logo

иҷтимоиёт

КӮЛОБ. ТАЪСИСИ 756 ҶОЙИ НАВИ КОР ДАР ШАШ МОҲ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ роҳбарони вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул чораҷӯӣ намоянд.
Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар шаҳри Кӯлоб барои бо кор таъмин намудани шахсони бешуғл чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Тибқи маълумот дар шаш моҳи соли равон дар шаҳр 756 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Дар ин давра ба 450 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуда, 220 нафар ба касбомӯзӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ, кафшергарӣ, муҳосибӣ,  бофандагӣ, атласу адрасбофӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, омӯзиши компютер фаро гирифта шуд. 
Аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба мо хабар доданд, ки аз ин шумора 117 нафар бо кор ва корҳои хонагӣ таъмин гардид. Дар баробари ин, 430 нафар ба тариқи худмаблағгузорӣ касбҳои гуногунро аз худ намуда, соҳиби шаҳодатномаи касбӣ гашт. Ҳамзамон, 513 нафар бо ҷойи кор, 38 нафар ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квота) таъмин шуда, 70 нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб гардид.
Дар нимсолаи аввали соли равон шаш ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронда шуда, ба корҷӯён 413 ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид, ки 46 нафар ба кор ва 30 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифт. Ин дар ҳолест, ки тибқи нақша давоми соли ҷорӣ дар шаҳр бояд 3563  ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.
Л. ШАРИФ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2017    №: 162    Мутолиа карданд: 169

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед