logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Роҳбарият, фаъолону собиқадорон, намояндагони ҷавонону аҳли илму фарҳанги ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти афзун ва рӯҳияи болида истиқбол намуданд.
Боиси зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар фазои сулҳу суботи сартосарии мамлакат ва ҷаҳду талоши бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Балҷувон ободу зебо гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинони он беҳтар шудааст.
Истиқболи самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони ноҳия далели пуштибонии комили онҳо аз сиёсати созандагию бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.

Ба истифода додани ду бинои истиқоматӣ
Дар маркази ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ду бинои истиқоматии замонавӣ, ки асосан барои хизматчиёни давлатӣ ва маъюбону шахсони ниёзманди ноҳия пешбинӣ шудааст, иштирок намуданд.
Пешвои миллат сохта ба истифода додани биноҳои истиқоматиро дар арафи таҷлили Ҷашни 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони ҷавони ташкилоту идораҳои гуногун ва шахсони имконияташон маҳдуди ноҳия, ки имрӯз соҳиби хона гардиданд, амали шоистаи башардӯстона арзёбӣ намуда, ба як зумра соҳибони хуштолеи манзилҳои нав дар вазъияти тантанавӣ калиди ҳуҷраҳоро супурданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нафарони соҳиби манзилҳои нав гардида даъват ба амал оварданд, ки вазифа ва масъулияти бевоситаи худро дар назди давлату миллат содиқонаю софдилона иҷро карда, дар ободонию осоиштагии мамлакат ва ҳифзи музаффариятҳои давлати соҳибистиқлол фаъолона иштирок намоянд.
Зимни шиносоӣ бо шароити хонаҳои истиқоматӣ ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки биноҳои истиқоматӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ дар давоми ду сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири меъморию шаҳрсозӣ бунёд карда шудаанд.
Бинои истиқоматие, ки бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Шанс» бунёд гардидааст, дорои 12 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ мебошад. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур 4 миллион сомонӣ харҷ гардида, лоиҳаи он аз тарафи мутахассисони варзидаи ҶСК «Шаҳрофар» омода шудааст.
Ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин гардида, биноҳои навбунёд дар мавзеи мувофиқ ва маркази ноҳияи Балҷувон қомат афрохтаанд. Дар саҳни ҳавлии биноҳо ҳамзамон майдончаи бозии кӯдакон ва ҷой барои истироҳату фароғати истиқоматкунандагон бунёд карда шудааст, ки имконияти мусоид барои таълиму тарбияи дурусти фарзандон, хусусан тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни кӯдакону наврасон ва ҷавонон мебошад.
Бинои нави истиқоматии дигаре, ки имрӯз дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 3 миллиону 850 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, монанд ба бинои якум аз ду ошёна ва 12 хонаи истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрагӣ мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2015 оғоз гардида, бунёди онро коргарону мутахассисони ташкилоти ҷамъиятии «Субҳи тандурустӣ» ба уҳда доштанд.
Хизматчиёни давлатӣ ва оилаҳои эҳтиёҷманд, ки бештари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, дар навбати худ барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ дар манзилҳои нави истиқоматӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ намуда, хизмат ба нафъи давлату миллат, аз ҷумла саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Балҷувонро вазифаи асосии худ маънидод карданд.
Ноҳияи Балҷувон соли 1996 дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ташкил гардида, дар ин давра дар марказ ва деҳоти он иншооти зиёди дорои таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, дар маркази ноҳия даҳҳо иншооти маъмурию хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки дар натиҷа сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба маротиб беҳтар ва рушди тамоми соҳаҳо таъмин гардидааст.
Дар асоси нақшаи генералии маркази ноҳияи Балҷувон, ки соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, то имрӯз 5 бинои замонавии истиқоматӣ ба истифода дода шуда, бунёди боз 5 бинои дигари баландошёна ба нақша гирифта шудааст.
Соли 2015 низ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон як бинои дуошёнаи замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, 12 нафар корманди ташкилоту идораҳои давлатии ноҳия бо манзили истиқоматӣ таъмин шуда буд.

Шуъбаи маориф соҳиби бинои нав шуд
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, тибқи талаботи меъмории замони муосир бунёд ёфтааст. Тарҳи ин бинои бошукӯҳро дар асоси фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абрис” таҳия кардааст. Корҳои сохтмониро мутахассисон ва сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фараҳноз” анҷом додаанд.
Бинои нави шуъбаи маориф аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар масоҳати умумии 0,2 гектар сохта шудааст. Арзиши лоиҳавии он маблағи 2 миллиону 170 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор маблағи 264 ҳазор сомонӣ танҳо барои ҷиҳозонидани ҳуҷраҳои бино бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ сарф гардидааст.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино 12 ҳуҷраи корӣ ҷойгир аст, ки ҳар яки он бо мизу курсии нав, ҷевонҳо, компютер ва дигар ашёи зарурӣ таъмин шудааст. Дар ошёнаи сеюм бошад, як маҷлисгоҳи барҳаво бо 80 ҷойи нишаст ва се ҳуҷраи меҳмонхона, ки дар онҳо тамоми шароити арзанда барои зист фароҳам оварда шудааст, воқеъ мебошанд.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои шуъбаи маориф зиёда аз 40 коргари маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва музди меҳнати баланд таъмин гашт.
Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз ҳуҷраҳои бино ва шиносоӣ бо шароити мавҷудаи корӣ, иброз намуданд, ки минбаъд бо истифода аз чунин шароиту имкониятҳо мутахассисони соҳаи маорифи ноҳия ҷаҳду талоши худро баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишандӯзии хонандагон дучанд намоянд.

Оғози сохтмони роҳи автомобилгарди Кангурт – Балҷувон - Ховалинг
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ба сохтмони роҳи автомобилгарди Кангурт – Балҷувон - Ховалинг санги асос гузошта, бо лоиҳаи он шинос гардиданд.
Зимни муаррифии лоиҳа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дарозии роҳ 43 километр буда, сохтмони он дар километри 22 - юми роҳи автомобилгарди лоиҳавии Восеъ - Ховалинг оғоз меёбад.
Барои бунёди роҳи мазкур 11,8 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст ва дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои сарфагардидаи роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг ва маблағҳои грантӣ ин лоиҳа татбиқ мегардад.
Аснои шиносоӣ бо лоиҳа Пешвои миллат ба масъулини Вазорати нақлиёт барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Зикр шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа ҳамзамон 6 пули мошингузар бо дарозии 500 метр дар болои рӯдхонаҳои ин масир аз нав барқарор карда хоҳанд шуд. Ин пулҳо дар натиҷаи рафтуомади автомобилҳои боркаш ба навсозӣ ниёз пайдо намудаанд, ки баробари амалигардии пурраи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Кангурт – Балҷувон - Ховалинг мушкили ронандагону мусофирон аз тариқи ин хатсайр рафъ мешавад.
Бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳи автомобилгарди Кангурт – Балҷувон - Ховалинг, ки аз шафати дарёҳо мегузарад, роҳандозии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар масофаи 1 ҳазору 640 метр пешбинӣ гардидааст.
Лоиҳа қитъаҳои таъмирталаб, мавзеъҳои дохили минтақаҳои аҳолинишин ва 29 лӯлаи обгузар, 7 лӯлаи нав, 25 ҳазору 880 метр иншооти ҳимоявӣ, 4 ҳазору 870 метр роҳи пиёдагарди паҳноиаш аз 1,5 то 3 метр ва 19 ҳазору 390 метр ҷӯйбори оҳану бетониро дар бар мегирад. Муҳлати корҳои сохтмонӣ дар роҳи мазкур 18 моҳро дар бар мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо тарҳи роҳи мазкур дар маркази ноҳияи Балҷувон бо фаъолони вилоят ва сокинони ноҳияи Балҷувон мулоқот намуданд.

Шуъбаи таваллудхона дар Сари Хосор
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи бинои шуъбаи таваллудхона дар назди беморхонаи минтақавии рақами 2 Ҷамоати деҳоти Сари Хосор иштирок намуданд.
Сохтмони иншооти мазкур моҳи марти соли 2016 оғоз гардид ва дар ин муддат шуъбаи таваллудхона бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд ёфт.
Бино аз 9 ҳуҷраи ташхису табобат ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, дорои беҳтарин шароити хизматрасонии тиббӣ мебошад. Ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла дастгоҳи сабти барқии дил, ултрасадо ва дигар лавозимоти тиббӣ барои бемориҳои занона муҷаҳҳаз карда шудааст.
Барои хариди дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ бештар аз 300 ҳазор ва дар корҳои сохтмонии иншоот 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ масраф шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити хизматрасонии таваллудхона ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, табибонро ба хизмати софдилона ва аз таҳти дил даъват намуданд.
Иншооти мазкур бо маблағгузории соҳибкори ватандӯст Рустам Саидов бунёд гардидааст. Корҳои бунёдгарӣ аз тарафи ширкати «Евро-стандарт» ба анҷом расонда шудаанд.
Дар таваллудхонаи навбунёд 15 нафар табиби дорои тахассуси гуногун бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтитоҳи таваллудхонаи замонавӣ дар маркази Ҷамоати деҳоти Сари Хосор ба кормандони он як адад автомобили ёрии таъҷилӣ туҳфа карданд, ки аз тарафи мардуми саодатманди деҳот бо изҳори миннатдорӣ, самимияти бепоён ва хушҳолии беандоза пазируфта шуд.

Шиносоӣ бо дастовардҳо
Дар доираи сафари худ ба ноҳияи Балҷувон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои хоҷагии халқи Ҷамоати деҳоти Сари Хосор шинос шуданд.
Дар намоишгоҳ сокинон дастранҷи хеш, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, гулу гиёҳҳои табиии шифобахш ва ҳунарҳои дастиро, ки бо меҳнати ҳалол ва заҳмати зиёд ба даст омадаанд, ба маъраз гузоштанд.
Ба дастовардҳои хоҷагидорони деҳот, бахусус меваҳои шаҳдбор, аз қабили чормағз, тутҳои гуногун, хуч, зелол, малҳаб, чанд намуди олуча, себи хушк, нок, зардолу, ангур гелос, шириниҳои аз мева омодакардашуда, донагиҳо ва инчунин, гиёҳҳои шифобахше, ки аз ҳудуди деҳоти Сари Хосор ҷамъоварӣ шудаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.
Дар маҷмӯъ наздики 20 номгӯи гиёҳҳои шифобахш ба маъраз гузошта шуда буданд ва иттилоъ дода шуд, ки дар минтақаи Сари Хосор қариб тамоми намуди гиёҳҳои хусусияти шифобахшидошта мавҷуд мебошанд.
Номгӯи гуногуни маҳсулоти кишоварзии деҳот, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, бодиринг, каду ва ғайра ба таври фаровон ба намоиш гузошта шуда буданд. Ба ҳунарҳои дастӣ ва маҳорати пазандагии занону духтарони деҳоти Сари Хосор аз тарафи Сарвари давлат баҳои баланд дода шуд.
Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи иншооте, ки минбаъд дар ҳудуди деҳоти Сари Хосор бунёд карда мешавад, муаррифӣ карда шуд.
Дар ояндаи наздик ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Сари Хосор 7 адад меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мегардад. Боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббию варзишии сокинони деҳоти Сари Хосор дар мадди назар мебошад ва айни замон лоиҳаи боз 5 иншоот дар ин соҳа тарҳрезӣ карда шуда, мавзеи ҷойгиршавӣ ва тарҳи биноҳои сохташаванда ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорон муаррифӣ гардид. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки барои фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум 8 иншооти дигари таъйиноташон гуногун сохта мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкорон ва нафарони дар ин самт масъулиятдошта даъват ба амал оварданд, ки дар вақти бунёди иншооти муаррифишуда ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Роҳи мошингарди Балҷувон - Сари Хосор сохта мешавад
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосор бо лоиҳаҳои иншооти сохташаванда ва оғози сохтмони роҳи мошингарди Балҷувон - Сари Хосор шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар вақти татбиқи лоиҳа иншооти асосии техникӣ, аз ҷумла 34 километр роҳи паҳноиаш 8 метр, 87 иншоот, лӯлаҳои оҳанубетонии обгузари қутрашон аз 1 то 4 метр, 1 пул бо дарозии 120 метр, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба масофаи 9,6 километр, сохтмони тумбадеворҳо ба масофаи 150 метри тӯлонӣ ба нақша гирифта шудаанд. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар сохтмони роҳ бояд 53,1 миллион сомонӣ сарф гардад.
Қад - қади ин роҳ 11 деҳа, 860 хоҷагӣ ва зиёда аз 6 000 аҳолӣ зиндагӣ менамояд. Ноҳияи Балҷувон яке аз минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Релефаш хеле мушкил буда, қисми зиёдашро кӯҳистон ташкил медиҳад ва бинобар набудани роҳи мошингард сокинон барои рафтуомад аз маркази ноҳия ба Ҷамоати деҳоти Сари Хосор дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Фармоишгари бунёди иншооти роҳ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро Мудирияти муассисаи давлатии корхонаҳои сохташудаистодаи Вазорати нақлиёт ва дигар ширкатҳои сохтмонии ватанӣ иҷро менамоянд.
То имрӯз 9 километр роҳҳои мошингарди Балҷувон - Дӯлонамайдон, Балҷувон - Дашти - Майдон сохта шудааст ва соли 1995 сохтмони лоиҳаи роҳи мошингарди Балҷувон - Сари Хосор таҳия гардида буд. Ҳар сол аз 500 ҳазор то 1 миллион сомонӣ корҳо иҷро мегардиданд, ки маблағи умумии иҷрои корҳо аз соли 1995 то 2017 - ум ҳамагӣ 6 миллиону 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.  Имрӯз кор қариб дар ҳамаи қитъаҳои роҳ дар тӯли 34 километр идома дорад. Соли 2016 - ум 10 километр аз Боғи  Зоғон то Шайдон сангфарш гардонда шуд, ки деҳаҳои Шайдон, Тоҳирдара, Дашти Килко, Чилторӣ, Дошмандӣ ва Баҳор дар тамоми фасли сол ба ҳам пайваст гардида, сокинон роҳат рафтуомад доранд.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо лоиҳа таъкид доштанд, ки сохтмони босифату саривақтии роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор барои рафтуомади сокинон, азхудкардани заминҳои кишт, истифодаи босамари ҷангалзор, ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва рушди соҳаи туризм мусоидати амиқ менамояд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2017    №: 158    Мутолиа карданд: 228

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед