logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОБОД. ИСТИҚБОЛ АЗ ДАСТОВАРДҲО ВА ХУШБИНӢ БА ДУРНАМОИ ҚОНУН

Ба манзури шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ва доираи васеи мардуми касбу кори гуногун ҳамоиш баргузор гардид.
Дар мулоқот, ҳамчунин, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода иштирок ва дар суҳбат бо сокинон моҳият ва муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба 10-солагии қабули ин қонуни миллӣ шарҳу тавзеҳ доданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш дар фазои озоду ошкоро дастовардҳои ин санади муҳим дар рифоҳи зиндагии мардумро ёдовар шуда, ба таклифу пешниҳодҳои ҳамдигар оид ба боз ҳам такмил додани қонун таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Зикр шуд, ки ҳарчанд ҳадаф аз қабули қонун коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва баланд бардоштани шароити моддию маишии шаҳрвандон мебошад, аммо, мутаассифона, ҳанӯз ҳам зимни баргузории маросимҳо ҳолатҳои исрофкорӣ ва харҷҳои барзиёд мушоҳида мегардад. Зимни суханрониҳо зарурати пешгирии омилҳои номатлубу зараровар ва баръакс пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ таъкид гардид. Масъулини сохторҳои марбута вазифадор шуданд, ки корҳои ташвиқотӣ ва назоратиро дар маҳалҳо беҳтар ба роҳ монда, сокинонро ба риояи пурраи қонун водор созанд.
Суҳроб Ваҳҳобов, сокини ноҳияи Тоҷикобод, ки дар ин вохӯрӣ иштирок дошт, дар суҳбат бо мо изҳор намуд: «Хароҷоти миёншикане, ки пештар дар ин минтақа ҷорӣ буд ва на ҳар кас тавони бардошти онро  дошт, баъзан боиси муфлисӣ ва касодии оилаҳо мегашт. Аз ҷиҳати дигар, по ба пойи дигарон дароз кардану иҷрои амалҳои зиёдатӣ дар тӯю маъракаҳо муд шуда буд, ки баъзе оилаҳо пас аз маърака ба қарз меғӯтиданд.  Рӯ овардани навхонадорон ба муҳоҷирати меҳнатӣ пас аз ду ё се моҳи хонадорӣ ҳамон қарзҳо ва хароҷоти бемаврид буд, ки ҳамакнун ба шарофати қонуни мавриди назар марҳила ба марҳила кам шуда, ба як низоми муайян даромад.  Мардуми ноҳияи Тоҷикобод моҳияти қонуни мазкурро хеле хуб дарк намуда, муқаррароти онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд».
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2017    №: 163    Мутолиа карданд: 200

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед