logo

иҷтимоиёт

ЯРМАРКА БАРОИ МАКТАБИЁН

Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе» бо мақсади  таъмини хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ  ярмаркаи фурӯши либосҳо ва ашёи мактабӣ таҳти унвони «Интихоби ман - маҳсулоти ватанӣ»  доир гардид. Зимни ифтитоҳи ярмарка роҳбарони корхонаҳои дӯзандагии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва намояндагони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки соли 2016 истеҳсоли либос густариш ёфта, аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии кишвар 1 миллиону 7 ҳазор либоси  мактабӣ истеҳсол карда шудааст.
Намоиш - фурӯши либосҳои мактабӣ аз он гувоҳӣ дод, ки   сифати либосҳои мактабии корхонаҳои ватанӣ ба талабот ҷавобгӯ буда, нархи дастрас доранд. Намунаи либосҳои мактабии истеҳсолнамудаи  ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» бештар писанди иштирокдорон ва харидорон гардид. Ин корхона  дар самти коркарди нахи пахта фаъолияти назаррас дошта, иқтидори солонаи истеҳсолии он зиёда аз 25 миллион метри мураббаъ матоъҳои пахтагӣ ва омехтаро ташкил медиҳад. Ин имконият медиҳад, ки корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ бо матоъ таъмин бошанд. Иқтидори солонаи истеҳсолии «Гулистони Душанбе» барои таъмини либоси ягонаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе кифоят мекунад.
Истеҳсоли либосҳои мактабӣ ва бачагона яке аз бахшҳои муҳими саноати сабуки кишвар ба ҳисоб рафта, рушди минбаъдаи он метавонад барои таъсиси садҳо ҷойи нави кор, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ва ғанӣ гардондани буҷети ҷумҳурӣ таъсири мусбат расонад.
Р. КАРИМОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2017    №: 162    Мутолиа карданд: 117

21.08.2017


Ассотсиатсияи нархгузорӣ таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Полиси Барселона гумонбари асосии амали террористиро ҷустуҷӯ дорад

Русия дар кори расондани ёрии башарӣ аз ҷумлаи пешсафони дунёст

Қирғизистон метавонад худро бо шакар таъмин созад

Инқилоби гази тахтасангӣ дар Чин

ИМА баъди торумори «ДИ» дар Сурия монданӣ нест

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед