logo

иқтисод

ҚОЛИНБОФӢ. СУРЪАТИ РУШД - 200 ДАРСАД

Қолинбофӣ қисми таркибии соҳаи саноати сабук ба ҳисоб рафта, солҳои охир марҳила ба марҳила рушд менамояд. Агар соли 2010 ҳаҷми истеҳсоли қолинҳо ва маснуоти қолинӣ 558 ҳазор метри мураббаъро ташкил карда бошад, пас ин нишондод дар соли 2016 то 1 миллиону 705 ҳазор метри мураббаъ афзуд, яъне 3,5 маротиба зиёдтар.
Пас аз қабули «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2020» шумораи корхонаҳои саноатие, ки қолин истеҳсол мекунанд, ба 11 адад расид.
Давоми моҳҳои январ - июни соли равон аз ҷониби корхонаҳои соҳаи қолинбарорӣ 1254 ҳазор метри мураббаъ қолин ва маснуоти қолинӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 610 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад. Суръати афзоиш наздики 200 дарсадро ташкил дод. Чунин болоравии истеҳсолӣ барои соҳа бесобиқа аст. Барои баланд бардоштани сифат, паст намудани арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшаванда (қолин ва маҳсулоти қолинӣ) ва рақобатпазирӣ дар бозори истеъмолӣ дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» дастгоҳу таҷҳизоти муосири насли нав васл карда шудаанд. Дар нимсолаи аввали соли равон дар корхонаи мазкур 892 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти қолинӣ истеҳсол шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 250 ҳазор метри мураббаъ зиёд буда, суръати афзоиш 140 дарсадро ташкил медиҳад.
ҶДММ «Тоҷ - Фейза» - и ноҳияи Рӯдакӣ бо ширкати туркӣ барои ворид намудани дастгоҳҳои муосири бофандагӣ ба маблағи 170 ҳазор доллари ИМА шартнома ба имзо расонда, онҳоро васлу насб намудааст. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхонаи мазкур зиёда аз 500 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар ҳолати пурра ба истифода додани он то 200 сокини маҳаллӣ бо ҷойи нави корӣ таъмин хоҳад шуд. Дар ин муддат аз ҷониби корхонаи мазкур 219 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти қолинӣ истеҳсол шудааст. Инчунин, ҶДММ «Мавлонои Румӣ» - и ноҳия низ 3 таҷҳизоти олисифати қолинбофии ширкати «Ван - де - Вил» - и Белгияро харида васлу насб намуд. Бо пурра ба кор даромадани иқтидорҳои истеҳсолӣ дар корхонаи мазкур зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи нави корӣ таъмин мегардад. Дар муддати шаш моҳ аз ҷониби корхонаи мазкур 255 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти қолинӣ истеҳсол шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди қолинбофӣ пайваста тадбирҳои судманд роҳандозӣ менамояд. Аз 15 то 30 дарсад баланд бардоштани маблағи боҷҳои гумрукӣ барои маҳсулоти тайёри қолинии воридотӣ ва арзон кардани  боҷҳои гумрукии воридоти ашёи хом барои истеҳсоли қолинҳо бо мақсади дастгирии истеҳсолгарони ватанӣ ба афзоиши бесобиқаи истеҳсолӣ мусоидат кард. Ҳоло ба масъулони вазорату идора, ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ, инчунин, дигар барномаю лоиҳаҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, тавсия шудааст, ки барои эҳтиёҷоташон маҳсулоти соҳибкорони ватаниро харидорӣ намоянд.
Бо ҳамин мақсад - дастгирии истеҳсолгарони маҳаллӣ ва тарғибу ташвиқи маҳсулоти ватанӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар намоишҳои маҳсулоти қолинӣ доир мешаванд. Аз ҷумла, соли равон дар боғи Ирами шаҳри Душанбе, Боғи фарҳангии шаҳри Кӯлоб ва назди Театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа намоишҳо доир гардиданд, ки дар онҳо зиёда аз 25 ҳазор метри мураббаъ қолин бо нархҳои  назар ба бозор аз 25 то 30 дарсад арзон ба фурӯш рафт.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.08.2017    №: 165    Мутолиа карданд: 319

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед