logo

сиёсат

ТАНЗИМ РОҲИ РАСИДАН БА ОРЗУҲОРО ҲАМВОР СОХТ

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боиси рӯҳбаландии аҳли меҳнати Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» гардид.
Дар рӯзи  аввал кормандону мутахассисон тамошои дастҷамъии суханрониро ташкил намуданд. Сипас, маъмурият ва ташкилотҳои ҷамъиятии корхона гурӯҳи корӣ ва таблиғотӣ таъсис дода, дар ҳамаи сеху бахшҳо омӯзиш, шарҳу тафсири суханрониро ба роҳ монданд. Бояд зикр кард, ки ноширони корхона дар даҳ соли охир ягон маротиба дар самти  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба қонуншиканӣ роҳ надодаанд. Тайи  ду соли охир дар корхона 27 чорабинии оммавӣ, 13 тадбири омӯзиш оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Кормандони масъули корхона пеш аз ташкили тӯю маъракаҳо бо кормандону коргарон суҳбат мегузаронданд. Тибқи омори дусолаи фаъолияти комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар корхона  67 тӯйи домодию арӯсӣ, 37 маросими азодорӣ, 17 маросими гусел ба нафақа доир шуд. Дар ин маъракаҳо ба ҳисоби  миёна нисбат ба ду сол то қабули қонун 223 ҳазор сомонӣ сарфа гардид. Сарвари давлат барҳақ зикр карданд:  “Маблағҳои сарфашудаи шаҳрвандон барои  беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, бунёду обод гардондани манзилҳои истиқоматӣ, харидории воситаҳои нақлиёт ва асбобу таҷҳизоти рӯзгор, инчунин, барои таълиму тарбияи фарзандон равона шуда истодаанд.” Маҳз аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда шароити зисти коргарон беҳтар гардид.
Даҳ соли ҷаҳиши иҷтимоии кишвари азизамон, бешубҳа, бо заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Ин дастовардҳоро боз ҳам афзун намудан қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат  мебошад. Аҳли заҳмати Комплекси табъу нашри “Шарқи озод” тамоми неруи ҷисмонӣ ва ақлониро баҳри ин ҳадафҳои инсонпарварона, башардӯстона сафарбар менамоянд.
Қурбоналӣ ФАЙЗУЛЛОЗОДА,
директори КТН “Шарқи озод”- и Дастгоҳи иҷроияи  
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2017    №: 153-154    Мутолиа карданд: 509

28.01.2020


Иқтидори энергетикии кишвар рӯ ба афзоиш дорад

Азнавбақайдгирӣ. Ҷараёни иҷро нигаронкунанда боқӣ мемонад

Тоҷикистону Эрон. Ҳамкориҳои гумрукӣ таҳким меёбанд

Ноҳияи Рӯдакӣ. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

СММ ИМА ва Россияро ба тамдиди созишномаи ССҲ-3 даъват намуд

Аксарияти нафароне, ки мубталои коронавирус шуданд, аз 60 - сола боло мебошанд

Дар Қазоқистон бо офияти занҳое машғул мешаванд, ки аз Сурия баргаштанд

Ҳамлаи малах ба Африқои Ҷанубӣ боиси нигаронии сахти СММ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед