logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. ҚОНУНЕ, КИ БА АФЗОИШИ АМАЛҲОИ ХАЙР ЗАМИНАИ БУНЁДӢ ГУЗОШТ

Татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чун дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб низ дорои дастовардҳои назаррас аст. Ин санад ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ мусоидат карда, зиндагии сокинонро ба низом даровард ва ба афзоиши амалҳои хайр заминаи бунёдӣ гузошт.
 
Айни замон дар шаҳри Кӯлоб 5 комиссияи доимӣ ва 153 ҷамъиятӣ оид  ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолият намуда, бобати риояи бечунучарои муқаррароти қонун дар байни аҳолӣ ва ҷомеаҳои меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотию ташвиқотӣ мебаранд. Дар нимсолаи аввал дар шаҳр 851 маъракаи хатнасур, тӯйи домодию арӯсӣ, маросими чил ва сол гузаронда  шудааст. Хароҷоти умумии маъракаҳо 2 817 000 сомониро ташкил медиҳад. Оид ба риояи талаботи қонуни танзим дар шаҳр 33 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гашта, нисбат ба 7 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби суди шаҳри Кӯлоб ба маблағи 10200 сомонӣ ҷаримабандӣ гардидаанд.
Бино ба иттилои Шокирҷон Карим, корманди бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дар шаш моҳи сипаришуда аз ҳисоби иттиҳодияҳои динӣ ба ятимон, бепарасторон ва маъюбон ба маблағи 127 ҳазору 914 сомонӣ ёрӣ расонда шудааст. Ҳамчунин, ҳар як масҷиди ҷомеъ ба ду ятими кулл ҳар моҳ аз 50 то 80 сомонӣ кумак мерасонад. Дар арафаи 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ ба оилаҳои ниёзманд ва дигар эҳтиёҷмандон ба маблағи 82557 сомонӣ амалҳои хайриявӣ анҷом дода шуданд.
Ба гуфтаи Шокирҷон Карим, дар шаҳри Кӯлоб 54 масҷиди ғайрирасмӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба танзим даровардани бунёди масҷиду ибодатхонаҳо ва бартараф намудани масҷидҳои ғайриқонунӣ бунёдгардида ба маркази фарҳангии фароғатии ҷавонон табдил додани чойхона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки барои намозгузорӣ истифода мешаванд» ва қарори раиси шаҳр “Оид ба ҷойҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар иншооти ниёзи мардум табдил додани масҷидҳои ғайрирасмӣ” корҳои муайян ба субут расиданд. Масалан, 10 масҷиди ғайриқонунӣ бунёдшуда ба манзили истиқоматӣ, 11 адад ба толори варзишӣ, 5 ба утоқи кории нозири минтақавӣ,  4  ба дафтари кории раиси маҳалла, 7 ба бунгоҳи саломатӣ, 5 ба боғчаи бачагона, 2 ба маркази омӯзиши забонҳо, 4 ба ҷойи баргузории расму оинҳо, 2 ба коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ, 3 ба коргоҳи чакандӯзӣ ва 1 адад ба осорхона табдил дода шуд.
Зикр гардид, ки ҳарчанд ҷиҳати таълимоти ғайрирасмии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимӣ мунтазам идома дошта бошанд ҳам, 16 нафар сокини шаҳр барои таҳсилоти динии ғайрирасмӣ дар хориҷи кишвар қарор дорад. Ҳамчунин, 86 нафар барои иштирок дар муноқишаҳои мусаллаҳона ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Аз ин теъдод 15 нафар ба қатл расонда шуда, тақдири 71 нафари дигар номаълум боқӣ мондааст.
Барои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар асоси нақша - чорабиниҳо кормандони бахши дин якҷо бо гурӯҳи корӣ дар байни донишҷӯёну омӯзгорон ва фаъолони ҷомеа ҷиҳати аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва тақвият додани фарҳанги миллӣ мунтазам мулоқоту вохӯриҳои судманд баргузор менамоянд.
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2017    №: 161    Мутолиа карданд: 219

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед