logo

иҷтимоиёт

АРЗИШМЕҲВАРӢ. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ СОКИНОН АЗ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеа бахшида ба 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди истиқболи гарми сокинони мамлакат қарор гирифт.

Ҳамоиши истиқоматкунанда-гони маҳаллаи Испечаки ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ба манзури тарғиби ҳар чи бештари риояи арзишҳои миллӣ дар доираи муқаррароти қонуни мавриди назар амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар ин самт сурат гирифт, бозгӯи ин ҳақиқат аст. Дар ин вохӯрии судманд намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мардум суҳбати самимиву ошкоро анҷом доданд.
Хушвахт Шарифзода, сардори раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти  шаҳри Душанбе, зимни вохӯрӣ иброз дошт, ки қабули қонуни мазкур рӯйдоди воқеан таърихӣ дар ҳаёти мардуми тоҷик маҳсуб мешавад. Ин санади муҳим, ки беҳбудии зиндагии мардум арзиши меҳварии он аст, дар таърихи қонунгузории муосири тоҷик таҳаввулоти тоза буда, воқеан ҳам ба вазъи молиявии сокинони мамлакат таъсири мусбат гузоштааст. - Он дар ин муддат ба мардуми кишвар ба маблағи беш аз 17 миллиард сомонӣ фоида овард. То қабули қонун баъзеҳо барои гузарондани маъракаҳои миёншикан аз бонкҳо қарз мегирифтанду қисмати дигаре солҳо умри худро дар муҳоҷирати меҳнатӣ сипарӣ мекарданд. Аз ин ҷост, ки теъдоди маъракаҳо низ хеле кам буд. Агар то қабули қонун ҳамагӣ 53 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда бошад, соли 2008 ин теъдод ба 106 ҳазор расид,-изҳор дошт Хушвахт Шарифзода.
Ҳайати намояндагӣ зимни мулоқот зуҳуроти номатлуби бегонапарастиву тақлидкорӣ, бахусус дар мавриди либоспӯширо маҳкум карда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки дар ин маврид авлавият   ба арзишҳои миллии худ диҳанд. Сокинони ноҳияи Сино низ дар навбати худ аз нақши чашмраси қонун дар беҳбуди зиндагии мардум бо далелҳои асоснок ёдовар шуда, ҳамчунин, барои такмили он таклифу пешниҳодҳои худро ба миён гузоштанд.
М. САФАРОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2017    №: 161    Мутолиа карданд: 270

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед