logo

иқтисод

НОҲИЯИ СИНО. АВЛАВИЯТ БА САНОАТ

Барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе ба таъмини рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ, ғанисозии бозори истеъмолӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, кафолати иҷтимоӣ ва дастгирии шахсони ниёзманд, дар маҷмӯъ расидан ба ҳадафи ниҳоӣ - фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ҳар як инсон нигаронда шудаанд.
- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликият, бо дарназардошти соҳибкорони инфиродӣ, дар ҳаҷми зиёда аз 260 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 27 миллион сомонӣ зиёд аст. Ба маблағи қариб 20 миллион доллари ИМА маҳсулот ворид гардида, ба маблағи зиёда аз 300 ҳазор доллар содирот шудааст. Иҷрои нақшаҳо оид ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти мавриди ниёзи мардум, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар истеҳсолот ва ташкили корхонаҳои нав, ки яке аз вазифаҳои асосӣ мебошанд, таъмин гардидаанд, - гуфт Ҳайдар Гулаҳмадзода, муовини якуми раиси ноҳияи Сино.
Сабабҳои асосии кам будани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои ҳудуди ноҳияи Сино ин ба фурӯш нарафтани маҳсулоти истеҳсолшуда ва дар анборҳо хобидани он, иштирок накардан дар тендерҳо, истеҳсол накардани маҳсулоти рақобатпазир дар бозори дохилӣ ва барои содирот, дуруст истифода набурдани иқтидори истеҳсолии корхонаҳо ва норасоии кадрҳои баландихтисоси муҳандисию техникӣ мебошанд. Сабаби хуб фаъолият накардани корхонаҳои саноатӣ низ ҷалб нагардидани сармояи дохилию хориҷӣ, фарсудагии таҷҳизоту дастгоҳҳо ва технологияҳои куҳнаи истеҳсолӣ, дастрас набудани қарзҳои имтиёзнок ва сари вақт пардохт нагардидани қарз аз ҷониби дебиторҳо ба ҳисоб мераванд.
Ба андешаи Мавҷуда Қосимова, раиси комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба иқтисодиёт, саноат, сохтмон, нақлиёт, алоқа, савдо, хизмати маишӣ ва рушди соҳибкорӣ, барои пешрафти кор беҳтар аст, ки корхонаҳои ноҳия бо ҷалби технологияҳои муосири воридотӣ ва истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол кунанд ва соҳибмулкон бо ҷалби олимон нақшаи навкунии фондҳои асосӣ, ки асосан дар корхонаҳои калони ноҳия фарсуда гаштаанд ва ивази онҳоро бо технологияҳову дастгоҳҳои муосир таҳия ва татбиқ намоянд. Дар акси ҳол бо таҷҳизоту технологияи фарсуда маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ истеҳсол намудан маҳол аст.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2017    №: 160    Мутолиа карданд: 323

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед