logo

иқтисод

ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНИҲО ОШКОР ВА ПЕШГИРӢ МЕШАВАНД

-  Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар натиҷаи фаъол гардондани корҳои санҷишӣ ва назоратӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории назоратӣ дар маҷмӯъ 565 ҳолати нодуруст ситондани пардохтҳои гумрукӣ ошкор ва аз ин ҳисоб ба буҷети мамлакат 12,4 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукии иловагӣ муайян гардид. Аз маблағи ошкоргардида 7,3 миллион сомонӣ ба буҷет ворид гардида, натиҷаи санҷиш бо маблағи зарари молиявӣ ба андозаи 3,3 миллион сомонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои чораҷӯӣ ирсол карда шуд. Қисми зиёди қонуншиканиҳои гумрукиро  қочоқи молу воситаҳои нақлиёт,  гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои дигари гумрукӣ ташкил медиҳанд, - иттилоъ дод Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре роҳбари хадамот зикр намуд, дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, 1974 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, аз онҳо ба маблағи беш аз  5 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва ҷарима  ситонда шуд.
Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдо рейдҳои алоҳида ва муштарак доир гардиданд.  Дар натиҷа воридоти ғайриқонунии маҳсулоти гуногун, аз қабили ангишт, маводи сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти қаннодӣ, шакар, лампаҳои тафсон, меваи тару хушк, равғани рустанӣ, тахта, хӯроки паранда, собун, бозича, тухми мурғ, техникаи маишӣ ва ғайра пешгирӣ карда шуд.
Нисбати ин ҳолатҳо  парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ оғоз  шудаанд.
Дар рафти гузарондани чорабиниҳои профилактикӣ ва назорати гумрукӣ силоҳи оташфишон низ ошкору мусодира ва воридоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд. Нисбати ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз  ва ба мақомоти дахлдор ирсол гардиданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2017    №: 157    Мутолиа карданд: 555
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед