logo

фарҳанг

БЕКОРШАВИИ АҚДИ НИКОҲ МЕАФЗОЯД, ЧАРО?

Асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба монанди шаҳодатномаҳои таваллуд, вафот, ба қайд гирифтани ақди никоҳи давлатӣ ва бекор кардани он, инчунин, фарзандхондӣ дар бахши сабти чунин аснод ба қайд  гирифта шуда, ба шаҳрвандон вобаста ба он ҳуҷҷатӣ зарурӣ дода мешавад.
Бино ба иттилои Мавлуда Раҷабзода, мудири бахши сабти ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар тӯли 6 моҳи соли равон дар ноҳия 558 ақди никоҳи давлатӣ ба қайд гирифта шуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аст.
Яке аз масъалаҳои доғи рӯз дар ҷомеа пош хӯрдани оилаҳо мебошад. Ба иттилои М. Раҷабзода имсол бо қарори суди ноҳия ва бо хоҳиши худ 51 ҳолати бекор кардани ақди никоҳи давлатӣ  ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳолат зиёд мебошад. Паси ин рақам тақдири инсонҳое истодааст, ки дар чорроҳаи зиндагӣ сарсон мондаанд. Дар натиҷаи бекор шудани ин миқдор ақди никоҳ 40 кӯдак бе сарпараст монда, зиёни равонӣ бардоштанд. Зиндаятимӣ  ба ҳолати рӯҳию маънавӣ ва ҳам дар шакл гирифтани мафкураи ҷаҳонбинии минбаъдаи насли наврас таъсири бад хоҳад расонд. 
Аз ин рӯ, САҲШ дар асоси нақша якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба пешгирии ҷудошавии оилаҳо доир ба таъсири бади ҷудоии падару модар ба фарзанди ноболиғ суҳбату вохӯриҳо гузаронд. Дар чунин ҳамоишҳо бештар равоншиносон, омӯзгорон ва пирони муътабар ширкат варзида, ба ҷавонон панд доданд ва аз ҳаёти ашхоси барӯманду оилаҳои саодатманд мисолҳо оварданд.
Сабабҳои пош хӯрдани бисёре аз оилаҳои ҷавонро Мавлуда Раҷабзода дар омода набудани ҷавонон, махсусан писарон ба зиндагии мустақилона, баҳудаву беҳуда ба ҳаёти оилавии онҳо дахолат намудани падару модарон меҳисобад. Паст будани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, истеъмоли машруботи спиртӣ аз ҷониби баъзе ҷавонписаронро низ аз сабабҳои асосии он медонад.
Ҷойи таъкид аст, ки муоинаи тиббӣ тибқи қонунгузории ҷорӣ барои навхонадорон ройгон мебошад. Мудири бахши таҳлилии беморхонаи марказии ноҳия Фазлиддин Саидов перомуни ин мавзӯъ гуфт, ки ба ҳар нафаре, ки барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи САҲШ ба назди мо меояд, ройгон хизмат мерасонем. Ба арӯсу домодҳои оянда барои ташхис аз ҷониби беморхонаҳо имтиёзҳои зиёд дода шудаанд. Баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ ҳар шаҳрвандро мебояд пеш аз қадам ниҳодан ба ҳаёти мустақилона ба умқи ҳар масъала воқеъбинона назар намояд, - гуфт дар интиҳои суҳбат Мавлуда Раҷабзода.
Қурбон АҲМАДЗОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.08.2017    №: 166    Мутолиа карданд: 185

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед