logo

иқтисод

ШАМСИДДИНИ ШОҲИН – ШОҲОН. ВАЗЪИ БУНЁДИ ИН РОҲИ МОШИНГАРД ЧӢ ГУНА АСТ?

Дар масири Шамсиддини Шоҳин – Шоҳон бунёди қитъаи 40 - километра бо заҳмату талоши роҳсозони маҳаллию хориҷӣ босуръат ҷараён дорад. Роҳсозони ширкатҳои «Бунёди роҳ», «Роҳсоз» - и Тоҷикистон, «China Road» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва «Combined Group TEKAR TV» - и Туркия дар қисматҳои муайян бахши аъзами корро ба анҷом расондаанд.
Алӣ Илёс Ҳарут, сардори ширкати туркӣ, иброз дошт, ки таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди бунёди роҳ ва сифати корҳои сохтмонӣ муҷиби рӯҳбаландии коргарон гардидааст.
- Кӯшиш дорем, ки роҳро сари вақт ва бо сифати баланд сохта ба истифода бидиҳем. Барои беҳтар сохтани роҳ фаъолияти ҳаррӯзаи сохт-мончиён вобаста ба ҳаҷму сифати кор натиҷагирӣ мешавад. Мақсад  на зудтар ба сомон расондани кор, балки бо сифати олӣ ва ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯй сохтани роҳ муҳим мебошад, - гуфт ӯ.
Шуҷоат Сироҷов, директори Маркази татбиқи лоиҳаи Шоҳон – Зиғар, доир ба рафти корҳо дар қитъа  гуфт, ки фаъолияти сохтмончиён дар ду баст ба роҳ монда шуда, то 18 июли соли равон беш аз 90 дарсади корҳои бардоштани деворҳои муҳофизатии канори роҳ ба анҷом расидаанд. Аз рӯйи лоиҳа 7 километри масири навбунёдро чунин деворҳо дар бар мегиранд. Бунёди пулҳо қисми асосии барномаи сохтмонӣ ба ҳисоб рафта, масоҳати умумии онҳо зиёда аз 1000 метр мебошад. Айни замон 95 дарсади пулҳо бунёд ёфтаанд. Хобондани лӯлаҳои обгузар ва ҷӯйборҳои  бетонӣ, сохтани хоктеппа ва мумфаршсозии қабатҳои болоию поёнии роҳ, ҳамчунин, насби аломатҳои роҳ низ анҷом дода шудаанд. Аз рӯйи нақша корҳои сохтмонӣ бояд 31 декабри соли 2016 анҷом меёфтанд. Бинобар мушкил будани шароити маҳал, ноустувории вазъи молиявии пудратчӣ ва номусоидии боду ҳаво зарурати тамдиди муҳлати корҳои сохтмонӣ пеш омад.
Нигоҳдории роҳ баъди ба охир расидани сохтмон хеле муҳим аст. Аз ин лиҳоз, дар доираи лоиҳа харидани техникаю таҷҳизоти роҳ дар назар дошта шудааст. Барои интихоби паймонкор озмуни байналмилалӣ баргузор гардида, ширкати маҳаллии ҶДММ “Мумтоз” ғолиб омад.
Қитъаи Шамсиддини Шоҳин – Шоҳон ҷузъи муҳимтарини барномаи сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб ба ҳисоб рафта, бунёди он дар тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ  ва мубаддал гардидан ба кишвари транзитӣ нақши муҳим дорад.
О. ВАФОБЕКЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2017    №: 159    Мутолиа карданд: 297

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед