logo

иҷтимоиёт

ТАРҒИБИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲИ МАХСУС ДАР ХУҶАНД

Дар шаҳри Хуҷанд мувофиқи дастури раиси шаҳри Хуҷанд  Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади  таблиғи арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, пешгирии тақлид ба фарҳангу либоспӯшии бегонаҳо, шомилшавии занону духтарон ба ҳаракату ҷараёнҳои ифротӣ, инчунин, таҳкими корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ дар байни занону духтарон гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шудааст.

Ба ҳайати он  масъулину  намояндагони шуъбаҳои  кор бо занон ва оила,  маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, нозирони минтақавӣ, шуъбаи робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, шӯрои занони маҳаллаҳо, шӯрои  бибиотунҳо, вакилони шаҳрӣ, собиқадорони меҳнат, ходимони  дин, раисони маҳаллаҳо ва фаъолзанон  ҷалб гардидаанд. Гурӯҳи корӣ  аз 100 нафар иборат буда, аъзои он ба 21 зергурӯҳ тақсим шудаанд. Кори  гурӯҳ  ҳафтае як маротиба дар назди  муовини раиси шаҳри Хуҷанд натиҷагирӣ  ва барои    беҳтар  гаштани фаъолияти гурӯҳ  бо назардошти пешниҳодҳои судманд тасмими зарурӣ гирифта мешавад.
Мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи раиси шаҳр ва шуъбаи   ВКД  дар шаҳри Хуҷанд гурӯҳи корӣ ҳафтае 4 маротиба  чунин чорабиниҳоро  доир менамояд. То ҳол гурӯҳи мазкур дар 7 бозор, 22 маҳалла ва бештар аз 20 маркази савдои шаҳр бо мардум суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд.
Иқдоми нав аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандии Хуҷанд  ҳамовозӣ пайдо намуд. Занону бонувони шаҳр дар баробари дастгирии  чунин  тарзи  корбарӣ барои  самаранокии натиҷаи кор ҷиҳати таҳкими арзишҳои миллӣ ба гурӯҳи таблиғотӣ ёрӣ мерасонанд. Тавре мушоҳида  ва таҳлилҳо нишон доданд, бархе аз  занҳо моҳияти  пӯшидани либоси  ғайримиллӣ  ва  сиёҳро, ки ба фарҳанги ғанию анъанаҳои мо иртибот надоранд,  фаҳмида,  аз тақлидкории ноогоҳона даст кашиданд.
Раъно  ҲОШИМЗОДА,
муовини раиси шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2017    №: 158    Мутолиа карданд: 341

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед