logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

Ҳабси ифротгарое, ки дар Украина боздошт шуд
Як сокини ноҳияи Шаҳринав бо ҷурми робита бо аъзои гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва ҷалби дигар шаҳрвандони дохилию хориҷӣ ба сафи ин гурӯҳ муддати тӯлонӣ равонаи зиндон шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, шаҳрванд Ғанӣ Абдусатторов моҳи феврали соли ҷорӣ ҳангоми иҷро намудани амалҳои ҷинояткоронааш дар шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина боздошт ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод шуд.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ бо моддаҳои 4011 , 401 ва 32 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва дар ниҳоят бо ҳукми суд 14 сол аз озодӣ маҳрум гардид. 

Пора ба дасти сардори шуъбаи милитсия завлона зад
Бахтиёр Қаландаров, сардори шуъбаи милитсияи деҳоти Зиракии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб, ҳангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани 3400 сомонӣ ба сифати пора дастгир гардид.
Боздошти сардори шуъбаи милитсия дар дафтари кориаш сурат гирифта, маблағи нишондодашуда аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтиёр Қаландаров аз  шаҳрванд «А» барои нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ 4000 сомонӣ талаб намуда, қаблан 600 сомониашро гирифтааст.
Нисбат ба ин амал бо аломатҳои моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ронандаи фирорӣ аз ҷавобгарӣ гурехта натавонист
Кормандони мақомоти милитсия дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи фирориеро, ки сабаби марги пиёдагарди 42-сола шудааст, дастгир намуданд.
Тибқи хабари сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, ронандае, ки аз ӯ марди 57 - сола ном бурда мешавад, рӯзи 25 июл бо нақлиёти таҳти идорааш ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зарзамин-Исфисори ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардро пахш намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҳоло вобаста ба ин ҳодиса тафтишот давом дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2017    №: 162    Мутолиа карданд: 983
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед