logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РЕКЛАМА»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 «Дар бораи реклама» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 8, мод. 457; с. 2007, № 6, мод. 432; с. 2008, № 10, мод. 824; с. 2011, № 12, мод. 843; с. 2012, № 4, мод. 262; с. 2014, № 11, мод. 672; с.2015, № 3, мод. 224) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 2 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«объекти рекламашаванда – мол, воситаҳои фардикунонии он, истеҳсолкунанда ё фурӯшандаи мол, натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ ё чорабинӣ (аз ҷумла мусобиқаи варзишӣ, консерт, озмун), ки реклама барои ҷалби диққат ба онҳо равона шудааст;».
2. Ба моддаи 5 қисми даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ҷой додани реклама дар адабиёти таълимӣ, аз ҷумла асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагӣ истифода мегарданд, манъ аст.».
3. Дар қисми якуми моддаи 7:
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«шартҳои иловагии пардохт, бурда расонидан, мубодила, баргардонидан, таъмир ва хизматрасонии мол;»;
- сархати панҷум хориҷ карда шавад;
- ба сархати сездаҳум пеш аз калимаи «ва» калимаҳои
«, «рақами 1», «беҳтарин», «сифати олӣ»» илова карда шаванд;
- сархати чордаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«истифодаи истилоҳоти муқоисавии объекти рекламашаванда бо дараҷаи паст, аз ҷумла тавассути истифодаи калимаҳои «нархи пасттарин», «арзонтарин» ва дигарҳо дар сурати имконнопазир будани тасдиқи онҳо бо ҳуҷҷат;».
  4. Дар моддаи 11:
- ба қисми дуюм пас аз калимаи «кадр» калимаҳои «ва понздаҳ фоизи вақти пахш дар давоми соат» илова карда шаванд;
- қисми шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар барномаҳои радио ва телевизион дар давоми тамоми гуфтор ва намоиш, дар байни барномаҳои радио ва телевизион як пахши рекламавӣ набояд аз се дақиқа зиёд бошад.».
5. Дар матни  моддаи 22 калимаҳои «шаш моҳ» ба калимаҳои «як сол» иваз карда шаванд.
6. Ба матни моддаи 25 пас аз калимаҳои «паҳнкунандагони реклама»  калимаҳои  «, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» илова карда шаванд.
Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                           Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 июли соли 2017, № 1457


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 14 июни соли 2017, № 811


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ 
ш. Душанбе, 12 июли соли 2017,  № 435


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2017    №: 155-156    Мутолиа карданд: 1907

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед