logo

сиёсат

ТАНЗИМ ВА ФАЙЗУ БАРАКАТИ РӮЗГОР

Дар ҷамъомаде, ки бо иштироки кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва роҳбарону намояндагони сохтору муассисаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Кохи ҷавонони пойтахт баргузор гардид, нуктаҳои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии мамлакат ба муносибати 10 – солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
Зикр шуд, ки қонуни нахустини миллии мо – «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иқдоми муҳимтарини таърихие буд, ки анъанаҳои неки мардумиро ҳифз ва эҳё намуда, ҷашну маъракаҳоро ба низом даровард. Қонун ба рӯзгори мардуми кишвар файзу баракати зиёд овард. Хароҷоти беҳуда ва дар пайи он камбизоатӣ бамаротиб коҳиш ёфта, сатҳи зиндагӣ боло рафт. Барои тарзи солими ҳаёт, аз ҷумла шароит фароҳам овардан барои илмомӯзии фарзандон, имкониятҳо фарох гардиданд.
Дар шаҳри Душанбе, тибқи маълумоти оморӣ, аз соли қабули қонун то кунун аз ҷониби комиссияҳои доимӣ 14191 маъракаи хатнасур, 48005 тӯйи домодию арӯсӣ, 16009 маъракаи чил ва 13585 маъракаи сол ба қайд гирифта шудааст. Хароҷоти умумии ин маъракаҳо бештар аз 277,3 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Боиси хушнудист, ки солҳои охир амалҳои эҳсонкорӣ ривоҷ ёфта, дар муддати амали қонун аз ҳисоби маблағҳои хайриявии афроди боҳиммати хайрҷӯ 381 тӯйи домодию арӯсӣ ва 5840 хатнасур барпо гардиданд.
Мутаассифона, дар баробари ин, ҳангоми санҷишу назорати масъулини соҳа 595 ҳолати вайрон намудани талаботи қонун, аз ҷумла аз ҷониби шахсони мансабдор, ошкор гардид.
Ширкатдорони ҷамъомад бо истиқбол аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва натиҷаҳои манфиатбори амали қонун, ҳамзамон, аз қонуншиканиҳо, баргузории маъракаҳои пурдабдабаю серхароҷот ва ҳоло ҳам расму оинҳоро ҳамчун воситаи шуҳрату худнамоӣ истифода бурдани баъзе афрод изҳори таассуф намуданд.
Ҳоло дар шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои дастурҳои Сарвари давлат ва ба тамоми қишрҳои ҷомеа расондани муҳтаво ва аҳамияти қонун аз ҳисоби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсату шуъбаҳои вазорату идораҳои дахлдор, адибон, ходимони илму фарҳанг, дин ва арбобони шинохтаю барӯманд  гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфтаанд. Аъзои гурӯҳҳо бо сокинони маҳаллаҳои пойтахт вохӯриҳо гузаронда, бо ёдоварӣ аз фарҳанги ғанӣ ва ҷашну маросимҳои суннатии мардуми тамаддунниҳоди тоҷик хатару зиёни зиёдаравӣ, бегонапарастӣ ва оқибату фасоди тақлид ба зуҳуроти бегонаро ба мардум мефаҳмонанд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2017    №: 157    Мутолиа карданд: 558

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед