logo

иқтисод

ДЕВАШТИЧ. АФЗАЛИЯТ БА КИШОВАРЗӢ

Кишоварзони ноҳияи Деваштич нимсолаи аввали соли равонро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Рустам Ҷӯразода, раиси ноҳия, дар ин бора чунин гуфт:

- Дар ноҳияи мо, ки минтақаи аграрист, ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Баҳорон дар 30757,6 гектар зироат, аз ҷумла ғалла, картошка ва сабзавот коштем. Майдони кишти картошка ва сабзавот назар ба соли пешин зиёд аст. Ҳосили ғалла ва полизӣ ҷамъоварӣ гардида, нашъунамои дигар зироатҳо хуб мебошад.
Иҷрои нақшаи воридоти андозҳои маҳаллӣ ба андозаи 101,6 дарсад таъмин карда шуд. 73,4 дарсади хароҷоти умумӣ барои пардохти музди меҳнат равона гардид. Барои сари вақт пардохтани нафақа ва ёрдампулиҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуданд.
Фаъолияти соҳибкорӣ вусъат ёфтааст. 886 соҳибкор бо патент фаъолият дорад. Ҳоло теъдоди шахсони ҳуқуқӣ ба 465, хоҷагии кишоварзии бо шаҳодатнома фаъолиятдошта 1961 расида, дар маҷмӯъ 4198 нафар ба соҳибкорӣ машғул аст.
Давоми нимсола барои 120 эҳтиёҷманд аз ҷамоатҳои деҳоти Ваҳдат, Яхтан ва шаҳраки навбунёди Баҳористон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. Тақсимоти замин барои 105 эҳтиёҷманд дар деҳаи Нурободи Ҷамоати деҳоти Муҷун идома дорад.
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмону таъмир дар иншооти муҳим - хати обгузари Даҳкатсой – Даҳанасой вусъат ёфтаанд.
Қисмати роҳи Ғончӣ – Муҷун - Калининобод асфалтпӯш гардида, пули Бешкалсой таъмир шуда истодааст. Тадбирҳои ободонию бундёкорӣ дар ҳамаи деҳаҳо ба назар расида, биноҳои таъйиноти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ, фарҳангӣ ва хонаҳои истиқоматии хушсохт бунёд ёфта истодаанд, ки аз шароити хуби зисту зиндагонии сокинон дарак медиҳад.
Усмонҷон ИКРОМОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.08.2017    №: 165    Мутолиа карданд: 280

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед