logo

иҷтимоиёт

ДОРУ. БОЗ ДАР БОРАИ КАМБУДИҲОИ СИФАТ

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба қаламрави кишвар аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ба маблағи 196 миллион сомонӣ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ва ба маблағи 131 миллион сомонӣ маводи ороишӣ - гигиенӣ ворид шудааст.
Барои рушди соҳаи фармасевтика ширкатҳои ватанӣ ба истеҳсоли маводи дорувории воридотивазкунанда пардохтаанд ва ба содироти он низ машғуланд. Дар шаш моҳи соли равон содироти маводи дорувории ватанӣ 36 миллион сомониро ташкил дод.
- Кормандони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ якҷо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти қариб 900 муассиса ва ширкатҳои фармасевтиро мавриди санҷиш қарор доданд. Ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ номгӯйи зиёди маводи доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлаташон гузашта ва пастсифат дарёфт ва аз муомилот бароварда шуданд. Аз нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ зиёда аз 450 номгӯйи маҳсулоти тиббии муҳлати истифодабариашон гузашта ва бе сертификати мутобиқат дар асоси санад аз муомилот бозпас гирифта шуданд. Дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ бошад, қариб 700 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббии пастсифату ғайристандартӣ ошкор ва мусодира гардиданд. - гуфт Султон Бекмуродзода, сардори хадамот.
Қариб 14 тонна маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, зиёда аз 12 тонна маводи ороишию гигиении муҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгӯй набуда, бо роҳи сӯзондан несту нобуд карда, нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Дар фаъолияти муассисаҳои фармасевтӣ ва нуқтаҳои савдои молҳои ороишию гигиенӣ камбудию норасоиҳо ҳанӯз ҳастанд. Ин, қабл аз ҳама, воридоти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, ороишию гигиенӣ бо роҳи қочоқ мебошад. Онҳоро асосан ба воситаи борхалтаҳо тариқи қатораю тайёраҳо ворид менамоянд. Аксаран чунин молҳо пастсифат ва ғайристандартианд. Ошкор сохтани онҳо барои мутахассисони хадамот фақат баъди назорату санҷиши фаъолияти дорухонаҳо ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ муяссар мегардад.
Шаҳбоз АБРОР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2017    №: 153-154    Мутолиа карданд: 301

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед