logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. ДӮСТӢ РЕШАҲОИ ҚАДИМӢ ДОРАД

Имрӯз, хушбахтона, Тоҷикистонро ҷаҳон мешиносад. Маҳсулоти Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои гуногун ба намоиш гузошта мешавад ва дар навбати худ Душанбе барои гузарондани намоиши маҳсулоти истеҳсоли кишварҳои дигар имкон фароҳам меоварад. Дар Душанбе баргузор шудани чунин намоишҳо навигарӣ нест. Дар солҳои истиқлолият борҳо маҳсулоти истеҳсоли кишварҳои узви ИДМ, Ҳиндустон, Покистон, Чин, Афғонистон, Аврупою мамолики Араб ва Осиёи Ҷанубӣ дар Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.
Намоиши молу маҳсулоти саноатии кишвари ҳамсояи ба мо дӯст - Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 17-20 апрели соли равон дар пойтахти Ватани азизамон баргузор гардид, таассуроти хуб боқӣ гузошт. Ин тадбир ба зиёд шудани мубодилаи молу маҳсулот, барқарор намудан ва рушд бахшидани муносибатҳои дарозмуддат ва манфиатбахши муштарак, зиёд шудани харидуфурӯш, боз ҳам васеътар гардидани ҳамкории доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат менамояд. Миёни ширкатҳои гуногуни Тоҷикистону Ӯзбекистон тайи ду – се рӯз бобати интиқоли содироти сементи тоҷик, мошинҳои сабукрав ва ғайра наздики 20 шартнома ба имзо расид.
Дӯстӣ миёни ин ду халқ воқеан, аз замонҳои хеле қадим сарчашма мегирад. Тоҷикону ӯзбекҳо садҳо сол дар як минтақа зиста, ба ҳам дӯсту бародар, қудо, хешутабор шудаанд. Мустаҳкамии ин дӯстӣ давоми асрҳо аз санҷиш гузаштааст.
Сиёсати хирадмандонаи «дарҳои кушода» - и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси рушду шукуфоии Тоҷикистон ва ба мо дӯст шудани мамлакатҳои дунё шудааст. Самараи ҳамин сиёсати ваҳдатофар аст, ки Тоҷикистон ҳоло бо тамоми кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ӯзбекистон, робитаҳои хуби тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ,  ҳамҷаворӣ ва накуҳамсоягӣ дорад ва  густариш ёфтани ин муносибатҳо ба манфиати мардуми ҳар ду ҷумҳурӣ аст.
Ёқубҷон АБДУМАННОНЗОДА,
сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2017    №: 163    Мутолиа карданд: 367

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед