logo

сиёсат

ҲАРФИ ДИЛИ МАНУ МО

Ҳар як нуктае, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеа бахшида ба 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гӯё аз қаъри дили ҳар инсони бедордил, рӯшанфикр, поктинат, ҳақиқатбину некандеш бармеомад.
Президенти мамлакат зимни натиҷагирӣ аз амали даҳсолаи қонуни мавриди назар дар баробари дастовардҳои беназири он, ҳамчунин, аз ҳолатҳои риоя нагардидани муқаррароти ин санади миллӣ аз ҷониби бархе мансабдорону сарватмандон изҳори нигаронӣ карданд. Эроди Сарвари давлат дар ин маврид хеле баҷо буд, чун мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки то кунун риоя нагардидани талаботи қонун аз ҷониби мардуми одӣ не, балки ҳамин мансабдорону сарватмандон сурат мегирад. Аз ин рӯ, барои нақзи қонун пешниҳоди ҷазои сангинтар барои ин афрод, ки аз ҷониби Пешвои миллат ҳам садо дод, амри саривақтист. Зеро қонун ва риояи он барои ҳама баробар ва ҳатмист.
Зимни мулоқот пешниҳоди аз аттестатсия гузарондани масъулони бахши дин ва танзими расму оинҳо низ айни мудао буд. Зеро  аксари  ҳолатҳои  қонуншиканиҳои  сабтшуда дар ин самт бинобар дониши нокифоя ва бемасъулиятии худи кормандони соҳа сурат гирифтаанд. Аз ин рӯ, ба миён омадани чунин амр бешубҳа, дар коҳиши чашмраси қонуншиканӣ ва риояи пурраи талаботи қонун мусоидат хоҳад кард.
Яке аз дигар масъалаҳои баррасишудае, ки мавриди истиқболи умум қарор гирифт, ин рӯ овардан ба фарҳанги либоспӯшӣ дар доираи суннатҳои миллӣ ва канорагирӣ аз тақлид ба русуми бегона буд. Барҳақ, моро зарур аст, ки дар ин самт ба арзишҳои миллии худ авлавият диҳем ва дар заминаи ҳидоятҳои Президенти маҳбуби кишвар аз бегонапарастӣ даст кашем. Танҳо дар ин сурат метавонем мероси гаронбаҳои ниёгонамонро ҳифз ва онро ба ояндагон мерос гузорем. Ҷаҳони имрӯзро бо чашми дил бубинем ва ба ҷойи маъракаҳои пурхарҷу бодабдаба имконоти молиявии худро барои камолоти фарзандон истифода кунем.                 
Ато БОҚӢ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон, ноҳияи Спитамен


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2017    №: 159    Мутолиа карданд: 262
18.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо сафири тозатаъйини Озарбойҷон

Ҷамъомади муҳим дар Кумитаи рушди маҳал

Супурдани эътимоднома ба Президенти Беларус

Самтҳои асосии рушди туризм матраҳ гаштанд

Шиносномаи Тоҷикистон дар сархати 81-уми раддабандии байналмилалӣ

Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд

Президенти Миср: «Баҳори арабӣ» ба «хазон шудан» - и 1,4 миллион нафар сабаб гашт»

YouTube тавассути технологияҳои нав 98 дарсади видеоҳои экстремистиро ошкор сохт

Дар баҳри Миёназамин 1400 муҳоҷир наҷот дода шуд

Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд

Истифодаи партовҳои электронӣ барои ороишоти заргарӣ

16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ

«Тоҷик Эйр» теъдоди парвозҳоро ба Деҳлӣ зиёд мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Кореяи Шимолӣ омода аст ба Кореяи Ҷанубӣ пайвандад

Интиқоди сарвазири Маҷористон аз сиёсати ИА нисбат ба Русия

Чин соли гузашта аз хориҷа 1300 порахӯрро баргардонд

Қирғизистон: зарар аз коррупсия 1, 4 миллиард сом

Консерни Lactalis миллионҳо бонка ғизои кӯдаконаро бозмехонад

«Реал» барои Неймар аз баҳри Роналду мегузарад?

12.01.2018


Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимтарини Паём дар ВМКБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед