карданд. Ҳосили миёна аз ҳар қуттӣ дар ин ноҳияҳо  низ 30,4 килограммро ташкил намуд.
«Пиллаи тоҷик», «Корхонаи истеҳсоли Ганҷ» ва ширкати истеҳсоли тухми кирмаки шаҳри Гуантонги музофоти Шандони Чин созишномаи ҳамкории сетарафа ба имзо расонданд. Тибқи ин созишнома дар заминаи ҶСФ «Заводи тухми кирмаки Душанбе»  таҷҳизоти фарсуда бо муосир иваз карда, истеҳсоли матоъ аз тибит ба роҳ монда мешавад. Инчунин, корхона бо институти абрешими музофоти Шандун ва ширкати истеҳсоли тухми кирмаки шаҳри Гуантонг созишномаи ҳамкории сетарафа оид ба расондани ёрии амалӣ дар рушди соҳаи кирмакпарварӣ ба имзо расондааст.
Ҷойи нигаронист, ки имрӯзҳо матоъҳои пастсифати гароннархи хориҷӣ бозорҳои моро пур кардаанд. Пиллаи истеҳсоли худӣ бошад, ҳанӯз ҳам ба ҷойи дар дохил коркард шудан чун ашёи хом ба хориҷи мамлакат содир карда мешавад. Ҷиҳати ҳалли ин мушкилот  Ҳукумати кишвар 30 августи сол 2011 «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020» - ро тасдиқ намуд.
- «Пиллаи тоҷик» кӯшиш менамояд, ки ин вазъро бартараф ва рушди минбаъдаи соҳаи кирмакпарвариро таъмин намояд. Корхона тасмим гирифтааст, ки коркарди пилла то маҳсулоти ниҳоиаш дар дохили ҷумҳурӣ коркард шуда, атласу шоҳии  бо моли хориҷӣ рақобатпазир боз дар мағозаю бозорҳо фаровон гарданд, - гуфт Ҷ. Хоҷаев.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2017    №: 151    Мутолиа карданд: 212

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд

Баррасии масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ

"Ҳафтаи соҳибкорон - 2017" дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

10.10.2017


Давлаталӣ Саид: «Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ иқтидори воқеӣ дорад»

Баргузории ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Барқарорсозии ҳамкориҳо бо Бонк де Франс

Дар Хуҷанд «Маркази савдои Ӯзбекистон» ифтитоҳ гардид

Саидҷамол Саидов барандаи Ҷоми Президент

09.10.2017


Баррасии роҳҳои баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ

Тавсеаи ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону Беларус

Таъсиси Фонди бозтамвил

Мулоқот бо вазири мудофиаи Озарбойҷон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед