logo

иҷтимоиёт

"ФАРМАТСИЯ" МАРКАЗИ ТАЪЛИМӢ, ИЛМӢ ВА ИСТЕҲСОЛӢ

Рушди саноати  дорусозӣ  ва истеҳсоли доруи ватанӣ  аз масъалаҳоест, ки Ҳукумати кишвар ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин масъаларо  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баррасӣ намуда,  аз воридоти маводи зиёди дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набудани  он  изҳори нигаронӣ карданд. Ба вазорату  идораҳои дахлдор супориш ҳам дода шуд, ки барои кам намудани муомилоти  дорувории қалбакӣ ва пастсифат  дар кишвар чораҳои  зарурӣ андешанд.
Бо ин мақсад, дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» таъсис ёфт.
Марказ истеҳсолӣ буда,  дар он аз гиёҳҳои шифобахши кишвар маводи гуногуни доруворӣ омода карда мешавад. Раёсати донишгоҳ ният дорад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи  Варзоб дар минтақаи Харангон қитъаи озмоишӣ ташкил намояд. Олимони донишгоҳ рустаниҳои минтақаро  мавриди омӯзиш қарор дода, барои омода намудани маводи гуногуни доруворӣ истифода мебаранд. Ба ин хотир, метавон гуфт, ки таъсиси марказ  барои таҷрибаомӯзии саҳроӣ ва ҳам истеҳсолии  донишҷӯён имконияти хуб фароҳам  меорад. 
- Барои аз рустаниҳои шифобахш дору омода намудан, пеш аз ҳама,  коркарди дурусти онро бояд донист. Набояд фаромӯш кард, ки ҷамъоварии рустаниҳо тартиби дурусти  худро дорад ва бояд он риоя шавад. Барои омода намудани дору бояд донист, ки кадом рустанӣ дар кадом  замон ҷамъоварӣ  шавад, ё барои омода намудани дорӯ кадом қисми рустанӣ зарур аст, онро  чӣ тарз хушк  ва коркард намуд. Ҳамаи ин дар марказ омӯзонда мешавад, - мегӯяд  директори он Гадомад  Раҷабов.
Марказ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст. Бонки рушди Осиё  ба марказ 74 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд. Ҳамчунин, ҷиҳати  ворид намудани баъзе  маводи барои  истеҳсоли дору зурурӣ аз ҳисоби маблағҳои донишгоҳ  20 ҳазор сомонӣ  ҷудо гардидааст. Дар марказ, ҳамчунин, истеҳсоли дигар навъҳои маводи  сунъии тиббӣ, аз ҷумла  глюкоза, натрий хлор, фуратсилин, кислотаи турш ва йод  роҳандозӣ хоҳад шуд. Фито - бар низ таъсис ёфтааст, ки дар он аз рустаниҳои  шифоӣ ҳар гуна  нӯшобаҳо омода менамоянд.
Ба гуфтаи Гадомад Раҷабов маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия», ки  дар назар аст моҳи август ба фаъолият оғоз намояд, метавонад  дар рушди саноати дорусозӣ ва коҳиш додани муомилоти дорувории қалбакӣ дар дохили ҷумҳурӣ саҳм гузорад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2017    №: 161    Мутолиа карданд: 302

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед