logo

иқтисод

"ТОЗАГИИ ЗАМИН". ҲАДАФ - ҲАЛЛИ МУШКИЛИ ДЕҲОТИЁН

Сокинони деҳаи Ҷовидони Ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон чанд сол боз аз таъсири манфии беш аз 100 тонна заҳрхимикатҳои дар ин мавзеъ буда азият мекашанд. Нигоҳдории тӯлонии заҳрхимикатҳо дар анборҳо на танҳо барои саломатии сокинони дар ҳамшафатии ин анборҳо сукунатдошта, балки барои олами набототу ҳайвоноти ин мавзеъ хавфноканд.
Бо дарки муҳимияти ин масъала аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи нақшаи миллии уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Конвенсияи стокголмии СММ оид ба ифлоскунандагони устувори органикӣ дар қаламрави минтақа аксияи маъракаи «Тозагии Замин» зери унвони «Ҳифзи табиат – ҳифзи Ватан аст» баргузор гардид.
Раҳматулло Хайруллоев, директори муассисаи давлатии Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ, иброз дошт, ки гузарондани чунин аксияҳо аз тарафи кумита бори аввал нест. Қаблан дар мониторинге, ки дар доираи иҷрои Конвенсия дар қаламрави вилояти Хатлон баргузор гардид, анборҳои пеститсид дар навоҳии Хуросон, Вахш, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Ёвон, Данғара, Фархор, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб низ ба қайд гирифта шуданд. Масалан, аҳолии деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун, дурустараш 4 оила, ҳатто дар анбори заҳрхимикатҳо хона бунёд кардаанд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ин оила барои сохтмони хонаҳои нав замин ҷудо гардид. Сохтмони чор хонаро Ташкилоти швейтсарии зиддиминаҳо (FSD) дар асоси шартномаи сетарафа бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти маҳаллӣ ба уҳда гирифта, моҳи январи ҳамин сол хонаҳои навро ба соҳибонашон супурд. Баъди кӯчондани сокинон ба ҷойи бехавф хонаҳои дохили анбор вайрон карда, хоки заҳролуд дар халтаҳо барои нигоҳдорӣ ба ягона партовгоҳи заҳрхимикати ноҳияи Вахш интиқол дода шуд. Атрофи анбор бо симчӯб иҳота гардид ва ҳоло ин минтақа мамнӯъгоҳ ҳисобида мешавад.
Вазъ дар деҳаи Ҷовидон, бо назардошти гӯрондани беш аз 100 метри мукааб хокҳои заҳролуд ва дар атрофи анборҳо бунёд кардани манзили зист, ташвишовар аст. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд сохтмони ҳамагуна иншоотро дар ин қитъа манъ кардааст.
Кормандони мақомоти дахлдори экологӣ дар давраи баргузории аксияи «Тозагии Замин» аз ин мавзеъ 100 тонна хокаи заҳролудро тавассути техникаҳои махсус ба партовгоҳи ноҳияи Вахш интиқол дода, ҷойи онро бо хоки тоза рӯйпӯш карданд. Дар ин минтақа низ 8 хонаи нав сохтаанд ва бунёди чор хонаи дигар дар арафаи анҷомёбист. Аҳолии деҳот аз он  хушнуданд, ки мақомоти маҳаллӣ барои бехатарии муҳити зист ва саломатиашон ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Аммо масоили безарар гардондани анборҳои қаблан боқимондаи заҳрхимикатҳо дар дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳанӯз проблемаи асосии аҳолии деҳот аст. Коршиносони экологӣ ҳалли масъаларо дар баргузории маъракаҳои монанд ба аксияи «Тозагии Замин» дар дигар ноҳияҳо  муҳим арзёбӣ мекунанд.
- Шумораи анборҳои  заҳрхимикатҳо дар ҷумҳурӣ ба 164 адад расидааст. Дар доираи иҷрои уҳдадориҳои конвенсия шумораи онҳо сол то сол коҳиш меёбад. Айни замон интиқоли заҳрхимикатҳо аз минтақаҳои гуногуни вилояти Хатлон ба партовгоҳи ноҳияи Вахш ягона роҳи пешгирӣ аз заҳролудшавӣ мебошад. Дар оянда бо амалӣ гардидани талаботи дигари конвенсия заҳрхимикатҳои дар анбор ҷамъовардашуда тавассути технологияи муосир бояд сӯзонда ва безарар карда шаванд. Азбаски барои сӯзондани хокҳои заҳролуди партовгоҳ айни замон чунин технология мавҷуд нест, барои безарарсозӣ чуқуриҳои махсуси заҳрхимикатҳо истифода бурда мешаванд, - гуфт Раҳматулло Хайруллоев.
Барои муътадил сохтани вазъи экологии партовгоҳи ноҳияи Вахш дар масоҳати 5 гектар боғ бунёд гардид. Дар он зиёда аз 1000 бех ниҳоли дарахтони гуногуни сояафкан шинонда шуд. Вазъи сабзиш ва нашъунамои онҳо нисбат ба соли гузашта беҳтар аст. Ниҳолҳо ба тариқи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд. Барои беҳтар шудани ҳолати боғ, пешгирӣ аз ҳавои гарм ва таъсири бӯйи ғализи партовгоҳ дар даромадгоҳи он низ 300 бех ниҳол шинонда шуд. Дар қисмати поёнии даромадгоҳ, ҳамчунин, ниҳолҳои дарахтони ҷангалӣ шинонда шуданд.
О. ГУЛБЕРДИЕВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2017    №: 159    Мутолиа карданд: 323

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед