logo

иҷтимоиёт

"ЧАШМА" ДАР ҶӮШ АСТ

Маросими кушодашавии мавсими нави истироҳатгоҳи «Чашма» дар деҳаи Зароби ноҳияи Деваштич ботантана гузашт.
Дар натиҷаи фаъолияти чандинсола истироҳатгоҳ таъмирталаб гардида буд. Масъулони соҳа, бинокорони хайрхоҳ ва шахсони саховатпеша барои ободии ин маскани истироҳатӣ хизмати нек карданд ва дар як муддати кӯтоҳ «Чашма» ба макони ободу зебо табдил ёфт. Таҷҳизоти зарурӣ насб шуда, ошхона ва ҳавзи шиноварӣ пурра бозсозӣ гардид.
Раиси ноҳия ба фаъолон ва шахсони саховатпеша, аз ҷумла раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи Зароб Н. Сайдулло, имом - хатиби деҳаи Истиқлол Э. Алиқул, раиси хоҷагии деҳқонии «Манғит» Ш. Абдумавлон ва соҳибкорон А. Ғайрат ва М. Ҷамшед, ки хеле хуб фаъолият намуда, дар корҳои таъмиру тармими истироҳатгоҳ саҳми муносиб гузоштанд, аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия миннатдорӣ баён карда, бо ифтихорномаҳо қадршиносӣ намуд.
Бояд қайд кард, ки то ин дам дар назди 56 муассисаи таълимӣ 102 гурӯҳи истироҳатии рӯзонаи солимгардонӣ амал намуд. Инчунин, дар назди 11 муассисаи таълимӣ барои 480 нафар хонандагон майдончаҳои солимгардонии наздимактабӣ, дар 17 таълимгоҳ бо фарогирии 700 нафар хонанда гурӯҳҳои ёрирасон, дар 12 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 300 нафар хонанда гурӯҳҳои ҷангалпарварӣ ва 34 муассисаи таълимӣ бо ҷалби 700 нафар хонанда гурӯҳҳои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ташкил карда шуданд.
Фароҳам овардани чунин шароит барои кӯдакону наврасон аз як тараф агар ба самаранок гузаштани таътили онҳо мусоидат намояд, аз тарафи дигар барои омӯхтану шинохтани навъҳои гиёҳҳои шифобахш, ҳифзи муҳити зист, шиноварӣ ва дигар намудҳои варзиш ёрӣ мерасонад.
- Оғози мавсими истироҳат ба иди ҳақиқии кӯдакону наврасон табдил ёфт. Дар ин чорабинӣ гулғунчаҳои санъат, ки имрӯз дар «Чашма» истироҳат менамоянд, бо барномаҳои фарҳангиву эҷодии масъулони бахши фарҳанги ноҳия омезиш ёфта, табъи ҳозиронро болида сохт, - изҳор дошт роҳбари истироҳатгоҳ Насиба Атавуллоева.
Истироҳатгоҳи «Чашма» маскани кашфи истеъдодҳо мебошад. Чанде пеш бо ибтикори бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич вохӯрии шоирону нависандагони ноҳия бо кӯдакону наврасон доир гардид. Аз шеъру сурудхонии кӯдакону наврасон пай бурдан мумкин буд, ки «Чашма» - чашмаи илҳоми кӯдаконро ба ҷӯш овардааст.
Озода НАБИЕВА,
ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2017    №: 163    Мутолиа карданд: 184

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед