logo

Хабарҳо

Варзиш

Бори ҳаштум Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис баргузор мегардад
Бино ба иттилои Федератсияи тенниси кишвар аз 23 то 27 августи соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ба он варзишгарони наврас аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Украина, Афғонистон, Озарбойҷон, Туркия, Муғулистон ва Покистон даъват гардидаанд.
Зӯрозмоии мазкур бори ҳаштум дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат хоҳад гирифт.
Қобили зикр аст, ки теннисбозони навраси кишвар дар мусобиқоти гузашта маҳорати хуб нишон дода, шаш маротиба ҷоми мазкурро ба даст овардаанд.

Ширкати дзюдогарони навраси кишвар дар чемпионати ҷаҳон
Дар Чили аз 9 то 13 августи соли равон чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон сурат мегирад ва тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо дар он аз 68 кишвар 441 варзишгар (духтарону писарон) ширкат меварзанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро панҷ варзишгар – Қурбоналӣ Бозоров, Разиаллоҳ Лоиқов, Ҷамолиддин Абдуллоев, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Эмомризо Қурбонов дар вазнҳои аз 60 то 90 килограмм муаррифӣ менамоянд.
Бояд гуфт, ки чанде қабл дар шаҳри Бишкек Разиаллоҳ Лоиқов ва Ҷаҳонгир Маҷидов ба дарёфти унвони чемпионии Осиё мушарраф гаштанд.

Пирӯзӣ дар дидори дувум
Дастаи миллии футзали Тоҷикистон омодагии худро ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё - 2018 таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев оғоз намуд.
Футзалбозони кишвар дар дидори навбатӣ дар маҷмааи варзишии «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон дар ҳузури беш аз ҳазор тамошобин бо мунтахаби Ӯзбекистон, барандаи медалҳои нуқраи чемпионати қаблии Осиё зӯр озмуда, бо натиҷаи 5:3 дастболо гардиданд. Бозии аввалро дар ҳамин ҷо мунтахаби мо бар ҳариф бо ҳисоби 4:5 вогузор намуда буд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои интихобии гурӯҳи «В», ки дар он дастаҳои миллии Эрон (қаҳрамони чандинкаратаи Осиё), Афғонистон ва Тоҷикистон шомиланд, моҳи октябр дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон доир мегарданд.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 123

21.08.2017


Ассотсиатсияи нархгузорӣ таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Полиси Барселона гумонбари асосии амали террористиро ҷустуҷӯ дорад

Русия дар кори расондани ёрии башарӣ аз ҷумлаи пешсафони дунёст

Қирғизистон метавонад худро бо шакар таъмин созад

Инқилоби гази тахтасангӣ дар Чин

ИМА баъди торумори «ДИ» дар Сурия монданӣ нест

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед