logo

иҷтимоиёт

ОФАТИ ТАБИАТ. ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ ОҚИБАТҲОИ ОН БАРТАРАФ МЕШАВАНД

Ҷараёни корҳои бартарафсозӣ ва барқарор намудани манзилҳои истиқоматии сокинони деҳаҳои Ремон ва Вашани ноҳияи Айнӣ, ки бар асари офати табиат хисороти ҷиддӣ диданд, бо суръат идома дорад.
Боришоти аз меъёр зиёди борон, ки боиси баланд гардидани сатҳи дарёҳо ва омадани сел дар ноҳияи Айнӣ гардид, нахуст ба мардуми деҳаи Вашани Ҷамоати деҳоти Урметан паёмадҳои нохуш ба бор овард. Як нафар сокини деҳа қурбони офати табиат гардида, заминҳои корам зери сел монданд.
Омадани сели пурдаҳшат дар деҳаи Ремони Ҷамоати деҳоти Анзоб, ки дар чанд соат харобиҳои зиёде бар ҷой гузошт, ҳодисаи бесобиқа буд. Зеро сокинони деҳа бори аввал шоҳиди ҷорӣ шудани сел аз болои хонаҳояшон  шуданд, ки мунҷар ба пурра хароб гардидани панҷ манзили истиқоматӣ ва қисман зарар дидани 22 хоҷагии дигар гардид.
Бино ба иттилои Муҳаммадносири Насрулло, сармуҳаррири рӯзномаи «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ, баъд аз вуқӯи офати табиат раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода фавран ба ҷойи ҳодиса омада, барои бартараф намудани оқибатҳои харобиовари сел гурӯҳи корӣ таъсис дод, ки ҳоло бо ҷалби неруву техникаҳои пуриқтидор корҳои бартарафсозӣ ҷараён доранд.
Ташрифи билфосилаи муовини раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гараждании вилоят Баҳром Додиён дар раъси як гурӯҳи корӣ ба деҳаи Ремон ва ироаи ёриҳои аввалияи молиявӣ ба осебдидагон боиси рӯҳбаландии сокинон гардид. Ҳайати намояндагӣ дар мулоқот бо мардуми зарардида таъкид карданд, ки ғамхорӣ ба онҳо, чун дигар минтақаҳои офатзада дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар фурсати кӯтоҳ хисороти офати табиат бартараф ва барояшон тамоми шароити зарурӣ фароҳам хоҳад шуд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2017    №: 153-154    Мутолиа карданд: 293

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед