logo

иҷтимоиёт

АДАМИ МАЪРИФАТ ОМИЛИ АСЛИИ БА ДОМИ ИФРОТИҲО АФТОДАН АСТ

- Замони кор дар Русия бо як нафар шинос шудам ва рафта-рафта бо ҳам дӯст шудем. Ба воситаи интернет ва истифода аз шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ба якдигар менавиштем. Дар ниҳоят ӯ маро фирефта кард ва то ба Сурия бурд...

Ин порае аз нақли Парвиз Қосимов, як сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон аст, ки ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтода, нуҳ моҳ дар Сурия қарор дошт. Ин ҷавони гумроҳ мақсадҳои ғаразноки дӯсташ ва гурӯҳҳои ифротиро дарк кард ва бо изҳори пушаймонӣ ба Тоҷикистон баргашт. Ин сарнавишти кӯтоҳ бори дигар ҳақиқатеро собит сохт, ки мубаллиғони гурӯҳҳои ифротгаро, пеш аз ҳама, шахсони ноогоҳ ва камсаводро ба сафи худ шомил намуда, аз онҳо истифода мебаранд.
Таҳлилҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон низ бар он далолат мекунанд, ки аксари ҷавонони мо бар асари заъфи донишҳои диниву дунявӣ ба доми фиреби гурӯҳҳои террористиву ифротӣ меафтанд. Он ҳам тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ.
Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси суди вилояти Хатлон,  дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки яке аз сабабҳои ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ пайвастани ҷавонон ин сатҳи пасти дониши ҳуқуқию диниашон аст. Дар таҷриба мебинем, ки ҷиҳод гуфта худро қурбон кардан мехоҳанд, вале одитарин дониши исломиро надоранд.
- Имрӯз як давраи муборизаи ақидаҳо, тамаддунҳо ва дар баробари ин, зиддияти абарқудратҳо дида мешавад, - мегӯяд Умарҷон Сафаров, корманди шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон. - Имрӯз барои як миллатро аз байн бурдан ё рахна задан ташкилотҳои ҷосусӣ ва институтҳои махсус ба воситаи нохун задан ба эҳсосҳои динии мардум номаълум вориди мафкураи шаҳрвандони ҷаҳони ислом, аз ҷумла Тоҷикистон мешаванд. Агар солҳои 90-уми асри гузаштаро ба хотир орем, дар аввал воқеаҳое сар заданд, ки фарогири доираи маҳдуд буданд. Баъзеҳо ҳамон вақт гурӯҳҳои хурд ташкил карданду хостанд, ба қавли худашон, озодии динро дар Тоҷикистон барқарор созанд. Мутаассифона, ҳоло ҳам сатҳи маърифати динии ҷавонони мо хеле паст аст. Вақте онҳо вориди шабакаҳои интернетӣ мегарданд, фикру ақидаашон аз ҷониби шахсони тайёркардашуда дуздида мешавад.
Ба андешаи масъулони давлатӣ, имомхатибон ва таҳлилгарони масоили динӣ, барои пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон бояд аз усулҳои ҳамон мубаллиғони ифротӣ кор гирифт. Яъне, дар шабакаҳои интернетӣ саҳифаҳо ва ё як сомонаи хубе, ки дар он масоили динӣ  баррасӣ шаванд, таъсис  дода шавад ва муллоҳои суннатии мо фикру андешаҳои худро он ҷо бигӯянд ва дар бораи ин ё он масъалаҳои динӣ суҳбат кунанд. Аммо мушкил, ба андешаи Усмоналӣ Нуров, муовини сархатиби шаҳри Қӯрғонтеппа, дар дигар ҷост. “Мутаассифона, - иброз дошт ҳамсуҳбати мо,- баъзе муллоҳо аз технологияи муосир бохабар нестанд ва маълумоти кофӣ дар ин самт надоранд. Мо бояд аз ин илмҳо бархӯрдор шавем. Агар мо аз интернет хуб огаҳӣ дошта бошему онро дуруст истифода барем, ягон мақомот мушкил эҷод намекунад”.
Аз ин рӯ, дар замони ҷанги иттилоотӣ бояд аз неруи зеҳнии муллоҳои суннатии кишвар ба таври дуруст истифода шавад, баҳри даст ёфтан ба фанновариҳои ҷадид барояшон шароити лозими омӯзиш фароҳам кард ва ба ин васила дар баланд бардоштани сатҳи маърифати динии мардум мусоидат намуд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2017    №: 161    Мутолиа карданд: 121

21.08.2017


Ассотсиатсияи нархгузорӣ таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Полиси Барселона гумонбари асосии амали террористиро ҷустуҷӯ дорад

Русия дар кори расондани ёрии башарӣ аз ҷумлаи пешсафони дунёст

Қирғизистон метавонад худро бо шакар таъмин созад

Инқилоби гази тахтасангӣ дар Чин

ИМА баъди торумори «ДИ» дар Сурия монданӣ нест

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед