logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон, 27 июли соли 2017

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Мо имрӯз тасмим гирифтем, ки дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи зебои Балҷувон бо шумо, сокинони деҳоти биҳиштосои Сари Хосор, яъне диёри Восеи қаҳрамон ва даҳҳо нафар мардони номбардори миллат мулоқот кунем.
Мавзеи Сари Хосор таърихи хеле қадима дошта, яке аз марказҳои ривоҷи илму адаб ва маърифату фарҳанги халқамон ба шумор меравад. Беҳуда нест, ки бо ин сабаб ва бинобар иқлими ниҳоят мусоид, оби фаровон ва табиати зебову нотакрори худ Сари Хосор асрҳои зиёд макони мирнишин будааст.
Тавре ки аз таҳқиқоти олимон бармеояд, оби фаровон, боғҳои мевадор ва ҷангалзору алафзори мавзеи Сари Хосор ҳанӯз дар асри биринҷӣ, яъне ҳазорсолаи дуюми то мелод барои чорводорӣ ва бунёди макони зисти доимии одамон бисёр мувофиқ будаанд.
Чанд сол пеш дар деҳаи Шайдон қабристоне ёфт шуда буд, ки мувофиқи хулосаи бостоншиносон дар он сипоҳиёни давраи Ҳайтолиён гӯронда шуда, ба асрҳои дуюм то панҷуми мелодӣ мансуб мебошад. Ин бозёфт боз як далели равшани таърихи бостонӣ доштани Сари Хосор мебошад.
Ба андешаи донишмандон, вожаи Сари Хосор ба маънои саргаҳи Хуросон  ё оғози Хуросони таърихӣ, инчунин, макони дар рӯ ба рӯи  офтоб ҷойгирифта маънидод шудааст.
Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки бо вуҷуди интишори як силсила китобу мақолаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ, таърихи ин диёри бостонӣ, тарзи зиндагӣ, маданияти заминдориву чорводорӣ ва дигар масъалаҳои ҳаёти гузаштаи сокинони он то ҳанӯз пурра омӯхта нашудаанд ва анҷом додани ин кори хайр, яъне муаррифии воқеиву шоистаи таъриху фарҳанги як пораи сарзамини тоҷикон вазифаи олимону мутахассисон мебошад.
Мавзеи Сари Хосор, хусусан, барои рушди сайёҳӣ ниҳоят мувофиқ буда, дар сурати ба талаботи минтақаи туристӣ мутобиқ гардондани он, яъне ташкил намудани инфрасохтори замонавӣ барои сайёҳону меҳмонон метавонад ҳамчун манбаи таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ва даромади хуби аҳолӣ хизмат намояд.
Яке аз мавзеъҳои зебоманзари ин водӣ шаршараи 50 - метра аст, ки аз ҷумлаи зеботарин ва баландтарин шаршараҳои кишварамон буда, дар баландии 2010 метр аз сатҳи баҳр кӯҳҳои ҳамешасабзи ин маконро зебу оро медиҳад.
Чунонки дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Балҷувон  иброз доштам, мавзеи Сари Хосор бо имкониятҳои зикршуда дар кишварамон яке аз минтақаҳои зебои сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза, иқлими мусоид ва мавзеи ёдгориҳои нодири таърихиву фарҳангӣ мебошад.
Бо мақсади  ҳифзу нигоҳдории чунин табиати нотакрор ва обод кардану ба яке аз минтақаҳои сайёҳии кишвар табдил додани ин мавзеъ моҳи октябри соли 2003 бо қарори Ҳукумати мамлакат Боғи табиии Сари Хосор таъсис дода шуд.
Ҳамчунин, бо дарназардошти табиати нодиру нотакрор ва обу ҳавои тозаву шифобахши ин мавзеи таърихӣ Ҳукумати кишвар 3 – юми марти соли 2011 дар бораи бунёд намудани муассисаи давлатии Маркази байналмилалии тавонбахшӣ дар Сари Хосор қарор қабул кард.
Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои рушди минбаъдаи соҳаҳои сайёҳӣ, кишоварзиву соҳибкорӣ, бунёди шабакаи роҳҳо ва дар маҷмӯъ, ҷиҳати фароҳам овардани  инфрасохтори замонавӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.
Соли 2011 ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ва боздид аз деҳоти Сари Хосор дар маросими ба фаъолият оғоз намудани се иншооти навбунёди иҷтимоиву фарҳангӣ, аз ҷумла маркази минтақавии тавонбахшӣ, китобхона ва осорхонаи таърихиву кишваршиносӣ иштирок карда, ба роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии сокинон, бунёду азнавсозии роҳҳои ноҳия, аз ҷумла роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли мева дастуру супоришҳои мушаххас дода будам.
Албатта, то ин муддат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва заҳмати сокинон ҷиҳати ободонии ин мавзеи нотакрору зебои диёрамон хеле корҳо анҷом дода шудаанд, вале ин ҳанӯз қонеъкунанда набуда, барои ба минтақаи муосири сайёҳӣ табдил додани Сари Хосор ҳар як сокини ноҳия ва дар навбати аввал, роҳбарону мутахассисон ва соҳибкорони ватандӯст бояд саъю кӯшиш намоянд.
 Баъзе супоришҳои зарурӣ ва андешаҳои худро дар ин самт ман имрӯз дар мулоқот бо иштироки намояндагони сокинон ва роҳбарону фаъолони ноҳия ба Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳӣ ва масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  иброз намудам ва бори дигар таъкид менамоям, ки дар қаламрави кишвари биҳиштосоямон мавзеъҳои хеле зиёди сайёҳӣ мавҷуданд.
Танҳо зарур аст, ки мо бо заҳмати софдилона ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ин гӯшаҳои зебои диёрамонро обод гардонда, шумораи ҳар чи бештари меҳмонону сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба онҳо ҷалб намоем.
Барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Балҷувон, аз ҷумла деҳоти Сари Хосор як қатор мушкилоту масъалаҳое вуҷуд доранд, ки бояд ҳар чи зудтар бартараф карда шаванд. Масалан, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани инфрасохтори соҳа, норасоии мутахассисон, омода набудани сокинон барои қабули сайёҳон, нокифоя будани маблағгузорӣ, сатҳи пасти менеҷменти соҳа ва вобаста будани аксар мавзеъҳои туристӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба рушди соҳа ва умуман, пешрафту ободии деҳоти Сари Хосор монеа эҷод карда истодаанд.
Дар ҳоле ки тибқи хулосаи мутахассисону коршиносон дар ояндаи наздик яке аз фишангҳои муҳими таконбахши иқтисоди миллиамон ва пешрафти бисёр шаҳру ноҳияҳои кишварамон ба тараққӣ додани намудҳои гуногуни сайёҳӣ вобаста мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву  иқтисодии ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2017 - 2020 муҳайё намудани замина барои рушди сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, сайёдӣ ё туризми шикорӣ тавассути бунёди инфрасохтори муосир пешбинӣ гардидааст.
Барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда зарур аст, ки, пеш аз ҳама, ба бунёду азнавсозии роҳҳо ва таъсиси инфрасохтори туристӣ эътибори аввалиндаҷа зоҳир намуда, ҳамзамон бо ин, бо мақсади ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ҳозир бояд корҳо дар самти таъсис додани хатсайрҳои нави сайёҳӣ, ба роҳ мондани силсилаи барномаҳои иттилоотиву реклама ба забонҳои давлативу хориҷӣ оғоз карда шаванд.
Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаи таъсис додани корхонаҳои хурди коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.
Бахусус, барои рушд додани саноати дорусозӣ дар кишвар мавзеи Сари Хосор метавонад тақрибан аз 300 номгӯи растаниву гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла навъҳои гуногуни маводи заруриро омода ва барои коркарди минбаъда пешниҳод намояд.
Роҳбарону мутахассисони ноҳия ва сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки бо мақсади ҳифзи захираҳои ҷангал ва нигоҳ доштани табиати зебои ин диёр, аз ҷумла олами набототу ҳайвонот ба масъалаҳои зиёд кардани майдони ҷангалзорҳо, нигоҳубини онҳо ва муҳайё намудани шароит барои захираи сӯзишворӣ – ангишт ва газ эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Илова бар ин, таъкид месозам, ки мавзеи Сари Хосор барои рушди кишоварзӣ, пеш аз ҳама, картошкапарварӣ, боғдорӣ, асалпарварӣ ва чорводорӣ имкониятҳои ниҳоят васеъ дорад ва зарур аст, ки аз онҳо, яъне аз шароити муҳайёкардаи табиат ҳар чи бештару пурра истифода карда шавад.
Мо чанд лаҳза пеш ба хотири ободонии деҳоти Сари Хосор санги асоси бунёди 20 иншооти хизматрасониву иҷтимоӣ ва неругоҳҳои барқи обии хурдро гузошта, бинои нави таваллудхонаро ифтитоҳ кардем. Яъне дар муддати ду - се соли оянда дар як қатор деҳаҳои Сари Хосор меҳмонхонаҳои замонавӣ, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, толору майдончаҳои варзишӣ ва парваришгоҳи зироатҳои кишоварзӣ бунёд гардида, садҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мешаванд.
Итминон дорам, ки сохтмони иншооти зикршуда тибқи нақша ва бо сатҳу сифати баланд анҷом ёфта, ба рушди сайёҳӣ дар ин мавзеъ ва болоравии шароити зиндагии аҳолӣ такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.
Дар ноҳияи Балҷувон, аз ҷумла Сари Хосор, ҷавонмардони бонангу номус ва соҳибкорону тоҷирони ҳимматбаланду ободгар зиёданд ва бовар дорам, ки онҳо корномаи падарону бобоёни  қаҳрамону некноми худро идома дода, ҷиҳати тараққиёти минбаъдаи ноҳия, ба як гӯшаи пешрафтаву обод ва маркази муосири сайёҳӣ табдил додани мавзеи Сари Хосор камари ҳиммат мебанданд.
Дар иртибот ба ин, як нуктаро, ки борҳо гуфтаам, бори дигар хотирнишон месозам, ки мо ватанамонро танҳо худамон метавонем бо заҳмати софдилона ва эҳсоси баланди ватандӯстона ободу пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки зебо, давлати мутараққӣ ва ҷомеаи озоду осударо ба мерос гузорем.
Дар ин роҳи хайр ба ҳамаи шумо, мардуми соҳибмаърифат ва бонангу номуси деҳоти Сари Хосор барору комёбӣ орзумандам.
Ҳамеша сарбаланду сарфароз бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2017    №: 158    Мутолиа карданд: 1559

21.02.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Оле Йоҳан Бёрней

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Баррасии масоили мубрами густариши ҳамкориҳо

Баргузории намоиши «Корвони ҳунар»

Ҷаҳон дар як сатр

СММ Туркияро ба қатъи амалиёти низомӣ дар Африн даъват намуд

Дар ИДМ 90 нафар барои маблағгузории терроризм ба даст афтод

Кушта шудани 24 полис аз дасти толибон

ДИ дар Афғонистон ва Покистон реша медавонад

Венесуэла соҳиби криптоасъори худ шуд

Samsung дроне баровард, ки бо нигоҳ идора мешавад

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед