logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Пас аз анҷоми маъракаи интихобот дар нахустин ҷаласаи Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 марти соли 2000 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, 11 масъала мавриди баррасӣ қарор дошт. Онҳо асосан масъалаҳои ташкилӣ ва сохтори нахустин парламенти касбии ҷумҳуриро дар бар мегирифтанд. Интихоби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои муҳим ва асосӣ ба шумор мерафт.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Дос-тиев аз ҷумла чунин гуфт: “Имрӯз дар байни мо ягона вакиле, ки ҳама мешиносанд ва дар ҷумҳурӣ обрӯи зиёд дорад ва ин масъулият ё бори вазнин, яъне Раисии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро бардошта метавонад, муҳтарам Хайруллоев Сайдулло Хайруллоевич мебошад”.
 Ин пешниҳодро вакилон якдилона ҷонибдорӣ намуданд ва ӯ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд...
Одатан ҳар касе оғози кори худро бо самимият, иродаи қавӣ сар кунад, фаъолияти минбаъдааш ҳамон тавр ҷараён мегирад.
Давраи роҳбарӣ дар парлумони касбӣ Сайдулло Хайруллоев обрӯю эътибори бештар ёфт, ки маҳсули андеша ва таҷрибаи тӯлонӣ дар фаъолияти бисёрҷабҳааш мебошад. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Шавкат Исмоилов ба усули корбарии ӯ чунин баҳо медиҳад: “Ман ба маҳорати роҳбарӣ, кордонӣ ва одамшиносии ин марди шариф қоилам. Кори саҳл нест роҳбарӣ ба парламенти касбӣ. Ӯ тавонист, баъди таъсиси нахустин Маҷлиси намояндагон ба ин мақоми олии қонунгузорӣ ва намояндагӣ сарварӣ карда, бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақона ҳамкорӣ намоянд. Ҳарчанд ки Тоҷикистон чунин таҷрибаро надошт”.
Сайдулло Хайруллоев панҷ даъват вакили парлумон ва дар ду даъват, яъне даҳ сол Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Ҳамчун хабарнигори парлумонӣ дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум (16 марти соли 2010) иштирок доштам. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа вобаста ба поён ёфтани ваколати вакилии ин чеҳраи сиёсӣ саҳм ва хизматҳои шоистаашро қадрдонӣ намуда, чунин таъкид доштанд: “Бо дарназардошти хизматҳои тӯлонии Сайдулло Хайруллоев ва бо истифода аз ваколати конститутсионии худ ман тасмим гирифтам, ки аз ҳисоби Квотаи президентӣ ӯро ба ҳайси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намоям (“Ҷумҳурият”, 18 марти соли 2010).
Ҳамин тавр, ӯ 23 апрели соли 2010 дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Комиссияи Маҷлиси миллӣ оид ба назорати Дастур интихоб мегардад. Дар ин ҷо низ таҷрибаю малакаашро баҳри пешрафти мақомоти қонунгузор истифода бурд.
Сайдулло Хайруллоев 11 ноябри соли 2010 дар конференсияи Х ҳисоботию интихоботии раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ тариқи овоздиҳии кушод раиси раёсат интихоб шуд, ки то имрӯз дар ин вазифа фаъолият дорад. 
Хизматҳои шоёнаш бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, орденҳои «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи I, «Содружество»-и Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, «Шараф», «Нишони Фахрӣ», «Байрақи Сурхи Меҳнат», медали «20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали тиллои «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризояти Федератсияи Русия, медали тиллоии «Сулҳ»-и байнипарлумонии ИДМ, медали ҷашнии «10–солагии Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон» ва дигар мукофоту ифтихорномаҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст.
Аъзам МӮСОЕВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2017    №: 162    Мутолиа карданд: 119

21.08.2017


Ассотсиатсияи нархгузорӣ таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Полиси Барселона гумонбари асосии амали террористиро ҷустуҷӯ дорад

Русия дар кори расондани ёрии башарӣ аз ҷумлаи пешсафони дунёст

Қирғизистон метавонад худро бо шакар таъмин созад

Инқилоби гази тахтасангӣ дар Чин

ИМА баъди торумори «ДИ» дар Сурия монданӣ нест

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед