logo

иҷтимоиёт

ОБИ ТОЗА БАРОИ СОКИНОНИ МУРҒОБ

Раиси ноҳияи Мурғоб Мурзабай Ҷоошбаев ба роҳбарият ва кормандони созмони байналмилалии АКТЕД барои саҳми арзанда дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла таъминот бо оби тозаи ошомидании деҳоти ноҳия, изҳори сипос намуд.

Зикр шуд, ки соли 2016 аз тарафи АКТЕД дар доираи “Барномаи дастрасӣ ва таъмин намудани деҳоти дурдаст бо оби тозаи ошомиданӣ” бо кумаки сармоягузорони байналмилалӣ - UNDP ва ширкати COCA - COLA дар деҳоти ноҳия 20 таҷҳизоти дастии обкашӣ насб карда шуд. Айни ҳол ин таҷҳизот фаъол буда, сокинони ноҳияро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин месозад.
Дар ҳамин ҳол бисёр маҳалҳои аҳолинишини ноҳия, ба мисли Қаракӯл, Булункӯл, Токтамуш, Шаймоқ, аз манобеи оби тоза дар масофаи дур қарор доранд. Дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ барои аҳолии ин маҳалҳо, бахусус дар фасли зимистон, душвор аст. Ин мушкилӣ фасли зимистон дар маркази ноҳия низ бармало мушоҳида мешавад.
Суйунбек Тоҷиддинов, танзимгари АКТЕД дар ноҳияи Мурғоб, гуфт, ки айни ҳол дар Ҷамоати деҳоти Мурғоб 8, Қаракӯл 2, Рангкӯл 3, водии Булункӯли деҳоти Аличур 1, ба номи Гожо Бердибаев 3 ва деҳаҳои Шаймоқ ва Токтомуши Ҷамоати деҳоти Қизил Работ 3 дастгоҳи обкашӣ дар хизмати сокинон қарор дорад. Вале, тавре ба мушоҳида мерасад, ин ҳоло басанда нест. Аз ин рӯ, айни замон масъалаи дар маҳалҳои аҳолинишини боқимонда ва кӯчаҳои алоҳидаи маркази ноҳия, назди муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва тандурустӣ гузоштани дастгоҳҳои обкашии дастӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Имкон дорад, ки дар оянда бо пайдо шудани дастрасӣ ба қувваи барқ дар маҳалҳои аҳолинишини ноҳия ин дастгоҳҳои дастӣ ба барқӣ иваз карда шаванд. Ҳамзамон, АКТЕД дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ, ҷамъоварии ганҷинаи осори фарҳангӣ - адабии ниёгон ва рушди соҳаҳои кишоварзӣ ба сокинони ноҳия ёрӣ расонда метавонад.
 Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2017    №: 157    Мутолиа карданд: 319

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед